Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Маханов: "Ҳадафи мо Душанбе буд"


Алимурод Маханов
Алимурод Маханов
Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24 сентябр бо пахши як филми мусатанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон ҷузъиёти бештареро дар бораи боздошти гурӯҳе, ки ба таҳияи “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар рӯзҳои интихобот омодагӣ мегирифт, хабар дод.

Алимурод Маханов: Мехостем Душанберо бикафонем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00
Линки мустақим


Алимурод Боймирзоевич Маханов, сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва мулаққаб ба “Устод”, ки раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешавад, дар ин навор эътироф мекунад, ки онҳо мехостанд, чанд гӯша дар маркази Душанберо “бикафонанд.” Ӯ аз ҷумла аз биноҳои вазорати умури дохила ва кумитаи давлатии амнияти миллӣ ном бурд: “Моҳи ноябр гуфтанд. Мехостанд ки қабл аз интихобот шикаст бидиҳанд ин мамлакатро.”

Гӯяндаи навор гуфт, Алимурод Маханови 29-сола қабл аз боздошташ алакай чанд амали тахрибкорӣ ва таркишро дар Душанбе анҷом дода буд ва “аз манзилҳои иҷораи аъзои гурӯҳи ӯ дар кӯчаҳои Фучик ва Қаробоев 2 туфангчаи Макаров ва адабиёти ифротӣ, нақшаҳои таркиш ва тарзи тайёр кардани маводи тарканда, воситаҳои мухобира.. ва сарулибоси ҷангӣ барои содир намудани амалиёти тахрибкорӣ дарёфт ва мусодира гардид.” Аммо мушаххасан гуфта нашуд, ки ин таркишҳо аз тарафи Маханов кай ва дар куҷои пойтахт сурат гирифтаанд?

Амиралӣ Давлатов, як зодаи шаҳри Кӯлоб, ки низ узви ин “гурӯҳи террористӣ” муаррифӣ шуд, эътироф кард, ки як дафъа аз як сокини рустои Сарипули ноҳияи Рашт як норинҷак дарёфт карда, бо он дискотекаеро дар Кӯлоб таркондааст. Аммо ҷузъиёти ин таркиш низ оварда нашуд. Хабарнигори Озодӣ дар Кӯлоб мегӯяд, тақрибан ду сол пеш овоза шуда буд, ки дар дискотекаи "Шабоҳанг", ки ба хонаводаи фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Иброҳим Исмоилов марбут дониста мешавад, таркиш шудааст. Вале вақте хабарнигорон ба онҷо рафтанд, ба онҳо гуфтаанд, ки таркиш набуд, балки танҳо бар асари расиши кӯтоҳ дар ноқилҳо нирӯи барқ муваққатан қатъ шудааст.

Охирин таркиш дар дискотека, ки хабараш дар сомонаи Озодӣ низ нашр шудааст, аз авоили моҳи сентябри соли 2010 аст, ки бар асари инфиҷори як маводи мунфаҷираи худсохт дар дискотекаи “Дӯстӣ”-и Душанбе 7 тан захмӣ шуданд. Аммо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мавриди ин ҳодиса низ гуфта буданд, ки ин таркиш танҳо авбошист, на амали террористӣ.

Дар барномаи мустанади нашршуда гуфта шуд, ки аъзои ин гурӯҳ таълимоти ифротгароёна ва ҷангиро дар хориҷ ва асосан дар манотиқи қабиланишини Вазиристони Покистон гирифтаанд. Алимурод Маханов дар ин навор эътироф мекунад, ки ӯ чандин нафарро барои таълими ҷангӣ ва ширкати баъдӣ дар таҳрикҳои ҷиҳодӣ ба Вазиристон фиристодааст. Гӯяндаи навор гуфт, ки ӯ “аз надоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҷаҳолати ҷаҳонбинии танги баъзе аз ҷавонон, саводи нокофии динӣ ва ҷанбаи заифи фитрии онҳо сӯъиистифода намуда, ба бовариашон даромада, онҳоро ба мактабҳои террористӣ ба хориҷа мефиристодааст.“

Алимурод Маханов дар посух ба пурсиши муфаттиш мегӯяд, ки аз соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон пайваста буд ва 8 тани дигар – 4 тан аз Узбакистон, 2 тан аз Қирғизистон ва 2 тани дигар аз Туркия аз ӯ итоат мекарданд. Маханов гуфт, бо раҳбарони ин гурӯҳи маммнӯъ тавассути эмейл тамос мегирифт ва дар ниҳоят амр омад, ки онҳоро ба Вазиристони Покистон бифиристад. Ӯ эътироф кард, ки шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро низ ба мактабҳои Ҳаракати исломии Узбакистон дар Вазиристони Покистон бурдааст: “Ман ҳамроҳ додарам ва ҳамсояамро бурдам, дӯстам Абдулвоҳидро ва баъд Илҳом мегуфтанд, ҳамон касро. Аз Тоҷикистон 5 кас будем.”

Нахустин хабарҳо дар бораи хунсо шудани як гурӯҳи тахрибкор дар атрофи Душанбе ҳанӯз ду ҳафта пеш ба сайр даромад ва дар поёни ҳафтаи гузашта мақомот боздошти гурӯҳи Махановро таъйид карданд. Аъзои ин гурӯҳ аксаран ҷавонони узбактабори сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, бузургсолтаринаш Иброҳим Ҳусейнов 50 сол доштааст.

Бино ба омори расмие, ки дар ин навори мустанад оварда шуд, танҳо дар 8,5 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 69 ҷинояти аз сӯи аъзои “гурӯҳҳои террористӣ“ содиршударо ошкор кардаанд ва 35 “террорист” боздошт шудааст.

Дар арафаи тақрибан ҳар маъракаи сиёсии муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар пешорӯи интихоботҳояш вуқӯъи як ё якчанд таркиш ва гузоришҳои мақомот дар бораи хунсо кардани талоши «ҳамлаҳои террористӣ» як амри маъмул шудааст.

Дар ҷараёни муҳокимаи парвандаҳои вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов ва фармондеҳи пешини Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев, ки бо ҷароиме сангине, чун «терроризм» ва «хиёнат ба ватан» аввалӣ ба муддати 15 сол ва дувумӣ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, аз ҷумла иддао мешуд, ки онҳо гӯё дар пиёда кардани чунин таркишҳо дар остонаи интихоботҳои поёни солҳои 90 даст доштаанд.

Аммо дар маҳофил бо ишора ба маъракаҳои таблиғотии моҳҳои охири мақомоти расмӣ, ки як қартаи асосиаш ҳушдор додани мардум аз эҳтимоли такрори нооромиҳои даврони ҷанги шаҳвандист, эҳтимоли нақши омили таблиғ дар ин хабари ахир дар бораи хунсо шудани «як гурӯҳи террористӣ»-ро сарфи назар намекунанд. Вале нозирони умур бо таваҷҷӯҳ ба хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон то як соли дигар ва фаъол шудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабие, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ансоруллоҳ, ки дар Интернет дар бораи фаъолиятҳои ҷангиаш ҳатто як сомонаи вижа бо забони тоҷикӣ боз кардааст, эҳтимоли ба ин сӯи Омӯ буруз кардани гурӯҳҳои ҷангиеро, ки қасди ноором кардани вазъи Тоҷикистон дар остонаи интихоботашро доранд, низ андак намешуморанд.
XS
SM
MD
LG