Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як зан аз Тоҷикистон бо гумони оташ задани бозори Саратов (ВИДЕО)


Сӯхтор дар бозори “Сенний”-и шаҳри Саратов. 21 феврали соли 2014

Сӯхтор дар бозори “Сенний”-и шаҳри Саратов. 21 феврали соли 2014

Як зани 52-сола аз Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар сӯхтори моҳи феврали бозори “Сенний”-и шаҳри Саратови Русия дастгир шудааст.

Пулиси вилояти Саратови Русия хабар дод, ки дар Маскав як зани 52-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки 7 моҳ боз бо иттиҳоми барқасд сӯзондани бозори “Сенний” дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати умури дохилаи вилояти Саратов гуфт: “Як зани 52-солаи зодаи Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи федеролӣ қарор дошт. Рӯзи 31 октябр ба маъмурони бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси вилояти Саратов муяссар шуд, ки ӯро дастгир кунанд.”

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, ин зан дар Маскав пинҳон шуда буд. Исми ӯ нашр нашудааст, вале ин зодаи Тоҷикистон ҳоло ба “нобуд кардани моликияти бегона бо роҳи сӯзондан” айбдор мешавад. Моддаи 167-уми Кодекси ҷиноии Русия барои чунин ҷиноят то 5 сол корҳои иҷборӣ ваё ҳукми зиндонро ҳамчун ҷазо пешбинӣ мекунад.

Бозори “Сенний” дар шаҳри Саратов шоми 21 феврали соли равон ба коми оташ рафт. Бар асари сӯхтор боми бозор фурӯ рафта, тақрибан 200 тоҷири “Сенний”, аз ҷумла тоҷикҳо, дар натиҷаи ин офат хисороти зиёди молӣ диданд.

Аз оғоз гумон мерафт, ки бозорро оташ задаанд. Ёфт шудани боқимондаҳои моеъи зуддаргиранда ба оташи ин ҳадсу гумонҳо равғани бештар рехт. Ҳамчунин, ба навиштаи расонаҳои Русия, дурбинҳои видеокамераҳои назоратӣ дар бозор як зани шубҳаангезеро сабт карда буданд. Таҳқиқоти баъдӣ нишон дод, ки молики яке аз дӯконҳои бозори “Сенний” ба яке аз дӯконҳо чизеро ҳаво медиҳад ва билофосила ин дӯкон оташ гирифта, боқӣ қаламрави бозорро ҳам ба коми худ мекашад.

Дар натиҷаи сӯхторе, ки қариб 1000 метри мукаабро фаро гирифт, бозори “Сенний” пурра хароб шуд ва бозсозиаш то ҳол идома дорад. Видеои он сӯхторро метавонед инҷо тамошо кунед:

Гуфта мешавад, ин зани зодаи Тоҷикистон низ дар ҳамин бозори “Сенний” дӯкон доштааст. Аммо ангезаи даст ба сӯзондани тамоми бозор задани ӯ ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад. Бино ба бархе фарзияҳо, ӯ бо соҳиби дӯкони ҳамсояаш ҷанҷол карда, бо ин роҳ, яъне оташ задани дӯкони ӯ мехоҳад интиқомашро бигирад. Фарзияи дигар омад накардани кори ин зан дар тиҷорат будааст ва шояд ӯ бо сӯзондани дӯкони худашу дӯконҳои дигар мехост аз ширкатҳои суғурта пули хубе бирӯёнад ва аз фишори қарзҳояш халос шавад.

Вале мақомоти пулиси Саратов то ҳол ҳеҷ яке аз ин фарзияҳоро шарҳ надодаанд ва нагуфтаанд, ки оё дар пушти қасдан сӯзондани бозори Саратов чӣ меистод? Ин ҳам маълум нест, ки оё ин зани зодаи Тоҷикистон, ки танҳо синнаш – 52-сола – эълон шудааст, аз тоҷикҳои Тоҷикистон аст ваё аз русзабонҳое, ки баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аксаран аз Тоҷикистон ба Русия кӯч бастанд. Пулиси вилояти Саратов дар сомонаи расмиаш хабар додааст, ки ҷузъиёти ин қазияро рӯзи 5 ноябр дар як брифинги вижа ба матбуот маълум хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG