Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дили кӯҳпора аз "оҳ"-и роҳсозони тоҷик "таркид" (ВИДЕО)


Баъди фиғони экскватор пораи кӯҳ лағжид ва як роҳи муҳими Тоҷикистонро баст.
Баъди фиғони экскватор пораи кӯҳ лағжид ва як роҳи муҳими Тоҷикистонро баст.

Роҳсозон бо "доду фарёд" пораи бузурги кӯҳро афтонда ва хатари зери санг мондани мусофирони роҳи Бадахшонро рафъ карданд. Ин кор моҳи март сурат гирифта, аммо видеояш нав дастрас шуд.

Як видеои наве, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон нашр кардаанд, шеваи ғайриоддӣ ва бехатари рафъи сангрезӣ дар роҳҳои пурпечутоби кӯҳӣ дар кишварро нишон медиҳад.

Дар видеое, ки Маҳмудшоҳи Кабирзода, равоншиноси тоҷик дар Фейсбук нашр кард, дида мешавад, порае аз кӯҳ болои роҳе, ки маркази Тоҷикистонро бо вилояти Бадахшон васл мекунад, овезон аст ва хатари ҳар лаҳза канда шудани он вуҷуд дорад.

Дар як сӯи роҳ зане бо чанд кӯдак ночор ба ин кӯҳпора нигоҳ мекунанд ва мунтазири рафъи хатар ҳастанд ва дар самти муқобил гурӯҳе аз ҷавонон ва кормандони идораи роҳсозӣ бо экскваторе истода ва роҳҳои афтондани пораи кӯҳро баррасӣ мекунанд. Баъд аз муддате ронандаи экскаватор "сигнал" ва ё садои баланди тӯлонӣ сар медиҳад ва аз таъсири садои баланд, рахна дар кӯҳ васеътар мешавад ва сангпораҳо ба рехтан медароянд.

Пас аз такрори садо додан ва рӯшан кардани экскватор пораи бузурги кӯҳ канда мешавад ва ҳамзамон як хатти интиқоли барқро хароб мекунад ва роҳ низ баста мешавад. Муҳандисон барои ба ҳаракат даровардани баҳман ва ё резондани кӯҳпораҳое, ки ба таркондан зарурат надоранд, аз садои баланд истифода мекунанд.

Кӯҳ садои роҳсозонро шунид ва роҳро баст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Муаллифи навор, Кишваршоҳи Кабирзода, сокини ноҳияи Дарвоз рӯзи 24 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса моҳи марти соли ҷорӣ дар як ҷойи танги шоҳроҳ рух дод. Ба гуфтаи ӯ, як ронандаи мошини сабукрав, ки мошинаш бар асари афтодани санг осеб мебинад, ба идораи роҳсозии ноҳияи Дарвоз занг зада ва аз хатари лағжидани кӯҳпора огоҳ мекунад.

Роҳсозон ҳам баъди омадан ба ин маҳал аз ин роҳ пораи хатарноки кӯҳро меафтонанд ва баъдан то соати 4-и субҳ роҳро аз сангу шағал пок мекунанд ва мошинҳои зиёде, ки ҷамъ шудаанд, ба ҳаракаташон идома медиҳанд.

Роҳи мазкур дар назди рӯдхонаи Панҷ, дар наздикии Рузвай аст ва дар он тарафи рӯдхона рустои Нусайи Афғонистон воқеъ шудааст. Дар натиҷаи резондани ин кӯҳпора касе осеб надидааст, вале дар он тарафи марз чанд мотосикли сокинони рустои Нусайи Афғонистон зери мавҷи оби рӯдхона мондаанд.

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон тақрибан 15 ҳазор километр роҳ ҳаст, ки бисёре аз онҳо аз манотиқи кӯҳистонӣ мегузаранд. Дар натиҷаи рехтани сангпора ҷон додани мусофирон ҳам борҳо мушоҳида шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки барои нигаҳдорӣ ва роҳсозӣ дар кишвар аз соли 1990 то соли 2010 бештар аз 1 миллиард доллар харҷ кардаанд.

XS
SM
MD
LG