Пайвандҳои дастрасӣ

Занозании таксиронҳои тоҷику рус дар бозори "Садовод"


Дар Интернет боз як видеои марбут ба занозании шоми 6 сентябр байни ронандагони тоҷики рус дар бозори "Садовод"-и шаҳри Маскав нашр шудааст.

Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар сомонаи Ютюб навори нави видеоӣ аз бозори "Садовод"-ро нашр кардааст. Дар ин навор, ки таҳти унвони "Таджик не может вечно быть рабом" ("Тоҷик як умр ғулом буда наметавонад") нашр шудааст, саҳнаи баҳси раиси Ҷунбиши муҳоҷирон Каромат Шарипов ва тоҷикони дигари ҷамъшуда бо масъулони бозор ва маъмурони пулиси Маскав дар назди бозори "Садовод", сӯҳбатҳои муҳоҷирон ва ҳам мусоҳибаи ӯ бо расонаҳои Русия тасвир шудааст.

Дар ин навор як мақоми маҳаллӣ ҳангоми баҳс бо Каромат Шарипов ва тоҷикони дигари гирдиҳамомада "пешниҳод" мекунад, ки шаҳрвандони тоҷик ба ватанашон баргарданд: "Имрӯз 100 нафаратонро бурданд, фардо 500 нафаратонро мегиранд. Ба онҳо бигӯед, ки онҳо одамони озоданд, бигзор ба хонаҳояшон баргарданд."

Навори Ҷунбиши муҳоҷирон аз бозори "Садовод"-ро инҷо тамошо кунед:

Бино ба хабарҳо, шоми 6 сентябр, тақрибан соатҳои 20 ба вақти Маскав, дар пайи як занозании гурӯҳӣ дар бозори “Садовод”, воқеъ дар минтақаи Люблино -Котелники, дар километри 14-уми МКАД, шоҳроҳи асосии атрофи шаҳри пойтахти Русия, даҳҳо нафар, бо шумули шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, баҳси таксиронҳои тоҷик бо ронандагони як ширкати таксии маҳаллӣ боиси ин занозанӣ шудааст.

Ба гуфтаи тоҷиконе, ки дар бозори "Садовод" кор мекунанд, тақрибан як моҳ пеш дар роҳҳои атрофи бозор таксиҳои махсус аз ширкати "Жёлтое такси"-ро ҷобаҷо карданд. Масъулон ва ронандагони ин ширкат чанд бор ронандагонеро, ки ба сурати инфиродӣ дар инҷо такси мезананд, аз ҷумла ронандагони тоҷикро ҳушдор додаанд, ки ҳаққи истисноии таксизанӣ дар ин бозорро онҳо ба даст овардаанд ва бақия бояд инҷоро холӣ кунанд. Маҳз ҳамин кашмакаш бар сари ҳаққи таксизанӣ дар атрофи "Садовод", ба гуфтаи мусоҳибони мо, сабаби занозанӣ шудааст.

Юсуф, як соҳибкор аз ноҳияи Ҳисор, ки дар "Садовод" либос мефурӯшад, рӯзи 7 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар пайи занозанӣ даҳҳо тоҷикеро, ки дар бозор мол мефурӯхтанд, ё ҳаммоливу кӯчарӯбӣ мекарданд ва рабте ба занозанӣ надоштанд, низ боздошт карданд. Ин ҳодиса ба ҳамаи мо таъсир дошт. Қариб нисфи тоҷикҳо аз тарси инки шояд дар бозор "облава" шавад, имрӯз ба кор набаромаданд. Имсол бе ин ҳам ба далели таҳримҳои зидди Русия қобилияти харидории мардум кам шудааст. Болои ин, боз занозанӣ шуд. Ин ҳама, албатта, зарари худашро ба кору бори мо дар инҷо мерасонад."

Дилфуза, як духтари тоҷик, ки феълан дар Маскав ба сар мебарад ва рӯзи 7 сентябр иттифоқан ба бозори "Садовод" рафтааст, дар тамоси телефонӣ бо Озодӣ бар пояи сӯҳбатҳояш бо мардикорони тоҷики ин бозор гуфт, муҳофизони бозор ба баҳси ронандагони тоҷику ронандаҳои "Жёлтое такси" дахолат карда, чанд тоҷикро задаанд. Ба дунбол, ба гуфтаи ӯ, тоҷикҳои дигар ҷамъ шуда, бо муҳофизони бозор ва ронандагони ширкати русӣ дастбагиребон шудаанд: "Як "разборка" шудааст байни онҳо. Ду тоҷик то ҳол дар бемористон қарор доранд, вале бачаҳои дигар мегӯянд, ки захмҳои онҳо сабук аст ва то ягон ду рӯзи дигар аз бемористон ҷавобашон медиҳанд."

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 7 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз шумори умумии шаҳрвадони тоҷики дар занозанӣ дар бозори "Садовод" захмӣ ва боздоштшуда маълум нест, вале бино ба маълумоти ҳайатҳои эъзомии сафорат, аксари онҳое, ки дар ин занозанӣ осеб дидаанд, шаҳрвандони тоҷиканд. Ӯ мегӯяд, сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов билофосила баъди ба дасти сафорат расидани ин хабар намояндагони тамоми ниҳодҳои зирабти Душанбе дар Русия, бо шумули намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирату вазорати умури дохила ва маъмурони консулгарии Тоҷикистонро ба бозори “Садовод” фиристод ва ҷараёни таҳқиқи қазияро зери назорати шахсиаш гирифтааст.

Надежда Спиридонова, сухангӯи бозори “Садовод” низ ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки муноқишаи шоми 6 сентябр байни ронандагони ғайриқонунӣ ва ронандагони ширкати "Жёлтое такси" сар зада, сабаби занозанӣ ҳаққи кор кардан ё накардан дар назди бозор будааст. Спиридонова гуфтааст: “Ронандагони ғайриқонунӣ, эҳтимолан зодагони Тоҷикистон, мошинҳои "Жёлтое такси"-ро сангборон карданд. Хадамоти амнияти бозор ба муноқиша дахолат ва ин занозаниро қатъ кард.”

Аммо сухангӯи сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз сабабҳои занозанӣ дар бозори “Садовод” рӯшан нашудаанд. Муҳаммади Эгамзод афзуд, дар рӯзи иди шаҳри Маскав, ки маъмулан дар шанбеи якуми моҳи сентябр таҷлил мешавад, рух додани ин муноқиша аз эҳтимоли як иғво будани он дарак медиҳад.

Шабакаи телевизионии НТВ-и Русия аз ҷои ҳодиса гузориши видеоӣ нашр кардааст, ки метавонед инҷо тамошо кунед:

ВИДЕОИ НТВ

Таъсири таҳримҳо?

Тоҷикони муқими Маскав низ мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб дар пушти муноқиша дар бозори “Садовод” бархӯрди гурӯҳҳои манфиатдор истодааст, ки аз ин бозор танг кардани муҳоҷирони тоҷикро ба ҳадаф доранд. Ба гуфтаи онҳо, дар Маскав, ки ба далели таҳримҳову кунд шудани раванди рушди иқтисод дар рӯбарӯи бӯҳроне қарор гирифтааст, равандҳои барои мардикорони хориҷӣ номатлубе ҳам эҳсос мешавад, аз ҷумла талош барои ҷойҳои корӣ ва талош барои ҳифзи ҷойҳои корӣ ва аз эҳтимол дур нест, ки гурӯҳҳои манфиатдор мехоҳанд ба василаи чунин иғвоҳо тоҷиконро, ки як нирӯи пешсаф дар соҳаи хидматрасонии бозори “Садовод” ба шумор мераванд, аз ин бозор танг кунанд.

Ғуфрон Ваҳҳобов

Ғуфрон Ваҳҳобов

Ғуфрон Ваҳҳобов, раҳбари хабаргузории “Тоҷинфо” дар шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, “муноқишаи охир гӯё як ҷанҷоли маишӣ менамояд, вале фақат дар зоҳир. Сели гузоришҳо дар матбуоти Русия дар бораи бозорҳои Маскаав касро ба фикре равона мекунад, ки дар инҷо манфиатҳои гурӯҳҳои алоҳида ё шахсӣ ҳузур дорад. Ва аммо боиси таассуфим зиёд ин аст, ки боз ҳам аз номи тоҷик истифода шуд, боз ҳам номи тоҷик расонаӣ шуд ва ин гуна занозаниҳо ҳисси бадбинии мардуми маҳаллӣ нисбат ба муҳоҷирони тоҷикро бештар мекунад.”

Муҳиб Назаров, як соҳибкори тоҷики муқими Маскав низ ба Озодӣ гуфт: "Дар Маскав, ин мегаполиси бузург, ки бузургтарин бозори кори Русия барои муҳоҷирони хориҷист, баъди таҳримҳову бӯҳрони Украина сохтмонҳо аз кор бозистодаанд, қобилияти харидории мардум ҳам, тавре эҳсос мешавад, коҳиш ёфтааст ва бисёре аз фурӯшгоҳҳо бехаридор мондаанд. Аз ангуштшумор ҷойҳои ҳанӯз ҳам гардон ҳамин бозорҳост, ки кор дар бонҳо то ҳол меҷӯшад. Ва шояд гурӯҳҳои манфиатдор ба ин ҷойҳои кории ҳанӯз гарм чашм ало кардаанд ва мехоҳанд бо чунин ҷанҷолҳо мардуми моро аз "Садовод"-у дигар бозорҳо берун кунанд."

Расонаҳои русӣ дар бораи боздошти ҳудуди 40 нафар бо гумони даст доштан дар занозанӣ дар назди дарвозаҳои бозори “Садовод” хабар медиҳанд.

Амалиёти рӯзи 19 ноябр дар бозори "Садовод"

Амалиёти рӯзи 19 ноябр дар бозори "Садовод"

Бозори “Садовод” дар соли 2013 дастикам 3 дафъа мавриди амалиёти густардаи пулис қарор гирифта буд. Дар моҳи августи соли гузашта дар ин бозор 106 шаҳрванди тоҷик, моҳи октябр ҳудуди 1000 муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон ва моҳи ноябр садҳо тани дигар аз муҳоҷирони хориҷӣ боздошт шуданд.

Баъди амалиёти дуюм мақомоти Маскав гуфтанд, ки дар фикри сарнавишти худи бозори “Садовод” шудаанд. Куммиссиюни шаҳрсозиву заминсозии пойтахти Русия дар моҳи октябри соли 2013, дар ҳамон рӯзи боздошти 1000 муҳоҷир аз бозори “Садовод” қарор кард, ки ду бозори бузургтарини минтақа - “Птичий ринок” ва “Садовод” ва ҳам истгоҳҳои мошинҳои атрофи ин ду бозор дар километри 14-уми МКАД – шоҳроҳи даврии Маскав бозсозӣ шавад. Консепсияи рушди ин қаламравро масъулони феълии бозори “Садовод”, ки ин қаламрави масоҳаташ қариб 109 000 метри мураббаъро барои муддати тӯлоние иҷора гирифтаанд, таҳия кардаанд. Бар асоси ин нақшаи рушд, қарор аст, дар майдони 43 000 метри мураббаъ маркази савдои “Птичий ринок” ва дар 97 000 метри мураббаъи дигар бозори сеқабатаи “Садовод” сохта шавад. Аммо бо гузашти қариб як сол аз эълони ин тасмими шаҳрдории Маскав, бозори “Садовод” ҳамчунон фаъолият дорад.

Бино ба ҳисоби сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар бозори “Садовод” тақрибан 2000 шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд. Онҳо дар ин бозор асосан ба соҳибкорӣ (фурӯши мол ё ошхонадорӣ), ҳаммолӣ ё таксиронӣ машғуланд.

Дохили бозори "Садовод"

Дохили бозори "Садовод"

Ғуфрон Ваҳҳобов, ки ба ҳайси раҳбари хабаргузории “Тоҷинфо” борҳо барои сӯҳбат бо муҳоҷирони тоҷик ба бозорҳои Маскав рафтааст, мегӯяд, ҳаммолии тоҷикон дар бозорҳои кунунӣ ба он гунае нест, ки аз собиқаи аробакашии тоҷикон дар бозорҳои Черкизово дар солҳои 90 дар ёд мондааст. Ӯ мегӯяд, қариб нисфи бозори “Садовод” як маркази тиҷории муосири бомаш пӯшида ва дохилаш гарм асту ҳамаи ҳаммолонаш – либоси махсус дар тан ва соҳиби муҷаввизи қонунии кор. “Бархе мегӯянд, ки тоҷик набояд аробакашӣ кунад. Бовар кунед, аробакашӣ ор нест, бекор хос дар ҳоле ки дар ин бор барои ҳаммолӣ пули хубе ҳам ба бачаҳои тоҷик медиҳанд. Ба фикри ман, бекор гаштан барои мардуми мо бояд ор бошад, на аробакашӣ,” – мегӯяд раҳбари “Тоҷинфо”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG