Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакон мазорҳоро обод мекунанд. ВИДЕО


Наздик омадани Иди Фитр, ки яке аз суннатҳояш зиёрати қабри наздикон ва тоза кардани атрофи мазори онҳост, теъдоде аз кӯдакону наврасони Душанберо барои дарёфти ҷои кор ба оромгоҳҳои канори пойтахт кашондааст. Онҳо досу каланду хаскашак дар даст омодаи пок кардани оромгоҳҳо ҳастанд.

Рӯзи душанбе, 4 июл дар арафаи Иди Фитр дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ҳадди аққал 20 наврас машғули кор буданд. Яке аз наврасон гуфт, ки онҳо маҳтали омадани муштариён мешаванд. Баробари гирифтани фармоиши пок кардани сари мазори наздиконашон, даст ба кор мешаванд. "Дар пеши қабристон меистем. Мардҳо меоянд ва мефармоянд, ки гӯри хешу падарашонро тоза мекунем. Дар иваз пул мегирем", гуфт яке аз ин писарбачаҳо дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ.

Ин мусоҳиби навраси мо мегӯяд, падараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия асту модараш бо пули фаррошӣ чархи зиндагиро мегардонад. Ӯ барои кӯмак ба хонавода, ки чаҳор нафаранд, дар замони таътили тобистона бо ҳамсолонаш ба оромгоҳҳои наздиктарин меояд.

"Мо пули коркардаамонро бурда ба хона ба модарамон медиҳем. Модарамон рафта равған, сабзӣ ва картошка мегиранд," - нақл кард ӯ. Хидматрасонии наврасон барои пок кардани оромгоҳҳо нархи муайян надорад. Ҳаққи хизмат ба ҳиммати муштарӣ вобаста аст. Кори хишоваи алафи сари гӯр, пок кардани санги мармар, об додани гули рӯи қабр ва дигар корҳои тамизкорӣ гурӯҳӣ - аз ҷониби ду-се наврас анҷом мешавад. Дар як рӯз то 70-80 сомонӣ кор карда, ин пулро миёни шарикон тақсим мекунанд.

Пок кардани атрофи оромгоҳҳо қабл аз идҳои исломӣ аз суннатҳои мардуми тоҷик аст. Аммо бо сабаби серкорӣ аксари мардум имкони расидагӣ ба оромгоҳи наздикону пайвандонашро надоранд. Бо истифода аз ин фурсат кӯдакону наврасон хадамоти навро ба роҳ монда ва дар тӯли як ҳафтаи наздик ба идҳои исломӣ барои худ ҷойи кор эҷод мекунанд.

ГУЗОРИШИ ВИДЕОИРО ДАР ИНҶО ТАМОШО КУНЕД:

Наврасон мазорҳоро обод мекунанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00

XS
SM
MD
LG