Пайвандҳои дастрасӣ

Ду голи Узбакистон ба мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби зери 19-солаи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби зери 19-солаи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 19-сола аз тими Узбакистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “D” рӯзи 15 октябр дар варзишгоҳи "Халифа Спорт Сити"-и шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор шуд.

Ҳисоби ин бозиро Кароматулло Саидов, капитани дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар дақиқаи бистуми дидор боз кард. Дар нимаи дувуми бозӣ мунтахаби Узбакистон ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон ду гол зада, бозиро ба фоидаи худ анҷом дод. Саидҷамол Давлатҷонов дар дақиқаи 67-ум ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаро Ҷасурбек Яхшибоев дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд.

Бозии ниҳоии сабқати гурӯҳиро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 21-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо дастаи Австралия анҷом медиҳад.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими Узбакистон чунин буд: Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Доробҷон Эргашев, Кароматулло Саидов (капитан), Муҳаммадҷони Ҳасан (Далер Ёдгоров, 73), Мӯҳсинҷон Парпиев, Нуриддин Ҳамроқулов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (Ҳоҷибой Зиёев, 85), Азимҷон Раҳмонов.​ Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои севумин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё иштирок мекунад. Пештар дастаи Тоҷикистон соли 2006 дар Ҳиндустон ва соли 2008 дар Арабистони Саудӣ иштирок кардааст.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн 16 даста, ки ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст, барои медалҳо мубориза мебарад. Бозии ниҳоии сабқати гурӯҳиро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 21-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо дастаи Австралия анҷом медиҳад. Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар чорякфинал бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» — Қатар, Ҷопон, Яман ё Эрон рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки дастаҳо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 дар Баҳрайн барои чаҳор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд. Агар дар Манама Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбад, он гоҳ дастае, ки дар қаҳрамонии Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 мешавад. Мусобиқаи қаҳрамонии фуболи Осиё миёни дастаҳои мунтахаби зери 19-сола рӯзи 13 октябр дар Баҳрайн шурӯъ шуд ва то 30 октябр идома хоҳад дошт.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Ветнам.

Гурӯҳи «С»: Қатар, Ҷопон, Яман, Эрон.

Гурӯҳи «D»: Узбакистон, Чин, Австралия, Тоҷикистон.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум
13 октябр (панҷшанбе)

1. Баҳрайн – Арабистони Саудӣ – 3:2. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
2. Тайланд – Кореяи Ҷанубӣ – 1:3. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

14 октябр (ҷумъа)
3. Кореяи Шимолӣ – Ветнам – 1:2. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
4. ИМА – Ироқ – 0:1. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
5. Қатар – Эрон – 1:1. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
6. Ҷопон – Яман - 3:0. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

15 октябр (шанбе)
7. Узбакистон – Тоҷикистон – 2:1. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

8. Чин – Австралия - 0:1. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Даври 2-юм

16 октябр (якшанбе)

9. Арабистони Саудӣ – Тайланд. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

10. Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

17 октябр (душанбе)

11. Ветнам – ИМА. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

12. Ироқ – Кореяи Шимолӣ. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

13. Эрон – Ҷопон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

14. Яман – Қатар. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

18 октябр (сешанбе)

15. Тоҷикистон– Чин. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

16. Австралия – Узбакистон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

Даври 3-юм

19 октябр (чоршанбе)

17. Баҳрайн – Тайланд. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

18. Кореяи Ҷанубӣ – Арабистони Саудӣ. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

20 октябр (панҷшанбе)

19. Кореяи Шимолӣ – ИМА. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

20. Ироқ – Ветнам. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

21. Қатар – Ҷопон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

22. Яман – Эрон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

21 октябр (ҷумъа)

23. Узбакистон – Чин. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

24. Австралия – Тоҷикистон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Бозиҳои чорякниҳоӣ

23 октябр (якшанбе)

25. 1 «А» – 2 «В». Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

26. 1 «В» – 2 «А». Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

24 октябр (душанбе)

27. 1 «С» – 2 «D». Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

28. 1 «D»– 2 «С». Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

27 октябр (панҷшанбе)

*Плей-офф 1 – Мағлубшудаи 25 – Мағлубшудаи 27. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

*Плей-офф 2 – Мағлубшудаи 26 – Мағлубшудаи 28. Варзишгоҳи миллииБаҳрайн

Бозиҳои ниманиҳоӣ

29. Ғолиби 25 – Ғолиби 27. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

30. Ғолиби 26 – Ғолиби 28. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

30 октябр (якшанбе)

*Плей-офф 3 – Ғолиби плей-офф 1 – Ғолиби 2. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Бозии ниҳоӣ

31. Ғолиби 29 – Ғолиби 30. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

* Бозиҳои плей-офф дар мавриде баргузор мешаванд, ки агар Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё роҳ ёбад. Дар ин маврид ғолиби плей-офф-3 ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017, ки дар Кореяи Ҷанубӣ доир мешавад, роҳхат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG