Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қадр(но)шиносӣ. Ҳамагӣ 200 сомонӣ нафақаи коргардони "Найрангҳои Майсара"


Соҷида Ғуломова, коргардони маъруфи тоҷик мегӯяд, беш аз 30 сол хидматҳои ӯ дар рушди телевизиони Тоҷикистонро бо ҳамагӣ 200 сомонӣ нафақа “қадр” кардаанд.

Соҷида Ғуломова, коргардони маъруфи телевизиони тоҷик рӯзи 25 март ба синни 79 расид. Соҷида Ғуломова аз соли 1962 то 1993, беш аз 30 сол дар бахши адабии телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст ва муаллифи даҳҳо намоишномаи телевизионие, чун “Найрангҳои Майсара”, “Зани оҳанин”, “Имтиҳон”, “Зангирии Чаққабой”, “Ҳаёт ва ишқ”, “Субҳи модар”, “Армони модар” аст, ки аз ганҷҳои “фонди тилоӣ”-и телевизиони тоҷик дониста мешаванд ва то имрӯз батакрор нашр мешаванд.

Соҷида Ғуломова рӯзи 25 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳар моҳ ду намоишнома таҳия кардаву ба саҳна мегузошт: “Дар тӯли 30 соли корам ягон бор бюллетени беморӣ нагирифтам. Кор соати 9 сар мешуд, вале ман алакай соати 7 сари кор будам ва бисёр вақт то ними шаб кор мекардам. Ростӣ, фидоии кор будам. Ҳоло ҳам, ки дар телевизион намоиш диҳанд, мисли коргардон тамошо мекунам ва нуқсҳоеро пайдо карда, ба худ мегӯям, ки инҷоро бояд чунин мекардам, ё онҷоро – чунон.”

Соҷида Ғуломова дар филми "Буд-набуд, дар синфи якум буд"

Соҷида Ғуломова дар филми "Буд-набуд, дар синфи якум буд"

Аммо, меафзояд Соҷида Ғуломова, ин ҳама хидматҳои ӯ дар рушди телевизиони тоҷикро дар ниҳоят бо ҳамагӣ 200 сомонӣ нафақа “қадр” кардаанд: “Ман ягон унвони расмӣ надорам – мна “ҳунарманди халқӣ”-ам, на “шоиста.” Тасаввур мекунед, ин қадар сол бо чӣ қадар азоб ин намоишномаҳоро рӯи саҳна овардаву ҳоло 200 сомонӣ нафақа мегирам. Ҳамин аст баҳои баланди додагии кумитаи телевизиону радио. Барои ҳамин, вақте баъзан барои наворгирӣ меоянду мегӯянд, аз “боло” фармон шуд, мегӯямашон, ки раҳмати калон, ман аз “боло” миннатдорам, ҳозир ҳамин будагиашро истифода бурда истам-ку. Ягон зарра қадр накарданд хидматҳои маро. Ҳатто дар зодрӯзҳоям низ ба ёдашон намерасам.”

Намоишномаҳои телевизионии Соҷида Ғуломова бахусус дар солҳои 70 ва 80 ва ибтидои солҳои 90 дар байни тамошобинон ҳаводори зиёд пайдо карда буданд. Ва пеш аз ҳама, бо шарофати ҳунари коргардонии худи ӯ ва интихоби ҳунарпешаҳо. Бисёре аз ҳунармандони маъруфи тоҷик, ба мисли Раҷабгул Қосимова ва Убайдулло Раҷабов хеле аз нақшҳои барҷаста ва мондагори худро маҳз дар намоишномаҳои таҳиякардаи Соҷида Ғуломова иҷро кардаанд.

Намоишномаи "Зани оҳанин"-ро инҷо бубинед:

​Худи Соҷида Ғуломова мегӯяд: “Ҳар коргардон ҳунарпешаҳои дӯстдоштаи худро дорад. Ман барои иҷрои нақшҳои занона бештар Раҷабгул Қосимова ё Мавлуда Обидоваро даъват мекардам. Аз байни ҳунарпешаҳои мард, албатта, Убайдулло Раҷабов ё Ғолиб Исломовро. Бо онҳо кор кардан осон буд. Бо як имо ё ишора манзури коргардонро мефаҳмиданд ва нақши супурдашударо иҷро мекарданд. Шарт набуд, ки базӯр ба мағзи онҳо ҷо кунӣ, ки чунин неву чунон бозӣ кун.”

Убайдулло Раҷабов

Убайдулло Раҷабов

Убайдулло Раҷабов дар як сӯҳбати қаблиаш бо Озодӣ гуфта буд, ки маҳз барои иҷрои нақшҳои асосӣ дар се намоишномаи гузоштаи Соҷида Ғуломова - «Зани оҳананин», «Садо аз тобут» ва «Саҳнаи эҷодкор» барандаи ҷоизаи давлатии Рудакӣ шудааст. Аммо дар посух ба ин суол, ки пас чаро ба худи Соҷида Ғуломова ҷоизае нарасид?, Убайдулло Раҷабов гуфт: “Хонум Соҷида ягон ҷоиза надоранд. Дар давраи раиси Кумита буданам кӯшиш буд барои хидматҳои ӯ ва ҳунараш, вале... не нашуд… намешавад.”

Падари Соҷида Ғуломова – Ҳасан Ғуломов – афсари артиши Эрон будааст. Дар соли 1922 ӯ ҳамроҳ бо тақрибан 600-700 сарбозаш ба саёҳати Озарбойҷони Шӯравӣ меоянд, вале дар ин байн марзҳои Шӯравӣ бо Эрон баста мешаванду онҳо дармемонанд. Ҳасан Ғуломов ба номи раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталин нома навишта, аз ӯ мехоҳад, ки сарбозонашро дар Шӯравӣ ҷобаҷо кунанд. Мақомоти Шӯравӣ сарбозони эрониро 50-60 нафарӣ дар ҷумҳуриҳои мухталиф тақсим мекунанд ва худи Ҳасан Ғуломов ба Тоҷикистон меояд ва инҷо издивоҷ мекунад.

Соҷида Ғуломова намояндаи хонаводаест, ки ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон як силсила шахсиятҳои барҷаста додааст. Хоҳари Соҷида Ғуломова – Фотима Ғуломова – коргардони театри ба номи Лоҳутии Душанбе ва бародараш Исфандиёр Ғуломов ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик мебошанд.

Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов

Аз фарзандони Соҷида Ғуломова касе пешаи ӯро интихоб накардааст, вале писари хоҳараш Фотима Ғуломова – Барзу Абдураззоқов яке аз маъруфтарин коргардонҳои муосири театри тоҷик эътироф шудааст. Духтари хоҳари дигари ӯ – Моҳпайкар Ёрова ва ҳамин тавр, духтарамакаш Зулхумор низ ҳунарпешаанд.

Соҷида Ғуломова мегӯяд, зодрӯзашро маъмулан дар ҳалқаи хонавода таҷлил мекунад. “Шукри Худо, хеле бою бадавлатам ман. Се духтару 6 набера ва 2 абера дорам. Ҳамин аст ҳама давлату сарвати ман ва ҳеҷ ганҷе бароям аз ин болотар нест,” – мегӯяд ин коргардони маъруфи телевизиони тоҷик.

Намоишномаи "Ҳаёт ва ишқ" бар пояи драмаи Файзулло Ансорӣ:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG