Пайвандҳои дастрасӣ

40 000 сомонӣ ҷарима ва афви соҳиби як фоҳишахона (ВИДЕО)


Х.Т. дар додгоҳ

Х.Т. дар додгоҳ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як занро бо ҷурми ташкили фоҳишахона 40 000 сомонӣ ҷарима баст. Вале ин зан билофосила дар ҳамон толори додгоҳ мавриди афв қарор гирифтааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон як сокини 36-солаи шаҳри Душанберо бо ҷурми ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона 40 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, ҳамзамон бар асоси қонуни афв ӯро дар толори додгоҳ аз пардохти ин ҷарима ҳам озод кард.

Х. Т., ки моҳи августи соли ҷорӣ бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне ташкили фоҳишахона аз тарафи мақомот боздошт шуда буд, дар тамоми тӯли мурофиа рӯяшро бо рӯймоли калоне мепӯшонд, ки касе ӯро нашиносад. Ӯ рӯзи 11 ноябр дар толори додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор карда, аз додситони ин парванда хост, то ӯро бар асоси қонуни афв аз пардохти ҷарима озод кунанд. Абдулмӯъмин Кабирзода, айбдоркунандаи давлатӣ ба дунбол аз додрас парванда хост, то дархости Тоҷибоева ба инобат гирифта шуда, нисбат ӯ қонуни афв татбиқ гардад.

Ғайрат Сангинзода, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки баррасии ин парвандаро ба дӯш дошт, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт: “Х. Т. бо ғарази ба даст овардани даромади муфт хонаи истиқомоти воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакиро ба иҷора гирифта, он ҷо шароит фароҳам оварда, хонаро мунтазам ба ивази маблағҳои пулӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан пешниҳод мекардааст. Яъне фоҳишахона ташкил намудааст.”

Дар ҷараёни мурофиа дар бораи чанд мавриди аз ҳисоби ба танфурӯшон иҷора додани ин манзил пул кор кардани х. Т. Низ ёдоварӣ карданд. Додрас аз ҷумла гуфт: “Чунончӣ ӯ санаи 4 августи соли 2014 ба шаҳрванданон Ш. Давлатов ва Н. Хоҷаева ба маблағи 120 сомонӣ, санаи 5 августи ҳамон сол ба шаҳрвандон Б. Муҳиддинов ва Фирӯзаи Д. ба ивази 100 сомонӣ ва санаи 7 август ба шаҳрвандон М. Мирзоев ва Ҷ.Маҳкамова бар ивази 80 сомонӣ барои анҷом додани алоқаи ҷинсӣ супоридааст.”

Ба гуфтаи Сангинзода, ин зан ҳангоми баррасии парванда ва ҳам дар толори додгоҳ гуноҳи кардаи худро иқрор ва изҳори пушаймонӣ кардааст. Додрас зимни ироаи ҳукм нисбат ба Х.Т. ҷинояти содиркардаи ин занро “дараҷаи миёна” ва ноқасдона дониста, қонуни афвро нисбат ба ӯ татбиқ намуд.

Х.Т., ки миллаташ узбак гуфта мешавад, ба иттилои додгоҳ ,36 сол дошта, дар танҳоӣ 3 фарзанди ноболиғро тарбия мекардааст. Ӯ маълумоти миёна дошта, ҷое кор намекунад.

Парвандаи Х.Т. бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона дар ҳоле дар додгоҳ баррасӣ шуд, ки аз моҳи июн ба ин тараф дар Тоҷикистон як маъракаи зидди ҷиноятҳои ахлоқиро ба роҳ андохтаанд. Танҳо баъди ҳафтаи авввали шурӯи ин маърака вазорати умури дохила гузориш дод, ки 506 нафарро бо гумони танфурӯшӣ, даллагӣ, ташкили фоҳишахона ва кирдорҳои дигари, ба гуфтаи мақомот, “бадахлоқона” дастгир кардаанд. Аз моҳи июн ба ин тараф ахбори вазорати корҳои дохила қариб ҳар рӯз моломоли хабару гузоришҳо дар бораи боздошти ин ё он нафар бо гумони танфурӯшист.

Исми пурраи Х.Т. дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, вале ба далоили ахлоқӣ аз нашри номи ӯ дар ин мақола худдорӣ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG