Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамагӣ 5 медали 45 варзишгари тоҷик дар Универсиадаи Қазон


Варзишгарони тоҷик мусобиқотро дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия ба анҷом расонданд.

Рӯзи сешанбеи 16-уми июл паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти самбо дар вазнҳои -62, -82, +100 кг ва гуштии юнониву румӣ дар вазни - 74 кг ширкат карданд. Ин охирин мусобиқот барои варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи Қазон-2013 маҳсуб мешуд.

Ду паҳлавони тоҷик - Зайналобиддини Аъзам (82 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) дар мусобиқаи самбо дар 1/16 финал ноком шуданд. Зайналобиддин аз Зиё Намозов (Озарбойҷон) бо ҳисоби 0:1 ва Муҳаммадмурод аз Зилвинас Забарскас (Литва) бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон - Нозимҷон Охиров - дар мусобиқаи самбо дар рақобатҳо дар вазни то 62 кг баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш – Шербек Рӯзиев (Узбакистон) бо ҳисоби 7:0 ва Владимир Гонгало (Украина) бо ҳисоби 8:0 дар нимфинал аз гуштигири Русия Иля Хлибов бо ҳисоби 0:4 мағлуб гашт. Баъдан паҳлавони тоҷик қувваозмоиро барои ҷойи севум ба Артём Наку (Молдова) бо ҳисоби 3:8 бохт.

Дар мусобиқаи гуштии юнониву румӣ Аҳмад Қодиров дар вазни то 74 кг дар даври аввал бар Ҷозе Рабадан Инйеста (Испания) бо ҳисоби 5:0 дастболо шуд. Вале ӯ дар даври дувум қувваозмоиро ба Усмон Косе (Туркия) бо ҳисоби 0:4 бой дод.

Мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён дар пойтахти Тотористон бо ширкати варзишгарони 162 кишвар ҷараён дорад. Дар Универсиадаи ҷаҳонӣ аз 351 маҷмӯи медалҳо 310 маҷмӯи медалҳо ба соҳибонашон супурда шуданд. То ҳоло варзишгарони 67 кишвар соҳибони медалҳо шудаанд.


Медалҳои Универсиадаи Қазон
Медалҳои Универсиадаи Қазон
Мунтахаби Русия бо касби 256 медал (132 тилло, 67 нуқра ва 57 биринҷӣ) дар ҷойи аввал мебошад. Чин (24+26+22) дар ҷойи дувум ва Ҷопон (21+23+29) дар ҷойи севум қарор доранд.

Дар байни 10 дастаи пешсаф, инчунин, Кореяи Ҷанубӣ (15+12+11), Украина (11+25+32), Беларус (11+13+12), ИМА (9+14+11), Африқои Ҷанубӣ (7+3+4), Австралия (6+3+6) ва Литва (6+1+2) ҷойгир шудаанд.

То ҳоло варзишгарони 42 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 67 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардидаанд, бо 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар мақоми 44-ум ва миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон, Узбакистон , Туркманистон ва Қирғизистон дар мақоми аз ҳама поён қарор дорад.
Тоҷикистон дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ дар ҷойи 12-ум мебошад.

Мавқеи кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст:
1. Русия (132+67+57).
5.Украина (11+25+321),
6. Беларус (11+13+12).
10. Литва (6+1+2).
14. Озарбойҷон (4+4+7).
21. Қазоқистон (2+10+14).
22. Узбакистон (2+7+10).
25.Туркманистон (2+3+9).
26. Қирғизистон (2+2+7).
34. Арманистон (1+4+1).
43. Молдова (0+2+10).
44. Тоҷикистон (0+2+3).
47. Латвия (0+1+2).
58. Эстония (0+0+1).
Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо Гурҷистон то ҳоло медал нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 5 медали мунтахаби Тоҷикистон 4-тоашро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар мусобиқоти гуштии камарбандӣ (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва самбо (1 нуқра) соҳиб шуданд.

Абдуазим Бойназарови 20-сола дар гуштии камарбандӣ дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг бо услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни то 62 кг байни мардон гуштигири дигари тоҷик Маҳмад Мирови 21-сола бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Гуландом Қаробоева, ки 22-юми сентябр 20-сола мешавад, дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириёни 20-сола дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай дар даври 1/16 ниҳоӣ бар рақибаш Нико Ҳорват аз Словения бо ҳисоби 12:0 пирӯз шуд. Баъдан ӯ дар даври чорякниҳоӣ бо Валентин Ҷордан аз Фаронса қувваозмоӣ кард, ки он бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Бо тасмими доварон Комроншоҳ ғолиб дониста шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бар гуштигири Узбакистон Сӯҳроб Остонаев ғалаба карда, ба финал баромад, вале дар даври ниҳоӣ аз варзишгари Русия Павел Румянсев бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва мақоми дувумро касб намуд.

Медали 5-уми мунтахаби Тоҷикистонро Нусратшоҳ Имомови 24-сола, донишҷӯи Донишкададаи тарбияи ҷисмонӣ, овардааст. Вай дар рақобатҳо оид ба самбо дар вазни то 74 кг баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш – Петро Кузмин аз Украина (4:2) ва Теҷен Теҷенов аз Туркманистон (2:1) дар нимфинал аз гуштигири Русия Уалӣ Куржеев бо ҳисоби 0:14 мағлуб гашт. Баъдан Нусратшоҳ барои ҷойи севум бар Нарантогтох Тсенд-Аюш аз Муғулистон бо ҳисоби 7:0 дастболо шуд.


Kazan-Arena
Kazan-Arena
Вале дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, вазнабардорӣ, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ ноком шуда, аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар Универсиадаи ҷаҳонӣ бо ҳайати бузург, минҷумла 45 варзишгар, дар 9 риштаи варзиш ширкат кард.

Дар рӯзи охирини Универсиада варзишгарон дар 4 намуд – ватерпол ё тӯббозӣ дар об, шиноварӣ, регбӣ-7 ва тирандозӣ рақобат мекунанд. Маросими пӯшидашавии Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона шоми чоршанбеи 17-уми июл дар шаҳри Қазон, дар Варзишгоҳи нави Kazan-Arena барпо мегардад.
XS
SM
MD
LG