Пайвандҳои дастрасӣ

Ронандаи тоҷик дар ағбаи Октоғи Қирғизистон дармондааст (3 АКС)


Ширкати “Сорбон Аз Транс” барои кӯмак ба Маҳмуд Суюнов, ронандаи мошинҳои борбари ин ширкати ҳамлу нақл, аз Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон кӯмак хостааст. Ин ронанда ба садама дучор шуда ва беш аз 10 рӯз аст, ки бо мошини борбари худ ва 11 тонна бор, дар ағбаи сербарфи Октоғи Қирғизистон дармондааст.

Аз вазъи ин ронандаи тоҷик, як сомонаи хабарии Қирғизистон навишта ва даъват кардааст, ки ба ӯ кӯмак расонида шавад. Ба навиштаи ин сомонаи хабарии Қирғизистон, ронанда наметавонад мошини худро бо бораш танҳо гузорад ва ташнаву гурусна даҳ рӯз боз танҳо дар ағба ба сар мебарад.

Аз ширкати боркашонии “Сорбон Аз Транс” рӯзи 28 уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ ронанда Маҳмуд Суюнов дар ин ширкат кор мекунад ва бояд аз Маскав тариқи марзи Қазоқистону Қирғизистон ба Душанбе бор меовард. Ширкат мегӯяд, ки аз ҳоли ронандаи худ аз рӯзҳои аввал огаҳ буд ва барои берун овардану ба ҳаракат даровардани мошин, 500 доллар фиристодааст.

Бурҳон Орифов, як кормандони ширкати “Сорбон Аз Транс” рӯзи 28 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ронанда сар аз соли 2012 ба боркашонӣ машғул аст ва дар ин сафараш ӯ иштибоҳан ба масире рафтааст, ки дар фасли сармо рафту омади мошинҳои боркаш аз он мумкин нест.

Ба гуфтаи ин корманди ширкати "Сорбон Ас Транс", Маҳмуд Суюнов дар ин сафар танҳо набуда, ронандаи дигар ҳам ӯро ҳамроҳӣ мекардааст. Аммо ронандаи дуввум баъди 2-3 рӯзӣ дармондан дар ағба, ҳамроҳашро гузошта, роҳи Душанберо пеш гирифтааст.

Қирғизистон бо Тоҷикистон аз тариқи ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ва чанд ноҳияи вилояти Суғд ва ноҳияи Лахши водии Рашт, гузаргоҳи расмӣ дорад. Дар бархе аз маворид, тоҷирони тоҷик бору колои худро бинобар хароҷоти камтар, аз Чин низ тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG