Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занони тоҷик раҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда мегиранд


Бар асоси иттилои тозаи Оҷонсии омори Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар кишвар 14 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон раҳбарӣ мекардаанл, ки дар муқоиса ба шаш соли пеш "андаке зиёдтар будааст".

Дар Тоҷикистон, ки тибқи маълум мардҳо бештар соҳиби замину моликият ҳастанд ва бисёре аз муассисаҳои кишоварзиро дар даст доранд, теъдоди занони раҳбар дар хоҷагиҳои кишоварзӣ назар ба 6 соли пеш андаке зиёд шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол пеш бо эътирофи нобаробарии занону мардон дар дастрасӣ ба замин, ки "ноновари" асосии бисёре аз сокинони рустоҳои кишвар аст, барномаеро барои беҳтар кардани дастрасии занон ба замин қабул кард. Ҳоло Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, аз тақрибан 110 ҳазор хоҷагии деҳқорӣ, раҳбарии 14 ҳазори онро занон бар уҳда гирифтаанд. Худи занон ин рақамро ночиз мешуморанд ва мегӯянд, онҳо низ бояд ба замин, ки як сарвати миллии Тоҷикистон аст, мисли мардон дастрасии баробар дошта бошанд.

Дар Тоҷикистон кори саҳроро асосан занҳо анҷом медиҳанд, аммо ба далели мушкили зиёд шумораи ками онҳо тавонистаанд роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро бар ӯҳда дошта бошанд, ё хоҷагии деҳқонӣ ташкил кунанд.

Шамъигул Розиқова ҳудуди панҷ сол боз хоҷагии деҳқонӣ дорад ва дар он ҷо ба ҳайси раҳбар кор мекунад. Вай 23 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз ташкили хоҷагии деҳқонӣ солҳои зиёд ба ҳайси "бригадир" фаъолият доштааст.

Розиқова 4 ҳектор замин дорад, ки маъмулан пахта кишт мекунад. Дар 60 сотихи замини паҳлӯи пахта, инчунин, помидору қаланфур ва ҷуворимакка парвариш карда, ба бозори маҳаллӣ мебарорад. Ба ғайр аз писаронаш дигар ҳама коргарони хоҷагии деҳқонии Шамъигул занҳои ҳамсояаш мебошанд.

Вале хоҷагии Шамъигул аз техникаи муосири кишту кор маҳрум аст ва коргаронаш маҷбуранд ҳама корро дастӣ анҷом диҳанд. "Барои он хоҷагиҳое, ки 4 ё 5 ҳектор замин доранд, техника харидорӣ кардан хеле душвор аст. Ҳамин қадар кор мекунем, ки зиндагиямонро пеш мебарем. Аз об ҳам гоҳе танқисӣ мекашем. Андоз ҳам гаронӣ мекунад, аммо баробари дигарон пардохт мекунем," -- афзуд ӯ.

Заноне, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд, мегӯянд, яке аз сабабҳои кам будани шумораи занҳои фермер, зиёд будани мушкил дар соҳаи кишоварзист. Андозбандии гарон, арзиши баланди техникаву нархи хизматрасонӣ барои об ва баланд будани фоизҳои қарзӣ аз бонкҳо боис шудааст, то занон аз ташкили хоҷагии деҳқонӣ даст бикашанд. Аз сӯи дигар ҳукуматҳои ноҳия низ ба онҳо бо ин гуфта, ки “аз дасташон чизе намеояд”, замин намедиҳанд.

Аммо Надежда Сайфуллоева, раҳбари як хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Файзобод, баръакси ин гуфтаро собит кардааст. Ӯ аз заминҳояш ҳосили зиёд мегирад ва соли гузашта барои шомил кардани қаланфури парвардааш ба китоби рекордҳои Гиннес ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ муроҷиат кард. Ба қавли Сайфуллоева, барои занон фақат додани унвони раиси хоҷагӣ кофӣ нест, "зеро ҳоло дар арсаи кишоварзӣ ҳазорон мушкил вуҷуд дорад, ки мардон ҳам аз уҳдаи рафъи он намебароянд."

Сайфуллоева мегӯяд, “дар умум ҳама кори саҳроро қариб занҳо анҷом медиҳанд. Аммо ҳам ҳуҷҷатгузориву ҳам кори саҳро ва ҳам корӣ хона барои як зан душвор аст. Мардҳо вақте роҳбарии хоҷагии деҳқониро бар ӯҳда гирифтанд, маъмулан аз паси ҳалли мушкили кори хоҷагӣ мешаванд. Занҳо дар баробари ин боз бояд ба тарбияи фарзанду кори рӯзгор банд бошанд. Бинобар ин на ҳамеша занон ин ҳамаро метавонанд бардошт кунанд."

Надежда Сайфуллоева ҳоло барои соҳиби грант шудан аз Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон умедвор аст ва мехоҳад, бо ёрие, ки мегирад, дар доманаи куҳ як гармхона бунёд кунад.

Оҷонси омори Тоҷикистон, ки як маҷмӯаи 122-саҳифаӣ дар бораи баробарии зану мард дар хоҷагиҳои кишоварзиро нашр кардааст, мегӯяд, дар шароити кунунӣ дар кишвар нисбат ба занон на танҳо дар дастрасӣ ба замин, балки дар дигар соҳаҳо низ "ноадолатӣ" дида мешавад. Аз ҷумла, бар асоси иттилои Оҷонсии омор, занон музди камтар мегиранд, назар ба мардон моликияти кам доранд ва ба маҳдудиятҳои дигар рӯ ба рӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG