Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳотамхони “гаравгон” аз Афғонистон баргашт


Намое аз Шӯрообод

Намое аз Шӯрообод

Ҳотамхон Назриев аз рустои Овиёни ноҳияи Шӯрообод баъди 3 моҳ аз Афғонистон баргашт. Ӯ як моҳро дар асорат ба сар бурда, ду моҳи дигар алайҳи гаравгонгиронаш дар додгоҳи Афғонистон шаҳодат додааст.

Ҳотамхон Назриев, сокини 22-солаи деҳаи Овиёни ноҳияи Шӯрообод аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда шуд. Ин ҷавони тоҷик ҳудуди 3 моҳ пеш аз ҷониби силоҳбадастони афғон рабуда шуд ва дар пайи талошҳои пайгиронаи мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Афғонистон аз дасти гуруҳи гаравгонгир озод гардид, аммо ба манзури таҳқиқи ин қазия дар кишвари ҳамсоя монд.

Ҳазрат Назриев, падари Ҳотамхон рӯзи 5 ноябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “писарамамро рӯзи гузашта аз Афғонистон ба Тоҷикистон сиҳату саломат баргардонда шуд, ки дар ин кори хайр мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Афғонистон ва дигар ниҳодҳои марбута саҳми зиёд доранд.”

Вай аз талошу заҳамоти мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Афғонистон барои озодияш аз гурӯҳи гаравгонгир ва ҳамин тавр, ба ватан баргардонидани вай изҳори сипос кард. Ба гуфтаи бобои Ҳазрат, писараш Ҳотамхон ҳоло назди онҳо дар деҳаи Овиён аст.

Ҳотамхон Назриев, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро шаби 19 ба 20 июл афроди “Раис Худойдод”, ки мақомоти Афғонистон “хатарноктарин ва моҳиртарин дузди таърихи муосири ин кишвар” тасвираш кардаанд, аз деҳаи Овиёи ноҳияи Шӯрообод рабуда буд. Ӯ тақрибан дар поёни моҳи август, яъне баъди беш аз як моҳи боздошт аз тарафи мақомоти амниятии Афғонистон озод карда шуд.

Ба дунболи раҳоии Ҳотамхон мақомоти афғон аз боздошти 4 гаравгонгир аз ҷумлаи аъзои гурӯҳи “Раис Худойдод” хабар доданд.Ҳотамхон аммо баъди раҳоияш 2 моҳи дигар дар Афғонистон монд, чунки аз ӯ тақозо мешуд, ки дар додгоҳ алайҳи гаравгонгирон баёнот диҳад. Дар ин муддат бархе аз силоҳбадастоне, ки дар гаравгонгирии Ҳотамхон даст доштанд, чандин бор ба хонаводаи ӯ занг задаву таҳдиди куштанашро кардаанд.

Баъди ба дасти гаравгонгирон афтодани Ҳотамхон, ин гурӯҳ аз хонаводааш дар ивази раҳоии ӯ 30 ҳазор доллар талаб карда буданд. Аммо мақомоти афғон гуфта буданд, ки раҳоии ӯ дар натиҷаи як амалиёти вижа ва бидуни пардохти кадом пул муяссар шудааст.

Намое аз Шӯрообод

Намое аз Шӯрообод

Ноҳияи Шӯрообод ба далели релефи мураккаби кӯҳистонаш яке аз қисматҳои а сахти муҳофизатшавандаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон маҳсуб мешавад. Гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбар аз тариқи ноҳияи Шӯрообод ба қочоқи маводи мухаддир машғул буда, дар солҳои охир дар ин минтақа даҳҳо мавриди гаравгон гирифтани афрод ва ба яғмо бурдани молу чорвои мардуми маҳаллӣ аз сӯи ин гурӯҳҳои силҳобадаст сабт шудааст.

Сокинони маҳаллӣ ҳатто аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, то ба онҳо иҷозати гардондани силоҳ бидиҳанд, то битавонанд хонаводаҳо ва молу чорвои худро аз қочоқбарон ҳимоят кунанд.

XS
SM
MD
LG