Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонувони баскетболбози Қатар Бозиҳои Осиёиро тарк намуданд


Дастаи занонаи баскетболбозии Қатар рӯзи 25 сентябр ба нишони эътироз бозиҳои Осиёи дар Кореяи Ҷанубиро тарк намуд – ба бозингарони даста иҷоза надоданд, ки бо рӯсарӣ ба майдон бароянд. Варзишгарон талаби доварон барои талаби иваз кардани либоси мусалмониро рад карданд.

Созмондиҳандагони Бозиҳо изҳор намуданд, ки бар пояи қойидаҳои ФИБА - Федератсиони байнулмилалии баскетбол бо рӯсарӣ бозӣ кардан иҷоза нест. Варзишгарони Қатар хабар доданд, ки ба нишони эътироз дар дигар қувваозмоиҳои Бозиҳои Осиё ширкат намекунанд.

Аввалҳои моҳи сентябр ФИБА барои ба таври таҷрибавӣ тайи ду сол бо рӯсарӣ бозӣ кардан иҷоза дода буд. Аммо бояд дастаҳо дар ин бора пешакӣ ризояти Феедератсиюни баскетболро бигиранд.

Бозиҳои 17-уми Осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ то 4 октябр идома хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG