Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷики Бодкандро "то ором шудани вазъ" таътил додаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Донишкадаи улуми иҷтимоии Русия дар Ботканд дар пайи таниши марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон донишҷӯёни тоҷикро ба таътил фиристодааст.

Донишкадаи улуми иҷтимоии Русия дар Бодканд дар робита ба моҷарои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон донишҷӯёни тоҷики худро ба таътил фиристодааст.

Таътили солинавӣ дар Донишкадаи улуми иҷтимоии Русия рӯзи 13-уми январ ба поён расид, аммо донишҷӯёни тоҷик паси мизи таҳсил барнагаштанд. Мудирияти донишкада ба таътили зимистонаи онҳо ду ҳафтаи дигар зам намуд ва мегӯяд, беҳтар аст, аз паёмадҳои ногувор пеширӣ ба амал ояд. Тирандозии байни марзбонони ду кишвар, ки рӯзи 11-уми январ ба вуқӯъ пайваст, сабаб гашт, то идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик ба таъхир афтад. Донишҷӯёни тоҷик аз он ҳарос доранд, ки мабодо сардӣ ва хусумат байни ду кишвар ба дарозо кашад ва сабаби қатъи таҳсили онҳо гардад.

Аммо раиси донишкада Мақсуд Боқиев, тамдиди таътили донишҷӯёни тоҷикро як чораи муваққатие меномад, ки зимни номаи ҳукумати маҳалӣ ба миён омадааст: “То ором шудани вазъ мо бачаҳоро таътил додем. Мо гуфтем мабодо ягон гапу кор нашавад, фақат ба хотири бехатарии донишҷӯён. Як мактуб аз ҳукумати маҳаллӣ омада буд, ки ин масъаларо дида бароед. Дар донишгоҳи мо донишҷӯён аз Туркманистон, Қирғизистон Тоҷикистону Узбакистон таҳсил мекунанд ва мо ҷавононро дар рӯҳияи башардӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ тарбия кунем. Аммо ба ҳар ҳол бо пеш омадани ин мушкил барои амнияти бачаҳо мо онҳоро таътил додем.»

Донишкадаи улуми иҷтимоии Русия дар маркази вилояти Бодканд воқеъ аст ва минтақаи моҷарои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи ноҳияи Бодканди ҳамин вилоят ба амал омадааст. Зиёда аз 40 дарсади донишҷӯёни он аз Тоҷикистонанд ва аксари онҳо дар деҳоти наздимарзии Тоҷикистон ба сар мебаранд. Албатта, дар байни онҳо сокинони навоҳии дигари Тоҷикистон низ ҳастанд, зеро ин донишкада аввал дар шаҳри Хуҷанд воқеъ буд ва соли 2006 вазорати маорифи Тоҷикистон фаъолияти онро қатъ кард. Донишгоҳ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон кӯчид ва ҷавонони тоҷикро низ бо худ ба ин ҷо овард.

Сироҷиддин, донишҷӯи соли авали донишкадаи мазкур мегӯяд, ҳодисаҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон набояд ба идомаи таҳсили ӯ монеъ шаванд. Вай дар Бодканд дар манзили иҷора ба сар мебарад ва мегӯяд, ин ҳодисаҳои ахир ба муносибати ӯ ва бачаҳои қирғиз мушкиле эҷод накардааст. Аммо вазъи куллӣ тағйир ёфтааст. Донишҷӯёни мегӯянд, ҳоло ба фарқ аз гузашта дар роҳ ба донишгоҳ афроди низомпӯши зиёде ба назар мерасанд ва рафтуои онҳо низ то ҷое мушкил шудааст.

Масъулони донишгоҳ мегӯянд, талош доранд, донишҷӯён дар рӯҳияи дустӣ ва таҳаммулпазирӣ парварда шаванд, аммо Алишер, яке аз донишҷӯён мегӯяд, бо вуҷуди таҳсили якҷоя бо ҷавонони қирғиз онҳо бо ҳам чандон робита надоранд ва наздик нестанд: «Мо дар як гуруҳе бо қирғизҳо таҳсил мекунем. Се ҷавон аз Қирғизистонанд, вале чандон бо ҳам сӯҳбат намекунем. Онҳо ба кори худ машғуланд ва мо зиндагии худро дорем. Бино бар ин, дар мавзӯи муноқишаи ду кишвар ҳам баҳсе миёни мо сар намезанад, чун бо ҳам кам сӯҳбат мекунем.»

Ба ақидаи нозирон, ҳарчанд назаррас нест, аммо моҷарои ахири марзӣ муносибати байниҳамии ҷавонони минтақаҳои ҳамсарҳади ду кишвар -- Тоҷикистону Қирғизистонро сард кардааст. Ғолиб Урунов - узви шабакаи созмонҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, муноқишаву баҳсҳо сари истифодаи обу замин ва марзҳои номуайян ба муносибати ҷавонони минтақаҳои марзии ду кишвар бетаъсир намемонад ва онҳо аз сари эҳсосот ва ҳам зери таъсири калонсолон дар муқобили якдигар қарор мегиранд.

Ҳоло рӯшан мешавад, ки ҷашнвораву ҳамоиши ҷавонони ду кишвар, ки қариб солона дар ин минтақа баргузор мегашт, таъсири зиёда надоштаанд. Барои наздик кардани ҷавонон тоҷику қирғиз дар ноҳияҳои Исфараву Ғафурови Тоҷикистон ва Бодканду Лайлаки Қирғизистон сар аз соли 2003 барномае бо номи "Водии сулҳ" мавҷуд аст, ки созмонҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ кардаанд. Вале маълум мешавад, шӯру шавқи чунин тарҳҳо бо аввалин муноқишаи байнин ду кишвар аз байн мерафтааст.

Ғолиб Урунов мегӯяд: «Мо дар ҳамин маврид моҳи декабр дубора лоиҳаи вижаеро рӯйи даст гирифтем, дар байни мактаббачаҳо оиди боло бурдани рӯҳияи таҳаммулпазирӣ кор мебурдем аммо бинобар сар задани ҳодисаҳои ахир ҳоло наметавонем ин фаъолиятро пеш барем. Рафтуо номумкин аст, миқдори зиёди низомиён аз ду тараф аст ва баҳамоварии ҷавонон ҳоло мушкил аст. Аз ҷониби дигар, ҷавонон ҳоло шавқи бо ҳам якҷо ҷамъо омадан надоранд. Баҳсҳои дар миёни ҷавонон ҳам зиёд аст, онҳо мегӯянд, тарафи ҳамсоя ба сохтмон ҳамин объекту роҳҳои алтернативӣ ниёз надорад. Хулоса, ҳамин масъала миёни ҷавонони ду кишвар дилхунукӣ овард.»

Ғолиб Урунов меафзояд, дар чунин вазъият бояд волидон ва масъулони кишварҳо аз ҷалби наврасону ҷавонон ба ин муноқишаву баҳсҳо ҷилавгирӣ кунанд. Дар акси ҳол, ин ҳолат метавонад ба боло гирифтани ҳисси бадбинии миёни ҷавонони ду кишвар шавад ва дар оянда нақши ногувор бозад.

Донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон ва қирғиз дар Тоҷикистон метавонанд, ба беҳбуди равобит кӯмак кунанд ва ин аст, ки муҳассилини Донишкадаи улуми иҷтимоии Русия дар Бодканд бесаброна интизоранд, ки таътили онҳо ба поён расад ва ин бор талош хоҳанд кард, ки байни онҳо ва ҷавонони қирғиз наздикию дӯстии ҳақиқӣ пайдо шавад.
XS
SM
MD
LG