Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шогирди синфи 6 барои фурӯши дискҳои фаҳшо


Мақомоти интизомии ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон як хонандаи синфи шашро барои фурӯши дискҳои фаҳш боздошт кардаанд.

Саидаҳтам Одинаев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ноҳия миёни ноболиғон ҳамагӣ як ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки он ҳам аз ҷониби хонандаи синфи шаш. Тавре ҷаноби Одинаев гуфт, ин ноболиғро кормандони ШКД-и ноҳия барои фурӯхтани дискҳои фаҳш боздошт карда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Саидаҳтам Одинаев мегӯяд: «Алайҳи падару модараш ҳам тибқи моддаи 90-и Қонуни маъмурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораҷӯӣ ба суди ноҳия ирсол гардидааст.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00
Линки мустақим


Кормандони мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин ноболиғро дар ҷараёни як тафтиш дастгир кардаанд. Аммо дар ин бора фарзияҳои дигаре низ ҳаст. Онҳое, ки ноболиғи боздоштшударо мешиносанд, бар инанд, ки Бобохон Сатторов на ба фурӯши дискҳои фаҳш, балки аз тариқи телефон дар мактаб паҳн кардани
Саидаҳтам Одинаев
Саидаҳтам Одинаев
наворҳои фаҳш айбдор мешавад.

Розиқ Содиқов, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шӯрообод дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз парвандаи мазкур ба дасти онҳо нарасидааст, бинобар ин наметавонад қазияро шарҳ диҳад.

Вай гуфт: «Бобохон дар телефонаш як навори «сабук» доштааст, ки онро ба мактаб бурдааст. Барои ҳамон ШКД-и ноҳия нисбаташ парванда боз кардаанд. Ҳамин, ки парвандаро ба мо ирсол карданд он гоҳ метавонам сари ин масъала сӯҳбат кунем ва гумон ҳам надорам, ки вай бача ҷиноят содир карда бошад.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки як манбаи дигар бидуни овардани номаш гуфт, Бобохон дар телефонаш наворҳои мамнуъро барои муҳассилин ба мактаб бурда ба телефони онҳо интиқол медодааст: «Вай пул гирифта наворҳоро ба телефони дигар мактаббачаҳо мегузаронидааст. Ба духтару писарон нишон медодааст, то онҳо низ тамошо кунанд. Бинобар ин мақомот дар асоси гузаронидани рейд ин бачаро боздошт карданд.»

Зимнан, гуфта мешавад, хонаводаи ноболиғи боздоштшуда зиндагии миёнаҳолона дошта, ҳоло падараш дар Русия муҳоҷири меҳнатист. Модари ин ноболиғ хонанишин буда, мақомоти ноҳия алайҳи ӯ тибқи қонуни масъулияти волидайн парвандаи маъмурӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG