Пайвандҳои дастрасӣ

3 ВИДЕО: Табрикоти донишҷӯёни тоҷик аз хориҷ


Гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик дар Русия

Гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик дар Русия

Ба унвони радиои Озодӣ паёмҳои видеоии донишҷӯёни тоҷик аз Қазоқистон, Украина ва ИМА расид, ки ҳамдиёрон ва азизони худро дар Тоҷикистон бо фарорасии Соли нав табрик мекунанд.

Дар саросари ҷаҳон ҳазорҳо донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Имрӯз тақрибан ягон кишваре нест, ки дар мактабҳои олии он ҷавонҳои тоҷик таҳсил намекарда бошанд. Серҷамъияттарин макони таҳсили ҷавонҳои тоҷик Русия ба шумор меравад. Дар мактабҳои олии ин кишвар тахминан 5000 тоҷикистонӣ дар риштаҳои мухталиф дарс мехонананд. Як бахши онҳо ройгон ва бо роҳхати вазорати маориф ва аксари дигарашон бо пули волидон таҳсил мекунанд. Дар миёни кишварҳои дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи донишҷӯёни тоҷик қарор доранд, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Чин ном зикр мешаванд. Вазорати маориф мегӯяд, ки бо роҳхати ин ниҳод тахминан 2500 донишҷӯи тоҷик ба хориҷа барои таҳсил фиристода шудаанд, ки 280 нафари онҳо ба Чин фиристода шудаанд.

Соли 2014 бо ноамниҳо дар шарқи Украина, барномаҳои таҳсили даҳҳо донишҷӯи тоҷик ба ҳам зада шуд. Аз рӯи иттилои дарёфтии корбарони сайти Озодӣ, аз 20 донишҷӯи тоҷике, ки аз оғози соли 2014 дар Украина таҳсил мекардаанд, 8 нафарашон бо сабаби ноамниҳо ин кишварро тарк карда ба кишварҳои дигар рафтанд, 12 нафар таҳсилашонро идома медиҳанд. Яке аз шаҳрҳои мизбони донишҷӯёни тоҷик шаҳри Одесса аст, ки он ҷо дар Академияи мухобирот таҳсил мекунанд ва бо кумаки соҳибкорон ҳатто як утоқи тоҷиконро ҳам дар ин ҷо таъсис додаанд. Ин макон барои сарҷамъ кардани тоҷикон ва ҳам баргузории маҳфилҳои миллӣ истифода мешавад. Аз Одесса Абдуҷаббор Алиев, донишҷӯи соли чоруми Академияи мухобирот табрикоти солинавии худро ба радиои Озодӣ фиристод:

Қазоқистон яке аз кишварҳои муҳими мизбони донишҷӯёни тоҷик шуд. Ҷамъияти тоҷикистониҳои ин кишвар хеле фаъол аст ва дар остонаи Соли нав ҳам бисёри ҷавонҳои муҳассисли донишгоҳҳои Алмаато омода шуданд, табрикони видеоии худро барои хонандагони сайти Озодӣ ва волидонашон сабт карда фиристанд:

Дар ИМА ҳам садҳо ҷавони тоҷик таҳсил ва кор мекунанд. Онҳо дар таҷлили идҳои миллии кишвар, аз ҷумла, иди Истиқлолият ва Наврӯзу Соли Нав ташаббус нишон дода, аз рӯи имконият дар ҷашнҳои миллӣ бо иштироки ҷамъияти тоҷикони он кишвар ширкат мекунанд.

Яке аз онҳо Бежани Маҳмуд аз донишгоҳи Небраскаи шаҳри Омаҳа аст, ки паёми табрикии худро ба радиои Озодӣ фиристод:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG