Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон ҳузури низомиёни Чинро дар қаламраваш рад мекунад


Сарбозон дар марзи Тоҷикистон
Сарбозон дар марзи Тоҷикистон

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон рӯзи 27 феврал гуфт, ки ба ҷуз маъмурияти НАТО ҳеҷ кишваре аз иҷозаи фаъолияти низомӣ дар Афғонистон бархурдор нест. Изҳороти Шӯрои амнияти миллӣ дар посух ба гузоришҳое пахш шуд, ки мегӯянд, нерӯҳои чинӣ дар хоки Афғонистон фаъолият доранд.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Тавоб Ғурзанг рӯзи сешанбе гуфт, ки бо Чин ва Тоҷикистон танҳо дар мавриди гаштҳои марзӣ (наряд) мувофиқат шудаааст, то аз таҳдидҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ шавад. Ӯ гуфт, "Гаштҳои муштараки марзӣ гоҳ-гоҳ ба хотири аз таҳдидҳои терористӣ эмин нигаҳ доштани сарҳад анҷом мешавад. Гаштҳои муштарак ба маъноест, ки маслан, агар марзи Афғонистон бо Чин ноором бошад, нерӯҳои Афғонистон ва Чин дар марз гашти муштарак анҷом медиҳанд."

Вазорати дифои Чин ҳафтаи гузашта гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар дар марз бо Афғонистон, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ гаштҳои низомӣ анҷом медиҳанд. Афғонистон ва Чин дар куҳистони Вахони вилояти Бадахшон ҳудуди 76 километр марзи муштарак доранд.

XS
SM
MD
LG