Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нилуфар, Парвина, Сайёра... Поёни "Авто-Бону" ва тавсифи генерал


Генерал Саидзода ҳангоми супоридани ҷоизаҳо

Генерал Саидзода ҳангоми супоридани ҷоизаҳо

Генерал Маҳмадсаид Саидзода ҳангоми суханронӣ дар озмуни "Авто-Бону" аз ронандагии занон тавсиф кард ва гуфт, онҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳ дар муқоиса ба мардон хеле эҳтиёткоранд.

Маҳмадсаид Саидзода, раиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, аз ронандагии занон дар кишвар тавсиф карда ва гуфт, "ҳангоми ҳаракат дар роҳ онҳо нисбат ба мардон боэҳтиёттаранд". Ин генерали тоҷик, ки рӯзи 13 март дар озмуни "Авто-Бону" дар Душанбе суҳбат мекард, афзуд, эҳтиёткории занон имкон медиҳад, то аз садамаҳои бештар дар роҳҳо ҷилавгирӣ шавад.

Озмуни нахустини "Авто-Бону", ба қавли мақомот, дар робита ба соли 2015 эълон шудани "Соли оила" баргузор шуда, дар он 24 нафар довталабона иштирок кардаанд. Инчунин, ҳадаф аз баргузории ин озмун "ҷалби таваҷҷӯҳи сокинон ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ" гуфта мешавад.

Дар ин озмун ба намуди зоҳирии мошинҳо, зебу зиннат ва муаррифии ронандагон баҳо гузошта шуда, иштирокдорон аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ёрии аввалини тиббӣ низ имтиҳон супоридаанд.

Ҷойи аввалро бо 50 хол Нилуфар Кабирова – омӯзгори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия соҳиб гардида, ба маблағи 3000 сомонӣ мукофоти пулӣ низ гирифтааст. Ҷойҳои дувуму сеюмро Парвина Исамова ва Сайёра Каримова ишғол кардаанд.

Ҳамин тавр, дар ҳоле ки бисёре аз сокинон маъмурони пулиси роҳ ё кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро барои баҳудаю беҳуда манъ кардани онҳо ва ҷарима бастанашон айбдор мекунанд, масъулони ин ниҳод мегӯянд, ба гуруҳи бонувоне, ки қоидаи роҳро сад дарсад риоя карданд, ҳазорҳо сомонӣ тақдим намудаанд.

XS
SM
MD
LG