Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳфили иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон дар Норак идома ёфт


Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ду давлатро дар тарҳҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байнулмилалӣ дар шаҳри Норак идома доданд.

Шашумин даври гуфтушунидҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркманистон рӯзи 29 май дар шаҳри Норак идома ёфт. Мизбонон дар оғоз нерӯгоҳи б арқи обии "Норак"-ро ба меҳмонон нишон доданд. Сипас дар ҷаласаи кумиссюни байнидавлатии иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркманистон иҷрои созишҳои қаблии дуҷониба ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар тарҳҳои байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳайати Туркманистонро дар ин нишаст Муҳаммадуғлӣ Муҳаммадов -- вазири молия ва аз ҷониби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода -- вазири энержӣ ва захираҳои об раҳбарӣ доранд.

Ба гузориши манобеи Радиои Озодӣ, "ҷонибҳо дар ин нишаст вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву фаннӣ, миёни ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард." Интизор меравад, дар поёни нишаст санаде аз натиҷаҳои шашумин нишасти муштараки комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расад.

Баргузории ҷаласаи муштарак дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва Туркманистон аз равобити густаришёбанда дар минтақа бархӯрдоранд. Ҳаҷми мубодилаи коло миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дар семоҳаи соли ҷорӣ 25 миллион долларро ташкил дода ва ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соле пеш ҳудуди 68 дарсад зиёдтар будааст.

Нишасти иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

​Густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар ахиран зимни барномаҳои минтақаӣ сурат мегирад. Аз ҷумла лӯлаи гази Туркманистон -- Чин, ки тақрибан 400 километри он аз хоки Тоҷикистон бояд гузарад, яке аз тарҳҳои бузургест, ки ба гуфтаи мақомот, дар сурати сохта шуданаш барои Тоҷикистон солона бештар аз 1 миллиард доллар фоида меорад. Ин хат тақрибан 3700 километр тӯл дорад ва қарор аст, солона аз кишварҳои минтақа ба Чин 80 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол диҳад.

Тарҳи дигаре, ки ба равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон густариши бештар медиҳад, роҳи оҳани Туркманистон -- Афғонистон --Тоҷикистон аст, ки 635 километр буда, аз шаҳри Оқинаи Туркманистон оғоз хоҳад ёфт ва бо пайвастан ба Андахуй, Шибирғон, Мазори Шариф, Хулм, Кундуз ва Бандари Шерхон дар Афғонистон то ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ дар Тоҷикистон хоҳад расид. Ин тарҳро перзидентҳои се кишвар ҳанӯз соли 2013 тасвиб карда буданд. Аммо номуайяниҳо дар масири он сабаби таъхир дар иҷрояш шудааст. Ин дар ҳолест, ки Бонки Исломии Рушд изҳори омодагӣ кардааст, ки дар сохтмони бахши тоҷикистонии ин роҳ як миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад.

Дар сафари раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дар моҳи майи соли гузашта байни ду кишвар 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро "оғози давраи нави ҳамкориҳои ду кишвар" унвон карда буд ва акнун ҳайати байнидавлатии дуҷониба, аз ҷумла иҷрои ин барномаҳоро баррасӣ хоҳад намуд. Президентҳои ду кишвар бархе аз ин масъалаҳоро дар ҳошияи нишасти СММ дар бораи захираҳои об дар Кореяи Ҷанубӣ баҳс карда буданд.

XS
SM
MD
LG