Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон масири дӯстдоштаи туристони Ӯзбакистон мешавад


Акси ҷаҳонгарди чех Михал Чабела аз кӯҳистони Зарафшони Тоҷикистон. Соли 2013
Акси ҷаҳонгарди чех Михал Чабела аз кӯҳистони Зарафшони Тоҷикистон. Соли 2013

Сайёҳати шаҳрвандони Ӯзбакистон ба Тоҷикистон бори аввал дар чанд соли ахир ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст.

Саёҳати шаҳрвандони Ӯзбакистон ба Тоҷикистон бори аввал дар чанд соли ахир ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Танҳо дар се моҳи соли равон бештар аз 19 ҳазор шаҳрванди Ӯзбакистон ҳамчун сайёҳ вориди Тоҷикистон шудаанд, ки ин дар қиёс ба соли гузашта то чаҳор баробар бештар будааст.

Наврӯз Қурбонов, як масъули Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар миқёси давлатҳои собиқ Шӯравӣ аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбакистон ҳамчун сайёҳ вориди Тоҷикистон шудаанд.

Ӯ гуфт: “Дар ин семоҳа дар қиёс бо соли гузашта шумораи умумии сайёҳон афзоиш ёфтааст. Аммо шаҳрвандони Ӯзбакистон бештар барои сайёҳат ва табобат меоянд. Зиёд шудани сайёҳон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бахши туризм дар кишвари мо рушд мекунад.”

Хабари афзоиши сайёҳати шаҳрвандони Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки муносибатҳои байни ин ду кишвар дар чанд соли охир ба сардтарин нуқтаи худ расида, рафтуомади сокинон ба таври маҳдуд сурат мегирифт.

Бархе аз намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, воқеан, рафтуои сокинон аз ду ҷониб афзоиш ёфтааст, аммо на ҳамаи шаҳрвандони Ӯзбакистон, ки вориди Тоҷикистон мешаванд, сайёҳ ҳастанд.

Руслан Ҳамроҳқулов, намояндаи яке аз ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, чун гирифтани раводиди сайёҳӣ осонтар аст, бештари сокинони Ӯзбакистон ба хотири дидорбинии наздиконашон дар Тоҷикистон раводиди сайёҳӣ мегиранд.

Ҳамроҳқулов мегӯяд: “Ба мо ҳам барои равон кардани даъватнома, ки онҳоро ба Тоҷикистон даъват кунем, зиёд муроҷиат мешавад. Бештари

Самарқанд
Самарқанд

онҳо мехоҳанд, бо гирифтани визаи сайёҳӣ наздиконашонро дар Тоҷикистон хабар гиранд. Мо аслан, ба онҳо даъватнома намедиҳем, вале ширкатҳои зиёд онҳоро даъват мекунанд. Сабаби аслиаш ин аст, ки ин роҳи осонтарини сафар ба Тоҷикистон аст.”

Афроде, ки наздиконашон дар Ӯзбакистон зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, воқеан, бо ин роҳ ҳоло дидорбиниашон осонтар шудааст.

Уктам Қодиров, сокини маҳаллаи Тамошотеппаи Кӯлоб мегӯяд, як моҳ пеш хешовандонашон аз Қаршии Ӯзбакистон бо раводиди ҷаҳонгардӣ вориди кишвар шуданд ва дар маросими хурсандие ширкат карданд.

Ӯ гуфт: “Онҳо ҳамчун сайёҳ омаданд ва дар ҳақиқат баъди тӯй мо бо онҳо аз мавзеи сайёҳӣ дидан кардем. Марқади Ҳазрати Амирҷонро зиёрат кардем ва чанд ҷои дигарро ҳам тамошо кардем. Чанд сол боз рафтуомад дар ҳақиқат душвор буд, ҳоло шукри Худо, ки каме осонтар шудааст”.

Дар баробари афзоиши шумори туристон аз Ӯзбакистон, ширкатҳои сайёҳӣ як сол боз хатсайри вижае таъсис додаанд, ки тоҷиконро барои тамошои ёдгориҳои таърихии Самарқанду Бухоро мебаранд.

Мисқола Абдуллоева, раҳбари ширкати сайёҳии “Саёҳати ором” мегӯяд, ҳудуди ду сол боз барои ба сайёҳат бурдани шаҳрвандон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Ӯзбакистон эълон додаанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳар моҳ наздик ба 30 нафар ба ширкати онҳо барои тамошои ёдгориҳои таърихии Самарқанду Бухоро муроҷиат мекунанд.

Ӯ гуфт: “Ин ҷо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони дигар давлатҳо ҳастанд, ки аз тариқи Тоҷикистон мехоҳанд барои саёҳат ба Ӯзбакистон раванд. Раводид ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимро мо худ омода

мақбараи Ҳазрати Амирҷон дар маркази шаҳри Кӯлоб
мақбараи Ҳазрати Амирҷон дар маркази шаҳри Кӯлоб

мекунем ва дар ин самт ҳоло ҳеҷ мушкиле надорем. Таваҷҷӯҳи мардум ҳам аз бозе, ки мо хатсарйрро боз кардем, рӯз то рӯз бештар мешавад.”

Ба назари мерасад, ки дар як соли охир муносибати Тоҷикистону Ӯзбакистон, ки солҳо хуб набуд, нармтар шудааст. Ҳатто ба итттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон табодули молу коло миёни Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ба таври бесобиқа - ҳудуди 11 дарсад боло рафтааст.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бори аввал шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон ба беш аз 73 ҳазор нафар расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта як баробар бештар аст. Дар ин миён, аз ҳама бештар аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон сайёҳ ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG