Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2014: Тоҷикистон аз Украина шикаст хӯрд


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар бозии севумаш дар Ҷоми Иттиҳод-2014 аз тими Украина бо ҳисоби 1-4 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “А” шоми имрӯз, 27-уми январ, дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Ҳамаи голҳо дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Ба чаҳор голи футболбозони украин мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 88-ум бо як гол посух дод. Тӯбро Абдурасул Раҳмонов ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, ин голи севуми Абдурасул дар ин мусобиқа ба шумор меравад.

Дар бозии дигари даври охирин дар гурӯҳи "А" мунтахаби Эстония бар тими Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 3:0 ғалаба кард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Украина 3 3 0 0 8-1 9
2. Эстония 3 1 1 1 5-4 4
3. Тоҷикистон 3 0 2 1 5-8 2
4. Қирғизистон 3 0 1 2 2-7 1

Бар асоси дастури Ҷоми Иттиҳод ба плей-оффи мусобиқот ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳои ҷойҳои дувумро соҳибшуда ва ду дастаи ҷойҳои севум аз рӯи натоиҷи беҳтарин роҳ меёбанд. Он дастаҳое, ки аз гурӯҳҳои худ баромада наметавонанд, барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Украина, ки дар гурӯҳи “А” бо 9 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб шуд, инчунин, дастаи Эстония, ки бо 4 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт, ба плей-офф баромаданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 имтиёз севум ва тими Қирғизистон бо як имтиёз чорум шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гаштанд ва акнун барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд. Футболбозони ҷавони тоҷик 30-юми январ бо мунтахаби Молдова бозӣ мекунанд..

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Ҷоми Иттиҳод-2013 дар ҷойи 8-ум қарор гирифта, аз тимҳои Қирғизистон, Эстония, Латвия ва Туркманистон пеш гузашта буд. Ин натиҷаи ба даст овардаи футболбозони ҷавони тоҷик нисбат ба мусобиқаи соли 2012-ум се зина болост.

Мунтахаби Тоҷикистон порсол ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом дод, ки натиҷаҳояш чунин аст: 2 бурд бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва 4 бохт ба Беларус – 2:5, Литва - 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбакистон – 0:2. Таносуби тӯбҳояш – 6-11.
XS
SM
MD
LG