Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон навраси 17-соларо, ки қасди сафар ба Сурияро дошт, ба 7 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Ҳ.Н.-и 17-соларо, ки баъди хатми синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ ба Русия рафта ва аз онҷо қасди сафар ба Сурияро доштааст, ба ҷурми "тайёрӣ ба ҷиноят ва иштироки зархарид дар задухӯрди мусаллаҳона" ба муддати 7 сол равонаи зиндон намуд.

Ҳ.Н. дар рафти мурофиаи додгоҳ зимни эътирофи гуноҳаш гуфт, ки ӯро барои ҷиҳод даъват кардаанд ва аз гумроҳӣ қасди сафари Сурияро кардааст. Як масъули додситонии ноҳияи Вахш дар мурофиа гуфт, ки Ҳ.Н. муддатҳо ба аъзои созмони тундрави "Давлати исломӣ" (ДИИШ) тариқи шабакаи иҷтимоии "Однокласник" робита дошта ва ахиран ба хотири ширкат дар "ҷиҳод" қасди сафар ба Сурияро кардааст.

Вакили ӯ гуфт, додгоҳ бо дарназардошти ноболиғ буданаш нафари таҳти ҳимояташро ба 7 соли зиндон маҳкум кард, вагарна иттиҳомоти зидди ӯ эълоншуда то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тибқи иттилои манобеъи додгоҳи ноҳияи Вахш, Ҳ.Н. соли 2015 ба Русия рафта ва дар он ҷо бо нафаре аз Туркия ба лақаби "Абӯ Анас" робита барқарор намудааст. Сипас, моҳи августи соли гузашта ба Туркия рафта ва ба ҳангоми убури марзи Сурия аз ҷониби мақомоти турк боздошт ва ба ҷониби Тоҷикистон супурда шудааст.

Зулайхо Алекова, модари Ҳ.Н., дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки фақру нодорӣ дар хонавода онҳоро водор кардааст, ки фарзандашонро ба муҳоҷират равон кунанд. Ӯ намедонист, ки писараш ба Сурия меравад: "Аз дуюми январи соли 2016 писарамонро гум кардем, яъне дигар ба мо занг назад, телефонаш хомӯш буд, аз мақомот омада гуфтанд, ки ӯ ба Туркия рафтаст. Гуфтанд, ки 800 доллари роҳкироро диҳед, ки ӯро баргардонем аз Туркия ба Тоҷикистон".

Заур Нуралиев, падари Ҳ.Н. гуфт, онҳо борҳо аз писарашон хоста буданд, ки ба фиреби дигарон наравад, вале ҳоло писарашонро боздошт карда равонаи зиндон намуданд ва аз ҳукми баровардаи додгоҳ розӣ ҳастанд. Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки аз раисиҷумҳур афви писарашонро талаб кардаанд ва дар сурати авф писарашро фавран ба сарбозӣ мефиристад.

Талбон Сафаров, вакили мудофеи Ҳ.Н. ҳукми додгоҳро одилона хонда ва гуфт, барои иттиҳомоти ворида 12 сол зиндон пешбинӣ шуда, вале қозии додгоҳ чанд ҳолат, аз ҷумла наврас будан, пушаймон шудан ва то ба охир анҷом нашудани ҷиноятро ба инобат гирифта ҳукми одилона содир кардааст.

Ҳ.Н. дар Туркия ҳудуди як ҳафта ба сар бурда, баъди боздошташ чанд моҳе дар боздоштгоҳи Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешуд. Феълан 14 ҷавон аз ноҳияи Вахш дар Сурия қарор дошта, гуфта мешавад, чанд нафари онҳо дар набардҳо кушта шудаанд.

ВИДЕО ДАР ИН МАВЗӮЪ БА ЗУДӢ НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG