Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз зиёрати қабри Бобои Одам то мулоқот бо Аҳмадинажод


Абдулазиз Раҷабов, маъруф бо Ҳоҷӣ-пиёда ҳамроҳи Маҳмуд Аҳмадинажод.
Абдулазиз Раҷабов, маъруф бо Ҳоҷӣ-пиёда ҳамроҳи Маҳмуд Аҳмадинажод.

Сафари ҳафт моҳаи Абдулазиз Раҷабов, маъруф бо Ҳоҷӣ-пиёда бо дидорбинӣ ва сӯҳбат бо Аҳмадинажод, собиқ президенти Эрон ба поён расидааст.

Маҳмуд Аҳмадинажод ба ин ҳоҷии пиёдаи тоҷик гуфтааст, ки аз серкорӣ фурсати табрики Эмомалӣ Раҳмонро пайдо накардааст, аз ин рӯ ба дасти онҳо ба президенти Тоҷикистон табрику пайғом фиристодааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
Линки мустақим

Абдулазиз Раҷабов, бо як нафари дигар аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳафт моҳи пеш ба пойи пиёда барои зиёрати гӯри Бобои Одам ба Шриланка сафар карда буд. Аммо Абдулазиз Раҷабов мегӯяд, дар бозгашт аз Шриланка ба қабули Маҳмуд Аҳмадинажод роҳ ёфтааст ва ӯ гуфтааст, ки «шумо аввалин тоҷикед, ки пас аз рафтан аз вазифа, ба дидорбинии ман омадед.»

Ӯ гуфт: «Пушти дари Аҳмадинажод садҳо корафтода буд. Ҳарчанд, аз мансаби президентӣ рафта бошад ҳам, кори зиёд дошт. Моро қабул кард ва тақрибан 5-6 дақиқа бо ӯ сӯҳбат доштем. Ӯ хотираи хуб аз мардуми тоҷик доштааст ва гуфт, ки фурсат наёфтааст, дӯсти худ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати президентиаш табрик кунад ва аз мо хоҳиш кард, ки табрики маро ба Ҷаноби олӣ бирасонед. Бо ханда гуфт, ки шумо аввалин тоҷике ҳастед, ки пас аз вазифа рафтан ҳам маро суроғ кардед.»

Ҳоҷӣ Абдулазиз Раҷабов ду бор пойи пиёда зиёрати Хонаи Худо кардааст. Ин бор тариқи Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон ба Шриланка сафар кардааст. Ӯ мегӯяд, ба онҳо гуфтанд, ки дар баландиҳои кӯҳи Сарандеб дар Шриланка гӯри Бобои Одам ҷойгир аст, аммо дар он ҷо барояшон гуфтанд, ки ин ҷо танҳо қадамҷояш ҳаст ва гӯраш дар Исроил ҷойгир аст.

Ҳангоми бозгашт Абдулазиз Раҷабов талош кардааст, то бори сеюм ба зиёрати Хонаи Худо биравад, аммо бинобар бемор шудан ин имкон барояш даст надодааст. Аз ин рӯ, ҳангоми бозгашт дар Эрон бо устодони варзиш ва шароити варзишии ин кишвар шинос шудааст. Зоҳиран ҷаҳонгардӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас ба як шуғли ин мард табдил ёфтааст.

Дӯстони Абдулазиз Раҷабов мегӯянд, зиёрати ҷойҳои муқаддаси исломӣ мисле барояш ба як шуғли таркнашуданӣ табдил ёфтааст. Темуршоҳи Файзалӣ, як тан аз дӯстони хонаводагии Раҷабов гуфт, ӯ барои амали кардани мақсадҳои худ устувор аст ва роҳе, ки интихоб мекунад, касе наметавонад ӯро аз ин роҳ баргардонад. Иродаи мустаҳкам дорад ва қодир аст, ки ранҷу азобро таҳаммул кунад. Аз сӯи дигар Темуршоҳ мегӯяд, Раҷабов ду писари баркамолашро аз даст додааст ва ғами онҳоро наметавонад, бо нишастан дар хона таҳаммул кунад.

“Вақте, ки ӯ бори аввал дар соли 2006 пиёда ба сафари Ҳаҷҷ баромад, касе бовар надошт, ки ӯ муваффақ мешавад. Соли гузашта ҳам на ҳамаи ҳамроҳонаш ба ранҷи азоби сафар тан доданд. Як мусулмони аслӣ аст, вале ба касеву чизе кор надорад. Ҳадафаш ҳам ҳадафи нек аст. Бисёре аз наздиконаш розӣ набуданд, ки ӯ боз сеюмбора ба сафар барояд, вале эҳсос мешуд, ки ӯ дарди ду писари ҳалокшудаашро дар ин ҷо таҳаммул карда наметавонад. Аз ин рӯ, боз ба сафар баромад.”

Шариф Абдулҳамидов, сармутахассиси Шӯъбаи кор бо дин дар минтақаи Кӯлоб, ки соли гузашта пас аз сафараш бо ин мард сӯҳбат доштааст, ӯро як “Ҳоҷии намунавӣ ва мусалмони содиқ” медонад. Ба гуфтаи ӯ, Раҷабов дар хориҷ аз кишвар муаррификунандаи чеҳраи тоҷику тоҷикистониён аст ва ҳар ҷое биравад, ҳамчун мусалмон Тоҷикистонро тарғиб мекунад:

“Дидам, ки дар таёқаш парчами Тоҷикистон дорад ва ҳар ҷое биравад, ободии ватани худро тарғиб мекунад. Агар ҳамаи ҳоҷиён дар баробари адои фароизи худ, мисли Раҷабов кишвари моро таблиғ кунанд, хеле хуб мешавад. Ӯ як марди ватандӯст аст. Бо ҳама забон меёбад ва агар забони арабиро хуб ҳам надонад, аммо фикри худашро метавонад, ба ҳамсӯҳбаташ бифаҳмонад.”

Абдулазиз Раҷабов, 67 сол дошта, собиқаи кориаш дар мактаби миёна ба унвони устоди варзиш, ба сӣ сол мерасад. Ҳамакнун Абдулазиз Раҷабов як ҳафта пеш ба Тоҷикистон омад ва ният дорад, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ як макони варзишӣ боз кунад ва ба ҷавонон гуштии миллиро омӯзиш диҳад.

Вай бори аввал аз Русия ба Макка сафар кард ва то ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар соли 2006, ба Тоҷикистон баргашт. Дар сафари дуввум онҳо ҳашт нафар буданд, аммо ба сабабҳои мухталиф шаш нафари онҳо ин сафарро то охир пойи пиёда анҷом дода натавонистанд.
XS
SM
MD
LG