Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаи як таҳқиқоти Кумитаи кор бо занон нишон додааст, ки баъзе аз мақомдорони тоҷик аз ҳамсару духтарони худ пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла рӯсариро тақозо мекунанд. Маҳбуба Азимова, як намояндаи Кумитаи кор бо занон, рӯзи 5 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мақомдорон аксаран ҷавон буда, занҳои хонавода шадидан аз мавқеи онҳо вобастаанд.

Як сокини пойтахт гуфт, маҳз ба хотири доштани сатр ӯро ба кор қабул намекунанд. Вале бисёр дидааст, ки ҳамсарони мақомдорони давлатӣ дар маъракаҳои мардум бо либоси исломӣ ҳозир шудаанд.

Мақомоти тоҷик тайи чанд соли охир бо либоси, ба гуфтаи онҳо, "бегонаи мазҳабӣ" ҷанг эълон кардаанд. Дар ниҳодҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои кишвар ҳадди ақалл 10 сол боз ба таври расмӣ пӯшидани ҳама гуна либоси мазҳабӣ манъ аст.

Кумитаи кор бо занон аз он нигаронӣ кардааст, ки вақте як корманди давлатӣ аз минбари расмӣ арзишҳои дунявиро таблиғ карда, дар хонааш бештар суннатгаро ва ё мазҳабист, тағйир додани тафаккури ҷомеа душвор аст.

Пурсиши сарироҳӣ дар бораи шеваи либоспӯшии занон:

Шоира, як сокини пойтахт, гуфт, маҳз ба хотири доштани сатр ӯро ба кор қабул намекунанд. Вале бисёр дидааст, ки ҳамсарони мақомдорони давлатӣ дар кӯчаву хиёбон ё маъракаҳои мардум бо либоси исломӣ ҳозир шудаанд.

Дар сӯҳбатҳои хусусӣ аксари занони тоҷик, аз ҷумла ҳамсарони мақомдорон низ эътироф мекунанд, ки ҳарфи шавҳарон ва ё бародаронашон дар намуди зоҳирии онҳо хеле муҳим ва гоҳо ҳалкунанда аст. Аз сӯи дигар, мисли Мавлуда, кам нестанд ҳамсарони мақомдорон, ки ба хотири эътиқод ашон омода нестанд аз либоси мазҳабӣ даст бикашанд. Мавлуда чор сол боз ҳамсари як корманди давлатӣ аст, ки сатр мепӯшад ва мегӯяд, ҳеҷ гоҳ шавҳараш нагуфтааст, бо ин либос дар берун нагардад.

Мунира Иноятова

Мунира Иноятова

Ӯ гуфт, “шавҳарам аввал мегуфт, ки ғайбати касеро накунам ва панҷ вақт намозамро хонам. Аммо доштани сатр муҳим нест, аммо вақте сатр кардам, дигар чизе нагуфт. Зани бо сатр ба кӣ маъқул нест? Ман ҳам мефаҳмам, нафароне ки дар корхонаҳои давлатӣ кор мекунанд ва занонро бо сатр намемонанд, онҳо ҳам маҷбуранд, чунки агар ин корро накунанд, аз кор ронда мешаванд.”

Пӯшишҳои исломӣ, аз ҷумла сатри занон тайи чанд соли ахир миёни занону духтарони тоҷик роиҷ ва як навъ муд шудааст. Бо вуҷуди маҳдудият дар фурӯши либосҳои мазҳабӣ, аз ҷумла сатру ҳиҷоб, ки аз кишварҳои арабӣ ва Туркия ворид мешавад, дар бозор пайдо кардани онҳо чандон душвор нест. Мунира Иноятова, вазири пешини маориф, гуфт, “хизматчии давлатие, ки дар тими президенти феълӣ кор мекунад, бояд татбиқ ва риояи сиёсати давлатро аз хонаи худ шуруъ кунад.” Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ҳоло нафароне кам нестанд, ки баръакси он кор мекунанд ва дастури онҳо дар коргоҳ ба зиндагии шахсии онҳо мувофиқ нест.

Ба қавли Иноятова, ҷомеа аз ҷумла мардуми оддӣ ҳамон вақт ба сиёсати давлат бовар ҳосил мекунад, ки гӯяндаи ин ё он дастур сухани гуфтааш дар минбар бо хона ҳамсон бошад. “Дар акси ҳол, метавонад барои ҷомеа хатар дошта бошад ва мансабдору сиёсатмадорро назди мардум “дурӯя” нишон диҳад”, - афзуд Иноятова.

Моҳи марти соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар дидораш бо занони фаъол дар Душанбе аз афзоиши майли бонувон ба либосҳои ғайр нигаронӣ карда, барои роиҷ намудани либоси миллӣ даъват кард. Вай бо ишора ба либосҳои сиёҳи мазҳабӣ гуфт, "халқи мо... ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд."

Баъд аз ин ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмон, вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши гузориши телевизионӣ эълон кард, ки маъмурони пулис дар як рейд занони танфурӯши ҳиҷобдорро боздошт намудаанд. Ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, қарореро имзо гузошт, ки бисёре аз ниҳодҳои давлатӣ дар пойтахтро муваззаф мекунад, барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ миёни занону духтарон “корҳои фаҳмондадиҳӣ” бубаранд.

Аммо бархе аз сокинони мусулмони Тоҷикистон чунин бархӯрд бо пӯшишҳои мазҳабиро як навъ маҳдудияти ҳаққи худ шумурда ва гуфтанд, агар ҳадаф мубориза бо либосҳои ғайр ва ривоҷ додани пӯшишҳои миллист, чаро дар баробари ҳиҷобу рӯсарӣ аз либосҳои нимаурёни аврупоӣ ё "мини-юбка" ҳарфе гуфта намешавад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG