Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Салом аз Мисри ноором. Номаи донишҷӯёни тоҷик


Эътирозҳо дар Қоҳира

Эътирозҳо дар Қоҳира

Гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳҳои Миср дар як нома ба Озодӣ навиштаанд, ки дар ин кишвари ноором эҳсоси ноамнӣ мекунанд.

Дар ин нома омадааст: “Сафоратхонаҳои кишварҳои дигар донишҷӯёни худро аз мавзеъҳои хатарнок ба маҳаллоти амн кӯч додаанд, вале донишҷӯёни тоҷикро касе ҷустуҷӯ намекунад. Донишҷӯёни зиёди тоҷик мехоҳанд, ки Мисрро тарк кунанд, вале имконият надоранд. Кишвари Мянмар донишҷӯёни худро бозхонд, як ҳафта пеш кишварҳои арабӣ ҳамин корро карданд. Сафорати Афғонистон дар хориҷ аз хобгоҳҳо дар ҷойҳои амн барои донишҷӯёни худ меҳмонхона интихоб кардааст ва онҳоро имрӯз (3 июл) ба он ҷо интиқол медиҳад. Бисёр донишҷӯён аз дигар кишварҳо сафар кардаанд. Баъзеи мо дар хобгоҳ ва баъзеамон дар хориҷ аз он ба сар мебарем. Вазъият хеле сахт аст ва ҳеҷ кас имкон намедиҳад, ки аз хобгоҳ берун бароянд.”

Дар поёни нома донишҷӯён аз Озодӣ хостаанд, ки аз онҳо ном бурда нашавад.

Баъд аз дарёфти ин нома радиои Озодӣ бо сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қоҳира телефонӣ тамос гирифт ва аз сафир Нарзулло Назаров пурсид, ки оё иддаои донишҷӯён воқеъият дорад?

Назаров: Дар Қоҳира донишҷӯёне, ки бо квота ё бурсҳои расмӣ мехонанд, имрӯзҳо дар таътили тобистона ҳастанд ва ба Ватан рафтаанд. Теъдоди ками онҳо ҳам омодагӣ доранд ва ба Ватан бармегарданд. Аммо донишҷӯёне ҳам ҳастанд, ки бо майли худ берун аз квота дар донишгоҳи Ал Азҳар ё муассисаҳои дигари таълимӣ таҳсил мекунанд. Мо бо созмони онҳо дар тамос ҳастем ва онҳоро огоҳ кардаем, ки донишҷӯёни мо, шаҳрвандони мо дар минтақаҳои гирдиҳамоӣ гашту гузор накунанд. Мо онҳоро огоҳ кардеам ва ба назорат гирифтаем. Бо иттиҳоди донишҷӯён дар Ал Азҳар низ дар тамос ҳастем.

Озодӣ: Бо назардошти ин, ки таътили тобистона аст, боз ҳам тахмин задан мумкин аст, ки чанд нафар дар Қоҳира боқӣ мондаанд?

Назаров: Бар асоси маълумоти расмие, ки дар сафорат сабт шудааст, 21 нафар донишҷӯ бо бурсҳои расмӣ дар донишгоҳҳои Ал Азҳар ва Айн-уш-Шамс таҳсил мекунанд. Бино ба маълумоти дирӯзаи мо, акасри онҳо ба Ватан баргаштаанд. Ду-се нафари дигари онҳо ҳам ҳамин шабонарӯзҳо барои таътил бармегарданд.

Озодӣ: Оё донишҷӯёне, ки ба радиои Озодӣ нома фиристоданд, бо сафорат ҳам тамос гирифтаанд ва ё нома фиристода, маҳали иқомати худро муайян кардаанд?

Назаров: Ба мо муроҷиат накардаанд ва шояд зарур ҳам набошад, чунки онҳо як иттиҳод доранд. Мо бо ин иттиҳод дар тамос ҳастем. Мо тавассути ин иттиҳод ба онҳо гуфтем, ки алҳол дар маҳали зисти худ бошанд ва ба минтақаҳое, ки хатарзо аст, ба он ҷойҳо нараванд. Худи ин донишҷӯён ба мо муроҷиат накардаанд ва дархосте ҳам нарасидааст. Мо тавассути ин иттиҳод кӯмакҳои заруриро ба онҳо мерасонем. Ин иттиҳод дар Ал Азҳар аст. Аммо донишҷӯёне ҳам ҳастанд, ки берун аз Ал-Азҳар дар ҷойҳои дигар бо хости худ таҳсил мекунанд. Онҳо бо сафорат тамос надоранд. Вале ин ба маънои он нест, ки мо ба онҳо кӯмак намекунем. Новобаста аз он, ки онҳо расмӣ таҳсил мекунанд ва ё ғайрирасмӣ ва ё ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба кӯмаки мо зарурат дорад, бо мо тамос гиранд ва хабар диҳанд, мо ба онҳо кӯмак мекунем. То ҳол ба сафорат шиква ё шикояте нарасидааст. Сафорат омода аст, ки ҳар хидмат ё кӯмаки лозимаи имкондоштаро ба онҳо расонад. Телефонҳои мо ҳамеша боз аст. Вале боз ҳам таъкид мекунем, ки вазъ мураккаб ва ғайриқобили пешбинист ва бояд ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар Қоҳира аз гашту гузор худдорӣ кунад.

Дар поёни ин мусоҳиба Нарзулло Назаров - сафири Тоҷикистон дар Қоҳираи Миср дархост кард, ки телефонҳои сафорати Тоҷикистон дар Қоҳираро дар поёни матни ин сӯҳбат гузорем, то донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон битавонанд бо онҳо тамос бигиранд.

Шумораи сафорат барои тамос аз Қоҳира дар соатҳои корӣ:

252 141 20

Ва шумораи телефони ҳамроҳи (mobile) сафир барои тамоси шабонарӯзӣ дар ҳар соат: +201 140 934 455

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG