Пайвандҳои дастрасӣ

Корнамоии як навраси тоҷик дар Русия аз забони худи ӯ


Шукруллои Ғиёсзода. Акс аз нашрияи "Кыштымский рабочий"

Шукруллои Ғиёсзода. Акс аз нашрияи "Кыштымский рабочий"

Як навраси тоҷики 15-сола дар шаҳри Киштими вилояти Челябинск барои наҷоти ҷони як марде, ки дар дарёи яхбаста ғарқ мешуд, ба медали “Барои наҷоти ғарқшудагон” пешниҳод шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия Шукруллои Ғиёсзода, як навраси 15-солаи тоҷикро барои наҷоти ҷони як марди маҳаллӣ ба медали “Барои наҷоти ғарқшудагон” пешниҳод кардааст. Вазорати маориф ва илми вилояти Челябинск ҳамроҳ бо маъмурияти шаҳри Киштим масъалаи ироаи ҳаққи шаҳрвандии Русия ба хонаводаи ин наврасро баррасӣ мекунанд.

Шукруллои Ғиёсзода рӯзи 16 декабр ба дарс дер омад ва мавриди сарзаниши раҳбари синфаш Валентина Голованова қарор гирифт. Аммо Шукрулло сумкаашро рӯи парта партофта, ба раҳбари сахтгираш гуфт: “Сарзанишам накунед, Валентина Петровна. Ман як нафарро аз марг наҷот додам.”

Маълум шуд, вақте Шукрулло ба сӯи мактаб мешитофт, ҳангоми гузаштан аз купруки кӯчаи Садовая садое аз зери дарёи яхбаста ба гӯшаш расид, ки мегуфт: “Ёрӣ диҳед! Ёрӣ диҳед!” Ӯ худро ба ҷое, ки садо меомад, расонд ва дид, ки марде зери оби сарди дарё мондааст. Ин мард аз ҷумлаи коргарони корхонаи радиои Киштим буд, ки аз ин қитъаи дарё барои сохтани шаҳраки солинавиашон ях мебуриданд, вале вақте танҳо мондааст, аз беэҳтиётӣ лағжида, дар оби сард ғарқ шудааст.

Шукрулло Ғиёсзода дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ чунин қисса кард: "Саҳар мактаб мерафтам, ки садои онро мардро шунидам. Давида рафтам, як чӯб ёфтам аввал, ки кӯтоҳӣ кард. Як чӯби дарозтар ёфтам ва дарозаш кардам. Вале зӯрам нарасид, ки берунаш бикашам, чунки вазнин буд. Баъд як чӯби дигарро дар байн мондам, ки мисли "качалка" шуд. Ман аз ин тараф зер кардам ва он мард аз он тараф чӯбро дошта, аз об берун шуд. То пеши мошинаш бурдамаш. Як "спасибо" гуфт ба ману рафт."

Валентина Голованова, раҳбари синфи 6 “б”-и мактаби рақами сеюми шаҳри Киштим, ки ҳам Шукрулло ва ҳам бародари 13-солааш Ҳикматуллоҳ дар ҳамин синф таҳсил мекунанд, мегӯяд, дар мактаб ба шогирдон тарзҳои дурусти наҷоти одамон дар чунин ҳолатҳои фавқулоддаро ёд медиҳанд ва ин омӯзишҳо дар ҳолати фавқулодда ба Шукрулло дар наҷоти он мард кӯмак кардаанд: “Тасаввур кунед, ин як навраси 15-сола аст ва мебоист як марди калонсолро аз об берун бикашад. Кори осон нест, вале Шукрулло оҳиста-оҳиста он мардро аз об берун овард ва то назди мошинаш бурд. Ин мард қариб 20 дақиқа зери оби сард будааст ва агар Шукрулло ба ёриаш намерасид, маргаш ногузир буд.”

Ин корнамоӣ исми Шукруллоро нафақат дар Киштим, балки дар саросари вилояти Челябинск вирди забонҳо кард. Бахши вилоятии вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Русия Шукрулло Ғиёсзодаро барои дарёфти медали “Барои наҷоти ғарқшудагон” пешбарӣ кард. Омӯзгорони мактаби рақами се билофосила масъалаи ироаи шаҳрвандии Русия ба ин хонаводаро дар миён гузоштанд. Валентина Голованова мегӯяд: “Албатта, бидуни шаҳрвандӣ ҳам онҳо ҳаққи таҳсил доранд, вале бо мушкилоти зиёд. Барои ҳамин Шукрулло бо онки 15 сол дорад, ҳамроҳ бо додараш дар синфи 6 таҳсил мекунад. Аз тарафи дигар, онҳо ҳаққи таоми бепулро дар мактаб надоранд, чунки шаҳрванди Русия нестанд. Мо ҳоло мехоҳем ин беадолатӣ ислоҳ шавад.”

Хонаводаи Шукрулло аслан аз рустои Комсомоли хоҷагии Пахтакори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон аст.

Шукруллову Ҳикматулло баъди машқ

Шукруллову Ҳикматулло баъди машқ

Муҳаммадзоир Ғиёсов, падари Шукрулло мегӯяд, ки ӯ 15 сол боз дар Киштим кори сохтмон мекунад, вале зану 6 фарзандашро тақрибан 8 сол пеш ба инҷо овард ва ҳоло онҳо дар як ҳавлии иҷора зиндагӣ доранд: “Ростӣ, аз инки писарам ҷони як нафарро аз марг наҷот додааст, бароям хеле ифтихор дод. Хурсанд шудам. Ҳоло моро ҳатто ба ҳузури вазири маорифи вилояти Челябинск даъват кардаанд ва ваъда доданд, ки масъалаи шаҳрвандиамонро ҳал мекунанд. Ҳамсарам бо 4 духтарам ҳоло дар Тоҷикистонанд ва вақте баргаштанд, ҳамроҳ ба мулоқоти вазири маориф меравем.”

Валентина Голованова фарзандони ин хонаводаро, ки дар мактаби 3 дар синфи ӯ таҳсил доранд, наврасони аз лиҳози инсоният хеле хушахлоқ тавсиф мекунад. Ӯ мегӯяд, “албатта, барои инҳо, ки забони русӣ барояшон забони модарӣ нест, таҳсил кардан баробари наврасони маҳаллӣ осон нест. Вале ҳарду хеле кӯшишу ғайрат ба харҷ медиҳанд, хеле бо эҳтиром муносибат мекунанд ва ҳар коре ки барояшон фармоӣ, ҳарфи “не” надоранд аслан.”

Худи Шукрулло низ эътироф мекунад, расидан ба дигар ҳамсинфон дар аввал барояш сахт буд: "Аввал русиро он қадар хуб намедонистам, азоб кашидам. Вале ҳоло ба ҳама баробар шудем - ҳам ман ва ҳам додарам. Ҳардуямон ҳоло бо баҳоҳои 4 ва 5 мехонем."

Матлаби "Кыштымский рабочий" дар бораи навраси тоҷик

Матлаби "Кыштымский рабочий" дар бораи навраси тоҷик

Муҳаммадзоир Ғиёсов, падари Шукрулло мегӯяд, ки ин нахустин мавриди аз марг наҷот додани одамон аз сӯи писари ӯ нест: “Ду сол пеш Шукрулло ҳамин тавр, ду ҳамсинфашро, ки дар дарё ғарқ шуданд, аз об берун кашида буд. Ҳардуяш бачаҳои варзишианд. Ҳамин ҳоло ҳам дар машқанд. Муҳорибаҳои бидуни қоида ва бокс машқ мекунад дар Киштим.”

Бо ин ҳол, худи Шукрулло орзу дорад, ки баъди хатми мактаб ба донишкадаи вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ҳуҷҷат супорад ва наҷотдиҳандаи касбӣ шавад. Ӯ аммо бештар аз он хурсанд аст, ки баъди ин ҳодиса ба хонаводаи онҳо шаҳрвандии Русия ваъда кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG