Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи Қазон-2013


Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона, ки 6-уми июл дар шаҳри Қазони Русия шурӯъ шуд, ду медал ба даст оварданд.

Ин ду медалро паҳлавонони тоҷик рӯзи якшанбеи 7-уми июл дар сабқати гуштии камарбандӣ соҳиб шуданд. Абдуазим Бойназаров дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг бо услуби озод барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни то 62 кг гуштигири дигари тоҷик Маҳмад Миров бо медали биринҷӣ сарфароз шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 31 кишваре, ки то ҳоло соҳибони медалҳо гардидаанд, бо 2 медал ( 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми 19-ум қарор дорад.
Ҳоло варзишгарони 15 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд. Русия бо касби 17 медал (7 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Кореяи Ҷанубӣ (3+0+1) дар ҷойи дувум ва Чин (2+4+2) дар ҷойи севум қарор доранд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия ва Тоҷикистон боз намояндагони 9 кишвари дигар медалҳо гирифтаанд, ки мавқеашон дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 6. Қирғизистон (2+0+2). 7. Туркманистон (1+2+3). 8. Украина (1+2+2). 9. Беларус (1+1+1). 14. Литва (1+0+0). 19. Қазоқистон (0+1+1). 25. Молдова (0+0+3). 25. Узбакистон (0+0+3). 27. Латвия (0+0+1).

Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона то рӯзи 17-уми июл идома хоҳад кард. Мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён дар пойтахти Тотористон бо ширкати беш аз 9 ҳазор варзишгар аз 162 кишвар баргузор шудааст. Варзишгарони донишҷӯ дар Универсиадаи ҷаҳонӣ аз рӯи 27 навъи варзиш барои 351 маҷмӯи медалҳо рақобат мекунанд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар 33 иншооти варзишӣ ҷараён дорад. Бояд гуфт, ки дар чаҳор соли ахир дар Қазон 29 иншооти нави варзишӣ сохта шудааст. Барои қабули варзишгарон Деҳаи Универсиада бунёд ёфтааст, ки аз 28 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо барои зисту фароғати варзишгарони донишҷӯ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Барои баргузории Универсиада дар Қазон аз буҷаи Русия 228 миллиард рубл масраф шудааст. Маблағе, ки барои сохтмони варзишгоҳи Kazan-arena, ки дар он маросими кушодашавии Универсиада баргузор шуд, тахминан 15,5 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён 45 варзишгари тоҷик дар 9 ришта – гуштии камарбандӣ, гуштии озод ва юнониву румӣ, бокс, дзюдо, варзиши сабук, вазнабардорӣ, самбо ва шиноварӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Тотористон, ки аз ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Русия мебошад, ба истиқболи моҳи шарифи Рамазон ҳам хуб омода аст. 9-уми июл, дар рӯзи сеюми универсиада Рамазон оғоз меёбад ва варзишгарону меҳмонони рӯзадор имкон пайдо мекунанд, ки дар ошхонаи Деҳаи универсиада дар соатҳои зарурӣ бо ғизои ҳалол рӯзаи худро кушоянд.
XS
SM
MD
LG