Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 30-уми октябр қатори рақами 320-и масири Маскав-Душанбе бо тирезаҳои шикаста ба истгоҳи роҳи оҳани пойтахт расид.

Қатори ҳомили муҳоҷирони корӣ, ки дар пайи ҳамлаи шаби 26-уми октябр дар истгоҳи фаннии «Терновка» дар шаҳри Волгоград осеб дида буд, шоми 30-уми октябр ба истгоҳи роҳи оҳани пойтахт расид. Бар асари сангпартоии гурӯҳи ҷавонони рус панҷараҳоии қатор шикастанд ва роҳбаладон маҷбур шудаанд, ки онҳоро бо картон маҳкам кунанд.

Ҳарчанд, аксари мусофирон майли сӯҳбат карданро надоштанд, вале бархе аз онҳо ва ҳамчунин роҳбаладон низ тайид карданд, ки воқеъан ин гуна ҳамла ба қатори онҳо аз сӯи гурӯҳи ҷавонони рус анҷом шудааст.



Ҳасан Мираков, яке аз роҳбаладони ин қатора мегӯяд, сангпартоӣ ба ҷониби ин қатора дар истгоҳи Терновка дар ҳоле иттифоқ афтод, ки қатор бо суръати баланд ҳаракат мекард. Ба гуфтаи ин роҳбалад, ҳодиса тақрибан соати 8-и бегоҳ ва аз ҷониби чанд ҷавони сархуш сурат гирифтааст. Вай афзуд, дар натиҷаи сангпартоӣ яке аз тирезаҳои вагони ӯ низ шикастааст. Ӯ мегӯяд, «баъди ин мо дафъатан ба роҳбари қатор муроҷит карда, ҳодисаро нақл кардем, ҳамчунин ба шуъбаи навбатдорӣ телеграмма ирсол кардем. Гуфтем, сангпартоӣ ногаҳонӣ буд, ва аммо аз тарафи кӣ, мо намедонем. Ин ҷо шишаи натанҳо вагони ман, балки аз дигар вагонҳо низ шикаста аст. Дар истгоҳи дигар- Жердевка, аз пулиси идораи роҳи оҳан омаданд, пурсуҷӯ карданд.»

Ҳасан Мираков мегӯяд, сангпартоӣ ногаҳонӣ буд ва онҳо дар торикӣ ҳатто надиданд, ки ин ҷавонон киҳо буданд. Яке аз дигар роҳбаладон, ки худро Наврӯзова муаррифӣ кард, ҳамлагаронро «авбош» номид: «Ин бачаҳо авбош буданд ва тирезаҳоро шикаста гурехтанд. Мо ягон каси онҳоро надидем.»

Аммо худи мусофирон ин ҳодисаро таври дигар нақл мекунанд. Онҳо мегӯянд, сангпартоӣ аз ду ҷониби қатора на замони ҳаракат, балки дар ҳоле рух дод, ки қатора дар истгоҳи «Терновка» қарор дошт. Гузашта аз ин ҳамлагарон, ки сархуш будаанд, вориди қатор шудаанд.

Ризохон Раҳмонқулов, сокини ноҳияи Вахш мегӯяд, бештар аз даҳ ҷавони тахминан 15-16 сола, дохили қатор шуда, ба ҷангу хархаша ва дашном додани мусофирон оғоз кардаанд. Вай гуфт «ин ҷавонон бо нидоҳои «нерусский» дар ҳаққи мусофирон гапҳои носазо мегуфтанд, баъдан вақте бачаҳо аз хоб бедор шуданд, онҳо гурехта пойин омаданд ва ба тарафи қатор санг андохтанд. Ман худам, ки танҳо будам,ба тарафи вагони худ гурехтам. Аз ин сангпартоӣ шишаҳои вагони 10- ум шикастанд.»

Дар ҳамин ҳол яке аз дигар мусофирон гуфт, чанд русе, ки мусофири ин қатор буданд, зимни сурат гирифтани ҳамла ба хотири ҷилавгирӣ аз бархӯрд ва занозанӣ онҳоро водор кардаанд, ки ба ҳамлагарон муқовимат нишон надиҳанд. Ӯ мегӯяд, «онҳо вақте дар Волгоград фаромаданд, ба мо гуфтанд, ки ба ин бачаҳо нарасем, то ки ҷангу ҷанҷол ва миёни ҳамдигар нофаҳмӣ мешавад. Мо ҳам дигар кордор нашудем ва ҳатто роҳбаладон ҳам нафаромаданд.»

Мусофирон мегӯянд, дар натиҷаи сангпартоӣ танҳо тирезаҳои қаторҳо шикастанд, аммо касе аз онҳо зарар надидааст.

Ахиран раёсати полиси нақлиёти вазорати умури дохилии Русия ҳодисаи сангборон шудани қатори Маскав-Душанберо як амали авбошӣ хонд. Тибқи хулосаи ин ниҳод, ки дар сомонаи вазорати умури дохилаи Русия пахш шудааст, вақте роҳбаладони ин қатор барои гурӯҳи аз 5 то 10 нафараи ҷавононе, ки мехостанд аз тариқи ин қатор ба қатори дигари “Поварино-Жердевка” гузаранд, иҷоза намедиҳанд, онҳо сӯи қатор санг меандозанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба дунболи қатори Маскав - Душанбе рӯзи 27 октябр қатори Маскав-Хуҷанд низ ба ҳамлаи гурӯҳи қавмгароёни рус дучор шудааст.

Масъулони ширкати Роҳи оҳани Русия гуфтаанд, ҷуброни тамоми зиёнеро, ки дар пайи ҳамла ба қаторҳои Маскав-Душанбе ва Маскав-Хуҷанд расидааст, пардохт хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG