Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мураббии тими Тоҷикистон барои 7 голи беҷавоби Австралия узр хост


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Роман Пилипчук, мураббии калони дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуфт, ки барои бозии беирода бо Австралия аз мухлисони тоҷик узрхоҳӣ мекунад.

Роман Пилипчук, мураббии калони дастаи мунтахаби Тоҷикистон, рӯзи 28 март пеш аз бозии даври охирини марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Қирғизистон дар нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» аз мухлисон барои бохти калон аз дастаи Австралия узрхоҳӣ кард.Ин мутахассиси украинӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “қабл аз ҳама мо дарк мекунем, ки фардо бозии ниҳоии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 баргузор мешавад, ки мо онро дар хона мегузаронем. Мо ки дар бозии пешин ноком шудем, мехоҳем хатоҳои бозиҳои пештараро ислоҳ кунем. Аз мухлисони худ барои бозии беирода бо Австралия маъзарат мехоҳем. Ва мехоҳем, ки марҳилаи интихобиро сазовор анҷом бидиҳем.”

Дар ин нишаст Фаридун Солеҳов, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби футболи кишвар, баъд аз шикаст хӯрдани дастааш аз тими миллии Австралия бо ҳисоби бузурги 0:7 ва бозгашт ба Душанбе ба иллати бемории қалб дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудааст. Бинобар ин, мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ таҳти раҳбарии мураббии калони даста Роман Пилипчук ба майдон меояд.

Дар нишасти хабарӣ мутахассиси русиягӣ Александр Крестинин, сармураббии дастаи мунтахаби Қирғизистон, ба хабарнигорон чунин иброз дошт: “Қабл аз ҳама ба мизбонон барои истиқболи гарму ҷӯшон изҳори сипос менамоям. Фардо бозии шавқовар барпо мегардад. Умедворем, ки варзишгоҳ аз мухлисон пур мешавад. Бозии хубро интизорем. Ман фикр мекунам, ки ҳарду даста ба ҳамдигар муносиб бозӣ мекунанд. Бозии футболбозони тоҷику қирғиз ҳамеша пуршиддату шавқангез мегузарад.”

Бозии даври охирини марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, пеш аз даври охирини мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 18 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Урдун бо 16 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун новобаста аз натиҷаи бозии охирин миёни ҳарду ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд ва барои ғолибият дар гурӯҳ талош хоҳанд кард.Мавқеи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон сарфи назар аз натиҷаи бозии охирин миёни ҳарду дар ҷадвал тағйир намеёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG