Пайвандҳои дастрасӣ

Занон мехоҳанд, дар интихобот худашон раъй диҳанд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Фаъолони зан дар Тоҷикистон мегӯянд, занон дар интихобот бояд шахсан ширкат кунанд ва нагузоранд, ки ба ҷойи онҳо каси дигар раъй диҳад.

Бо назардошти он ки ширкати занон дар интихобот маҳдуд буда, ба ҷойи онҳо умдатан шавҳарон, падарон ва ё бародарон раъй медиҳанд, намояндагони ҷомеаи маданӣ мегӯянд, бояд ин одат аз байн бурда шавад. Бино бар Қонуни асосии Тоҷикистон ҳар шаҳрванд, қатъи назар аз ҷинсаш ҳақ дорад дар интихобот ширкат кунад ва интихоб кардану интихоб шудан аз ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба шумор меравад.

Раҳбари ташкилоти «Оштии миллӣ» Ҳуриниссо Ғаффорова дар ҳамоиши ахири Иттиҳоди Нерӯҳои Истилоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки ба интихоботи президентии моҳи ноябр бахшида шудааст, гуфт, ширкати занҳо дар интихоботи навбатӣ ҳатмӣ аст. Зеро ба таъкиди хонум Ғаффорова аз сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани бештари мардон бахши зиёди райъдиҳандагон занҳо мебошад: «Таомул ва қонунҳои нонавиштае ҳастанд, ки занро аз хона берун баромадан намегузоранд. Ё хусур сардораш аст ё хушдоман. Зеро шавҳарон аксаран дар муҳоҷиратанд ва келин ё духтар наметавонад дар интихобот ширкат варзад. Вале мо занҳои фаъол вазифадор ҳастем аз ҳуқуқҳои онҳо дифоъ кунем то райъашон ба воқеият расад».

Иттифоқан, нозирони байнулмилалӣ дар интихоботҳои гузашта гуфтаанд, ки раъй додани як нафар ба ҷойи чанд нафари дигар яке аз маъмултарин хилофкориҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон ин воқеиятро рад намекунад. Парвина Расулова, ёрдамчии раиси ин комиссия дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд тибқи Сарқонуни кишвар зану мард баробарҳуқуқ бошанд ҳам, дар деҳот зиёд ба назар мерасад, ки мардҳо ба ҷой занҳо ё дигар аъзои оила овоз медиҳанд: «Ин нишонаи он аст, ки занҳои мо маърифати пасти ҳуқуқӣ доранд. Бонувон аз ҳуқуқҳои сиёсии худ огоҳ нестанд.»

Худи занон дар ин масъала чӣ назар доранд?

Нигина Пирумқулова, сокини ноҳияи Восеъ, иқрор мекунад, ки воқеан дар интихоботҳои гузашта аз номи ӯ хусураш варқаҳаои раъйдиҳиро ба сандуқ андоха буд. Вай меафзояд, ӯ ва даҳҳо зани дигар мехоҳанд, худ дар интихобот ширкат кунанд, аммо шавҳарон монеи райъдиҳии онҳо мешаванд: «Вақте интихобот мешавад, ба шавҳарам мегӯям, ки ман ҳам меравам, вале шавҳарам мегӯяд, ту овози чӣ дорӣ! Шин дар хона ва кӯдакҳоятро нигоҳ кун!»

Хонуми Пирумқулова ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар деҳаи онҳо ба ҷойи келинҳо ҳамеша нафаре аз ҷониби шавҳар райъ медиҳад. Ӯ мегӯяд ҳатто дар ҳолати набудани нафаре аз хонаводаи шавҳараш варақаи овоздиҳиро ягон нафар аз ҳамсояҳо ба қутии райъ мепартояд.

Аз суҳбат бо занон рӯшан мешавад, шумораи онҳое, ки аз раъйдиҳӣ маҳруманд, чандон кам ҳам нестанд. Анор Аҳмадова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гузашти 33 сол боре ҳам дар интихобот ширкат наварзидааст.

Ба таъкиди ӯ, агар як сабаби ширкат накарданаш дар интихобот надонистани ҳақу ҳуқуқаш бошад, сабаби дигар то ҳанӯз надоштани шиноснома аст. Аммо хонум Аҳмадова имсол талош дорад, то интихобот шиноснома гирад ва худаш райъашро ба қуттӣ партояд: «чор- панҷ нафар будем, дар хона хусур ё хушдоманам худашон рафта, ба ҷойи ҳама овоз медоданд.»

Анор Аҳмадова меафзояд, ки акнун огоҳ шудааст овоз додани шавҳараш ба ҷой ӯ дар интихобот боиси нақзи ҳуқуқи сиёсиаш мегардад. Бо вуҷуди он ки райъ додани мардҳо ба ҷойи занон ҳодисаи густарда ба шумор меравад, то ҳол оморе вуҷуд надорад, ки дар маҷмӯъ чӣ теъдод аз занон ба ин шева аз ширкат дар интихобот маҳрум мешаванд.

Парвина Расулова, ёрдамчии раиси Комиссияи марказии интихоботӣ мегӯяд, дар интихоботи оянда талош хоҳад шуд, аз чунин амал пешгирӣ шавад. Гуфта мешавад, 52 дарсади раъйдиҳандагонро дар интихоботи навбатии Тоҷикистон занон ташкил медиҳанд.

Ҳарчанд ширкат дар интихобот аз рӯйи қонун маҷбурӣ нест, набояд тасаввуре ҳосил шавад, ки занон куллан ба ҳаққи раъйи худ бепарвоянд. Нозук Бобоева, ки 47 сол дорад. мегӯяд, ҳаргиз нагузоштааст, ки касе ба ҷойм ӯ дар нитихобот овоз диҳад, вале медонад, ки баъзе аз занон ба ин ҳаққи худ эътибор намедиҳанд: «Медонам занҳоеро, ки ба ҷойи онҳо дигарон овоз медиҳанд, ки ин аз рӯй қоида нест. Ҳар як одам ҳуқуқ дорад худаш бе восита овоз диҳад. Аммо аз баски баъзе занҳо ҳуқуқҳои худро намедонанд ва ҳатто фикри шахсии худро надоранд, бинобар ин дигарҳо ба ҷой онҳо овоз медиҳанд»

Нозук Бобоева ҳамчунин таъкид кард, ки ширкат дар интихобот ба одам эҳсоси хубе медиҳад: “Зеро кас пас аз иҷрои ин қарзи шаҳрвандии худ як лаҳза ҳам бошад, худро шахси комилҳуқуқи ин кишвар ҳис мекунад ва дарк мекунад, ки назари ӯ ҳам барои мамлакат муҳим аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG