Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадов дар боздоштгоҳи Сизран нигаҳдорӣ мешавад


Саҳнаи боздошти Аҳмадов дар фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Маскав

Саҳнаи боздошти Аҳмадов дар фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Маскав

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки гумонбари аслии куштори афсари пулиси Русия дар боздоштгоҳи ноҳияи Сизрани вилояти Самара қарор дорад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки Маҳмадалӣ Аҳмадови 23-сола -- гумонбари аслӣ дар куштори афсари пулис Андрей Гошт ва хоанводааш дар боздоштгоҳи ноҳияи Сизрани вилояти Самара нигаҳдорӣ мешавад.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 9 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки баъди боздошташ дар фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Маскав Аҳмадов ба Самара интиқол дода шуд. "Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи ноҳияи Сизран, маҳалли содир шудани ҷиноят нигаҳдорӣ мешавад ва ба саволҳои пулис посух медиҳад," - гуфт Бахтӣ.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи раиси ҷумҳури Русия дар ҳавзаи федеролии Приволжйе Михаил Бабич 12 муфаттишро барои ба таври сареъ боз шудани куштори ходими собиқи пулиси Сизран бо ҷоиза қадрдонӣ кард. Дар ин бора телевизиони давлатии Русия хабар додааст.

Дар миёни онҳое, ки барои куштори Андрей Гошт мукофот гирифтанд, панҷ ходими ВКД, панҷ корманди Кумитаи тафтишотӣ ва ду ходими Раёсати хадамоти амнияти федеролии Русия мебошанд. Михаил Бабич аз "кори муассири онҳо дар амри боз ва пайдо кардани омилони ин ҷиноят" ситоиш кардааст.

Ба иттилои Бабич, парванда дар ихтиёри Кумитаи тафтишотӣ ва зери назорати бевоситаи раиси ин муассиса – Александр Бастрикин аст. Ӯ алакай ду дафъа ба вилояти Самара барои назорати ҷараёни тафтишот сафар кардааст. Ӯ гуфт, ки кори муштараки сохторҳои қудратӣ – муфаттишони Кумитаи тафтишотӣ ва ВКД дар фурсати хеле кӯтоҳ имкон дод, то омилони ин куштор мушаххас ва боздошт шаванд.

Куштори 6 узви оилаи Андрей Гошт, собиқ раиси шӯъбаи умури дохилаи Сизран дар вилояти Самара рӯзи 24 апрел рух дод. Рӯзи 4 май Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳамаи чаҳор муттаҳами куштори мазкур, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аҳмадов расман айб эълон кард.

Ин афрод аз рӯи моддаҳои "куштори ду ва нафари бештар", "Сӯиқасд ба куштори хурдсол" ва "авбошӣ"-и Кодекси ҷиноии Русия парванда муттаҳам мешаванд. Маҳмадалӣ Аҳмадов, ки зодаи Тоҷикистон буда, гӯё раҳбарии ин гурӯҳи ҷиноиро ба ӯҳда доштааст, баъди 10 рӯзи ҷиноят бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав интиқол ёфт.

Мақомоти рус гуфтанд, ки ӯ ба ҳангоми кӯшиши убури марзи Афғонистон боздошт ва ба Русия истирдод шуд. Аммо масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки Аҳмадов худро бегуноҳ меҳисобад ва баъд аз шахсан ҳозир шудан ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе ва иқрори бегуноҳиаш, ихтиёран ба Маскав рафт, то ба саволҳои тафтишот посух диҳад.

Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ, ки дар содир кардани ҷинояте гумонбар шудаанд, манъ аст.

Рӯзи 5 май Аҳмадов баъди интиқол ёфтанаша ба Самара, барои анҷоми ҳаракатҳои тафтишотӣ бо конвой ба рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизрани вилояти Самара бурда шуд. Феълан иттилои бештар дар бораи сарнавишти ӯ маълум нест. Тафтишот идома дорад.

Дар як ҳамлаи хунини рӯзи 24 апрел подполковник Андрей Гошт, муовини сардори ситоди раёсати корҳои дохилаи вилояти Самара ва 5 узви хонаводаи ӯ, бо шумули падару модари солхӯрдааш кушта шуданд. Аз ин ҳамла танҳо духтарчаи ҳамагӣ ҳафтсолаи бародари ин афсари баландпояи пулис ҷон ба саломат бурд, вале то ҳол дар ҳолати мадҳушӣ дар бемористон таҳти табобат қарор дорад. Аҳмадов ва ҳамин тавр, се гумонбари дигар – Ислом Бобоев, Орхан Зохрабов ва Роман Фаталиев, ки зодагони Озарбойҷон мебошанд, ҳама дар боздоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG