Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз марг. Дилу гурдаам дар гӯр бипӯсад ё бемореро шифо бахшад?


Дар ҳоле ки ягон нафар дар Тоҷикистон узвҳои бадани худро барои табобати беморони дигар васият накардааст, 15 пизишки тоҷик аъзои бадани худро ба ниёзмандон тақдим карданд.

Ҳар моҳ дар Тоҷикистон то 5 нафар дар ҳоле мефавтанд, ки аксари кулли аъзои баданашон солим аст ва метавонад, дигаронро аз марг наҷот диҳад. Аммо то ҳол як нафар ҳам узвҳои бадани худро барои табобати беморони дигар васият накардааст. 15 пизишки Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз нахустин афроде шуданд, ки ба шакли хаттиву шифоҳӣ чунин васиятро кардаанд ва наздиконашон аз ин ташаббуси онҳо пайравӣ намуданд.

“Марги мағзӣ” ё ба истилои русӣ “смерть мозга», бар асари зарбаи шадид ба мағзи инсон, варами майнаи сар ва заҳролушавии шадид ба вуҷуд меояд, аммо узвҳои дигари бадан осеб намебинанд ва метавонанд ба инсони дигар зиндагӣ бахшанд.

НАХУСТИН ВАСИЯТҲО

Васияти пизишкони Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар ҳоле садо медиҳад, ки тибқи иттилои расмӣ дар ин кишвар моҳе то панҷ нафар дар пайи осеби мағзи сар ба “марги мағзӣ” дучор мешаванд, вале пайвандонашон иҷоза намедиҳанд, ки узвҳои солими онҳо ба беморони дигар пайванд карда шаванд.

Саймаҳмуд Исмоилов, директори ин марказ мегӯяд, то кунун дар Тоҷикистон ҳеҷ нафаре дар Тоҷикистон узвҳои бадани худро барои табобати беморони дигар васият накардааст. Онҳо ин тасмсими худро як талоше барои ташвиқи бештари сокинон ва кӯмак ба даҳҳо бемори ташнаи зиндагӣ унвон карданд.

“Дар пеши чашми мо бемороне аз дунё дармегузаранд, ки имкони наҷоти онҳо мавҷуд аст, ба шарте, ки узвҳои бадан мавҷуд бошанд. Омори расмие, ки мо дарёфт кардем, ин аст, ки дар як моҳ то 5 нафар аз марги мағзӣ вафот мекунад. Агар иҷозаи истифодаи узвҳои бадани онҳо мавҷуд бошад, мешавад чандин нафари дигарро аз марг наҷот дод,” -- мегӯяд Саймаҳмуд Исмоилов.

Қонун “Дар бораи пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” дар Тоҷикистон расман соли 2007 қабул шуд, ки бар асоси он дар сурати ризоияти наздикони нафари маҳкум ба марг узвҳои ӯ барои табобати беморони дигар истифода мешаванд. Аммо бо гузашти 8 сол аз қабули ин қонун то ҳол ҳеҷ нафаре забонхат надодааст, ки дар сурати марги мағзаш, узвҳои ӯ дар ҷисми дигарон зиндагӣ кунанд.

"АГАР ГУРДА НАЁБАМ, ТАМОМ..."

Дар Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон соле беш аз 200 нафар барои пайвандсозии ҷигар ва ё гурда муроҷиат мекунад, аммо на ҳамаи онҳо барои худ донор пайдо мекунанд.

Гавҳар Турсунова, сокини 40-солаи Хуҷанд, ки як гурдааш аз кор мондааст, ҳолати нигаронкунанда дорад. Ӯ мегӯяд, чанд сол боз аз бемории гурда ранҷ мекашад ва ахиран пизишкон ба ӯ гуфтанд, ки гурдааш бояд фавран иваз шавад.

“Ҳашт сол боз табобат мекунам, вале имсол хеле вазнин шудам. Аз хешу табор гурда пайдо накардам. Ҳоло як моҳ боз гурда мекобам. Вақт хеле кам мондааст, агар наёбам, дигар тамом,” -- гуфт Гавҳар Турсунова.

Танҳо наздикони бархе аз беморон, он ҳам агар хунашон бо ҳам мувофиқ бошад, розӣ мешаванд, ки порае аз ҷигари худро ба ӯ бидиҳанд. Заррина Мамадҷонова, сокини дигар вилояти Суғд се рӯз пеш, баъд аз фикру андешаи зиёд розӣ шудааст, як гурдаашро ба хоҳарзодаи 21-солааш Нигора Ҳалимова диҳад.

“Дигар ҳеҷ роҳ намонд. Гуфтам, ки чӣ хел мешавад, ки ӯро аз даст диҳему худ зиндагӣ кунем. Ба ҳамин хотир розӣ шудам, то як гурдаамро ба ӯ диҳам,” -- мегӯяд Заррина, -- “Аз оне ки дар гӯр бипӯсам, узвҳоям дар ҷисми дигарон зиндагӣ кунанд.”

ИНСОНПАРВАРӢ ЗИДДИ ХУРОФОТ

Дар ҷомеаи суннатии тоҷик ақидае роиҷ аст, ки тани инсон баъд аз маргаш бояд бурида нашавад. Барои ҳамин бисёриҳо ҳатто ба колбадшикофии наздикони худ, ки сабаби асосии марги ӯро ошкор мекунад, мухолиф мебароянд.

Пизишкон мегӯянд, ба хотири наҷоти ҷони як бемори гирифтори маризии ҷигар ё гурда аз марг ва маъюб накардани як инсони солими дигар роҳи оқилонаи истифодаи узвҳои афроде мебошад, ки ба “марги мағзӣ” дучор шудаанд.

15 табиби тоҷик аъзои бадани худро ба ниёзмандон додаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:43 0:00

Фирдавс Ғаниев, пизишки дигари ин Марказ, мегӯяд, “назар ба оне, ки ҷасади маро ба гӯр мебаранд ва он мепӯсад, хубатараш узвҳоям барои наҷоти ҷони як нафари дигар хизмат расонад. Мо ҳоло аз донорҳои пораи ҷигару гурда мегирем, вале мебинем, ки донор чӣ қадар азоб мекашад. Барои он ки як кас маъюб нашавад ва як каси дигар шифо ёбад, мо бояд ин корро кунем. Ба фикрам ин савоб аст.”

Гулрухсор Зиёева, пизишки дигари ин марказ, ки чанде пеш аз Эрон баргаштааст, мегӯяд, тақдими узвҳои бадан ба ниёзмандон дар ин давлати исломӣ як амали маъмулӣ аст. “Дар Шероз дидам, ки пизишкон забонхат менависанд, то узвҳои бадани онҳо дар сурати марги мағзӣ барои наҷоти беморони дигар истифода шавад. Мегуфтанд, ки мо узвҳоямонро ба хок набарем, то ки ба дигаре хизмат расонанд. Ман ҳам тарафдори ин амалам. Мебинам, ки дар кишвари мо даҳҳо нафар ба ҷигару гурда эҳтиёҷ доранд ва ҳолашон дар пеши чашми мо бад мешавад.”

АМАЛЕ ҲАМЧУН ОХИРИН ВАСИЛАИ НАҶОТ

Ба иттилои Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ҳоло дар Тоҷикистон 1500 нафар ба амалиёти пайванди ҷигар ва гурда ниёз доранд, вале теъдоди ками онҳо донор пайдо мекунанд.

Пайванди гурда ва ҷигар дар Тоҷикистон ба осонӣ даст намедиҳад, зеро аз як сӯ нархи пайвандсозӣ хеле гарон аст, аз тарафи дигар аксари сокинон дар пайдо кардани донор мушкилӣ мекашанд. Дар сурати пайдо кардани донор бо пардохти наздики 50 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 8 ҳазор доллари амрикоӣ имкони пайвандсозии гурда дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Пизишкони Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ки дар сурати марги мағзӣ узвҳои бадани худро ба ниёзмандон васият кардаанд, мегӯянд, агар узвҳои бадани панҷ нафаре, ки дар моҳ бар асари марги мағзӣ дар Тоҷикистон меафтад ба беморони дигар пайванд шаванд, мушкили садҳо бемор ба маротиб сабуктар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG