Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Маскав бо назардошти вазъи кунунии Русия, ки бо таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ дучор аст, содир кардани маҳсулоти Тоҷикистон ба Русияро дар оянда судманд медонад.

Масъулони намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, дар шароите, ки Русия бо таҳримҳои Ғарб рӯбарӯст, содир кардани маҳсулоти Тоҷикистон ба он кишвар фоидаовар мебошад.

Вале баръакс маҳсулоте, ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мекунанд, дар бозорҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар бозорҳои Душанбе камхаридор шудааст. Солеҳ Раҳимов, тоҷири тоҷик мегӯяд, кам шудани хариду фурӯш дар бозорҳои шаҳри Душанберо дар давоми ҳафтаи охир чун тоҷир мушоҳида кардааст. Бо вуҷуди ин, ки дар бозор камбуди маҳсулот, аз ҷумла маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ эҳсос намешавад, вале хариду фурӯши он камтар шудааст. Чунин вазъ гувоҳӣ медиҳад, ки қобилияти харидории аҳолӣ поин рафтааст. Яке аз сабабҳои он поин рафтани арзиши рубли русӣ дар баробари доллар ва сомонӣ-пули миллии тоҷикӣ арзёбӣ мешавад.

Аз Русия ба Тоҷикистон аз роҳҳои мухталиф рубли русӣ ворид мешавад. Дар гузаштаи наздик харидорони он зиёд буданд ва бо ин пулҳо аз Русия мол ворид мекарданд. Вале ҳоло фурӯшандагони рубл зиёд ва хиридорони он кам шудаанд. Мардум талош мекунанд, ки бо сомонӣ бештар доллар харидорӣ кунанд на рубли русӣ. То ба ин авохир дар Душанбе 5 ҳазор рубли русиро ба 145 сомонӣ табдил мекарданд, вале акнун ин 5 ҳазор то ба 120-115 сомонӣ поин омадааст. Дар баробари ин нархи маҳсулоте, ки тоҷирон дар берун аз Тоҷикистон бо доллар харидорӣ ва ба Тоҷикистон ворид мекунанд, боло рафтааст. Ба ин далел, ҳоло як долларро 5 сомониву 30 дирам табдил мекунанд, дар сурате, ки ҳафтаи пеш арзиши як доллар камтар аз 5 сомониву 23 дирам буд.

Солеҳ Раҳимов мегӯяд, чун Русия барои Тоҷикистон кишвари аслии доду гирифт аст ва сокинони ин кишвар аз муҳоҷирони кории худ кӯмакҳои молӣ дарёфт мекунанд, поин рафтани иқтисоди Русия зуд дар Тоҷикистон низ асари худро мегузорад. Ин нуктаро ахиран Бонки Ҷаҳонӣ низ таъйид кард. Бино ба гузориши ахири ин бонк, интиқоли пули муҳоҷирон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2 дарсад коҳиш ёфтааст ва ин раванд мумкин аст дар оянда низ идома ёбад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки аз оғози соли ҷорӣ то ҳол рубли русӣ дар баробари доллар 34 дарсад поин рафтааст, дар ҳоле, ки сомонӣ фақат 4-5 дарсад арзиши худро дар баробари доллар аз даст додааст. Ба ҳамин далел, ҳатто тоҷирону корхонадорони Русия талош мекунанд, маҳсулоти худро дар Тоҷикистон на бо рубли худ, балки бо сомонии тоҷикӣ ба фурӯш гузоранд. Сипас онҳо бо пули сомонӣ доллар мехаранд ва ба Русия бармегарданд.

Мирсаид Саидов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Маскав низ чунин вазъро барои тоҷирони тоҷике, ки аз Тоҷикистон ба Русия молу коло мебаранд, судманд медонад. Бо назардошти чунин раванд вай мегӯяд, ҳамкориҳо дар бахши тиҷорати хусусӣ соли оянда густариш меёбад. Оқои Саидов мегӯяд, ҳоло намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Маскав бо ниҳодҳои зидахли Русия музокирот анҷом медиҳад ва ба нақша гирифтааст, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия фурӯш ё намоишгоҳи меваву сабзавоти Тоҷикистонро барои кишварзони тоҷик ва тоҷирони тоҷик баргузор кунанд. Дар зимн, дар ин музокирот ҷониби Тоҷикистон пофишорӣ дорад, ки нархи фурӯш бояд ба арзиши аслии маҳсулот баробар бошад, на мисли намоишгоҳҳои солҳои пеш, ки барои беҳтарин маҳсулот нархҳои ночиз ё нархҳои “ҳадявӣ” муқаррар мекарданд.

Баъд аз таҳрими воридоти меваву сабзавот аз кишварҳои аврупоӣ ба Русия ҳоло нарх дар бозорҳои Русия боло рафтааст ва агар тоҷирони тоҷик тавонанд бо ин нархҳо маҳсулотро ба фурӯш расонанд, кишоварзони тоҷик, ба хусус боғдорон аз он суди зиёд ба даст меоранд. Вале Русия вақтҳои охир барои ба истилоҳ “задан”-и ин нархҳо бо кишварҳои Шӯравии пешин, музокирот анҷом медиҳад ва барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии онҳо бозорашро дар ихтиёри онҳо гузоштааст.

Намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, то ҳол дар Русия барои фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон баъзе мушкилиҳо мавҷуд буд. Акнун ин мушкилиҳо аз байн меравад, зеро маҳсулоти Тоҷикистон мисли солҳои пеш аз як сӯ ба рақобати маҳсулоти аврупоиву ғарбӣ дучор намешавад ва аз сӯи дигар худи Русия алоқаманд аст, ки барои пур кардани холигоҳ тоҷирони кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла тоҷирони Тоҷикистонро ташвиқ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG