Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ-пиёда боз ба роҳ мебарояд. Ин бор ба қасди Байтулмуқаддас


Абдулазиз Раҷабов бо Маҳмуди Аҳмадинажод
Абдулазиз Раҷабов бо Маҳмуди Аҳмадинажод

Абдулазиз Раҷабов, «Ҳоҷӣ -пиёда»-и тоҷик ин бор мехоҳад ба Байтулмуқаддас сафар кунад ва ба сарвазири Исроил «паёми сулҳ» бирасонад.

Абдулазиз Раҷабов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки се бор пои пиёда ба Арабистони Саудӣ зиёрати Хонаи Худо рафтааст, тасмим дорад, ин навбат пиёда ба Байтулмуқаддас сафар кунад. Ӯ мегӯяд, рӯзи шанбе, 7-уми июн визаи Узбакистонро дастрас кардааст ва мехоҳад, аз Тошканд барои сафараш ба Исроил раводид дарёфт кунад. Ҳоҷӣ-пиёда мегӯяд, дар ин сафар ӯро зоире аз Мастчоҳ бо номи Ҳамдам Шарифов ҳамроҳӣ мекунад.

Абдулазиз Раҷабов, ки бинобар сафарҳои зиёд бо пои пиёда миёни мардум ҳамчун Ҳоҷӣ-пиёда маъруф аст, мегӯяд, дар баробари зиёрати ҷойҳои таърихии исломӣ ҳамчунин ҷиддан талош хоҳад кард, то бо Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил мулоқот кунад. Ӯ мегӯяд, ҳамчун як сокини оддии Тоҷикистон ба сарвазири Исроил паёми сулҳ мебарад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, бо фаластиниҳо сулҳ бандад.

Ин зоири маъруф мегӯяд: «Барои мардуми мусалмон се ҷои муқаддаси исломӣ ҳаст: Маккаи Мукаррама, Мадинаи мунварра ва масҷиди Ақсо. Масҷиди Ақсо дар ҳудуди шаҳри Байтулмуқаддас ҷойгир аст. Ин ҷо санги муаллақ, оромгоҳи Ҳазрати Иброҳим, ки Каъбаро сохтааст, оромгоҳи Ҳазрати Довуд, Сулаймон ҷойгир аст. Ин макон ҳам барои мусалмонҳо муқаддас аст. Ин ҷо бисёр ҷойҳои муқаддаси таърихӣ ҳаст, ки мо мехоҳем дар ин баробар онҳоро зиёрат кунем.»

Аз даъвати Амитабх Баччан ба Ислом то сӯҳбат бо Аҳмадинажод

Аз ин пештар сар аз соли 2006 Абдулазиз Раҷабов се бор пои пиёда ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст. Ду бор ӯ ба зиёрати Хонаи Худо муввафақ шудааст, аммо маротибаи сеюм, соли гузашта аз Дубай бинобар гирифта натавонистани раводиди Арабистони Саудӣ бозпас гашт. Соли гузашта ӯ дар ҳоле мехост, бори саввум ҳаҷ кунад, ки аз Шри Ланка аз зиёрати «гӯри Бобои Одам» бармегашт. Сафари ӯ то Шри Ланка ва бозпас гаштанаш ҳудуди 7 моҳро дар бар гирифт.
Амитабх Баччан
Амитабх Баччан
Тасмими мулоқот бо Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар ҳолест, ки ӯ дар сафарҳои қаблиаш ҳам бо афроди маъруфе вохӯрӣ анҷом додаст. Соле пеш ҳангоми сафараш дар роҳ дар Афғонистон бо волии Балх Атомуҳаммади Нур сӯҳбат карда буд. Ҳамчунин дар Ҳинд, ба сӯҳбати ҳунарманди маъруфи синамо Амитабх Баччан муввафақ шуда, мегӯяд, «ӯро ба Ислом даъват кардам.» Дар роҳи бозгашт ҳудуди як соат дар Эрон бо президенти собиқи ин кишвар Маҳмуд Аҳмадинажод сӯҳбат кардааст. Ҳангоми сӯҳбат Амитабх Баччан танҳо табасум кардааст, вале Аҳмадинажод ба ӯ гуфтааст, ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон салом бирасонад.

Сӯҳбати шаҳрдори Ҳамадон бо раиси Ҳамадонӣ бо миёнаравии Ҳоҷӣ- пиёда

Ду соли пеш бо телефонии мобил аз дафтари кории шаҳрдори Ҳамадон занг зада, сӯҳбати шаҳрдорро бо раиси ноҳияи Ҳамадонии ивлояти Хатлон баргузор кардааст. Хӯҷамурод Фазлиддинов, раиси собиқи ноҳияи Ҳамадонӣ гуфта буд, зимни сӯҳбат масоили зиёди ҳамкориро бо шаҳрдори Ҳамадон баррасӣ кардааст.

Наздик ба даҳ сол боз ӯ пиёда аз ҷое ба ҷое меравад ва ба гуфтаи худаш, «дигар сабри нишастан дар хона надорад.» Аммо на ҳамаи сафарҳояш роҳату осон будаанд.

Зимни сафари соли гузаштааш гурӯҳе аз толибон ӯро боздошт карда буданд, аммо пас оне, ки ҳадафашро фаҳмиданд, ӯро раҳо карданд. Худи Раҷабов мегӯяд, ягона чизе, ки силоҳабадастони мансуб ба толибон аз ӯ дархост карданд, ин буд, ки ҳангоми зиёрати хонаи Худо дар ҳақашон дуо кунад. Дар ҳоле, ки аз чанги толибон раҳо мешавад, ӯро дар посгоҳе низомиёни НАТО боздошт ва ҳудуди чаҳор соат то пайдо шудани тарҷумон боздошт мекунанд. Аммо пас аз омадани тарҷумон бо ифодаи «Good bye» ӯро раҳо мекунанд. Дар Эрон раҳбари Кумитаи олимпии ин кишвар ба қавли худаш, ба яке аз дӯстони наздикаш табдил ёфтааст, ки дар ҳар сафар ҳатман ӯро «зиёрат» мекунад.

Устоди варзиш ва «Ҳоҷӣ-пиёда»
Дар ҳоле Ҳоҷӣ Абдулазиз Раҷабов сафари Исроилро пеша намудааст, ки синнаш ба 66 мерасад. Ӯ зиёда аз 40 сол дар яке аз мактабҳои ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ кор кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳадаф аз сафарҳои пиёдааш, ки то имрӯз тӯлаш аз марзи 30 ҳазор километр гузаштааст, зиёрати маконҳои таърихии исломӣ ва ҳам муаррифии Тоҷикистон аст.

Вай бори аввал аз Русия ба Макка сафар кард ва то ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар соли 2006, ба Тоҷикистон баргашт. Дар сафари дувуми Ҳаҷ онҳо ҳашт нафар буданд, аммо ба сабабҳои мухталиф шаш нафари онҳо ин сафарро то охир пойи пиёда анҷом дода натавонистанд ва танҳо ду нафар то ба охир рафтанд. Дар сафари дуввум то Шри Ланка ҳам ӯро аз ҳамроҳони зиёд танҳо як нафар ҳамроҳӣ карда тавонист. Ин бори чорум аст, ки ӯ пои пиёда ба сафар мебарояд. Далели аз сафарҳои пиёда хаста нашуданашро Ҳоҷӣ Абдулазиз Раҷабов дар солҳои тӯлони ба варзиш машғул шуданаш мебинад.

Ин бор сафар ба Исроил дорад, аммо мегӯяд, ин ҳам ҳанӯз сафари охиринаш нахоҳад буд, балки то ҷон дар бадан дорад, ҳар сол маконҳои муқаддаси исломиро зиёрат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG