Пайвандҳои дастрасӣ

Шабнам Худойдодова, ҷонибдори "Гурӯҳи 24" дар Белорус боздошт шуд


Акси Шабнам Худойдодова аз сайти http://nadejda-atayeva.blogspot.cz/ гирифта шудааст

Акси Шабнам Худойдодова аз сайти http://nadejda-atayeva.blogspot.cz/ гирифта шудааст

Мақомоти расмии Ҷумҳурии Беларус аз боздошти як зани 29-сола, шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад.

Мақомоти расмии Ҷумҳурии Беларус аз боздошти як зани 29-сола, шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад. Ин зан ҳангоми сафар аз Русия ба Беларус дар қатори роҳи оҳан дар посгоҳи марзии Брест-Восточный боздошт шудааст. Сомонаи интернетии БЕЛТА мегӯяд, ки ходимони Гурӯҳи марзбонии Брест баъди тафтиши санадҳои ин шаҳрванди Тоҷикистон ӯро ба ихтиёри ходимони умури дохилаи вилояти Брест супурданд. Таъкид шудааст, ки санадҳои ин зан мушкиле надоштанд ва ӯ бо сабабе боздошт шудааст, ки исмаш аз сӯи Тоҷикистон ба рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи ҷиноӣ шомил будааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин зан бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Дар ҳоле, ки хабаргузори БЕЛТА аз ин зан ном набурдааст, эҳтимол меравад, ки ӯ сокини 29-солаи Кӯлоб Шабнам Худойдодова бошад. Надежда Атаева, ҳомии ҳуқуқи башар дар Фаронса Шабнам Худойдодоваро ҳамчун фаъоли «Гурӯҳи 24», як созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. 18 июн Атаева бо пахши изҳороте навишт, ки Худойдодова як ҳаводори «Гурӯҳи 24» буда, ҳукумати Тоҷикистонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекард. Надежда Атаева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шабнам Худойдодова дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекард ва дар масъалаи муҳоҷирони корӣ ва зарурати тағйироти демократӣ дар кишвараш бо имзои мустаор назар медод. «Ӯ шурӯъ аз моҳи декабри соли 2014 ба мо мегуфт, ки зери фишор буда, эҳсос мекунад, ки ӯро таъқиб мекунанд ва модару танҳо фарзанди ноболиғаш дар Кӯлоб мавриди пурсуҷӯи мақомоти тафтишотӣ қарор мегиранд», гуфт Атаева.

Ба иттилои ин ҳомии ҳуқуқи инсон, Шабнам Худойдодова бо Мақсуд Иброҳимов, яке аз раҳбарони созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар иртибот буд. Иброҳимов моҳи январи имсол аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Ҳадафи сафари Шабнам Худойдодова ба Беларус дарёфти паноҳандагии сиёсӣ аз Созмони Милали Муттаҳид будааст.

Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи он ки исми ин хонум барои матбуот ва ё фаъолони сиёсӣ шинос нест, ӯ гуфт, Ш.Худойдодова бештар зери номҳои мустаъор дар интернет назарашро пахш мекард, гоҳо дар ҳамоишҳои «Гурӯҳи 24», ки бо ширкати муҳоҷирон барпо мешуд, иштирок мекард. Ӯ баъди боздошташ дар Беларус тавонистааст хоҳарашро, ки дар Русия ба сар мебарад, аз қазия огоҳ кунад.

Дафтари СММ оид ба муҳоҷират дар Минск ба радиои Озодӣ таъйид кард, ки хабари дар қаламрави Белорус боздошт шудани шаҳрванди Тоҷикистонро дастрас кардааст. Як масъули ин созмон гуфт, ки онҳо рӯзи 19 июн аз Вазорати умури дохилаи Белорус дархост хоҳанд кард, ки барояшон иҷозат диҳанд, то бо Шабнам Худойдодова мулоқот кунанд. Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Минск мегӯяд, ки тасмим дар робита ба ин шаҳрванди Тоҷикистон танҳо баъди омӯзиши санадҳо ва қазияи ӯ гирифта мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG