Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушкили будубоши донишҷӯёни тоҷик дар Украина


Акс аз ҳамоиши нахустини донишҷӯёни тоҷик дар Украина бардошта шудааст. Апрели соли 2012. Муаллиф Dmitriy_Kichimasov

Акс аз ҳамоиши нахустини донишҷӯёни тоҷик дар Украина бардошта шудааст. Апрели соли 2012. Муаллиф Dmitriy_Kichimasov

Даҳҳо ҷавони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекунад, ба мушкили будубош дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.


Онҳо мегӯянд, масъалаи дарёфти иҷозаи иқомат дар Укрина таҳсилашон дар ин кишварро зери хатар бурдааст.

Бино ба як қоидаи нави ҳукумати Украина, ин донишҷӯён ҷиҳати дарёфти иҷозаи иқомат ва таҳсил, бояд раводид дошта бошанд. Сухан дар бораи ҳадди аққал 20 нафаре меравад, ки имсол бо роҳхати вазорати маорифи Тоҷикистон ба Украина сафар кардаанд. Айни замон, ба қавли вазорат, шумори донишҷӯёни ниёзманди виза метавонад аз ҳисоби ононе зиёд бошад, ки бо роҳҳои хусусӣ ба ин кишвар барои таҳсил сафар кардаанд.

Комрон Бобоев, донишҷӯи соли аввали донишгоҳи Украинаи шарқӣ, дар минтақаи Луган яке аз онҳост. Ба қавли вай, ба онҳо як моҳи дигар мӯҳлат доранд, то ин корро анҷом диҳанд, дар акси ҳол ин донишҷӯён аз таҳсилу иқомат дар ин кишвар маҳрум ва аз ин ҷо ихроҷ хоҳанд шуд. Комрон дар як тамоси телефонӣ гуфт:

  • Моҳи август, мо ба Украина омадем ва шиносномаҳои худро барои сабт шудан супурдем, баъди қариб 2 ҳафта ба мо занг зада гуфтанд, ки ба шумо тибқи қонуни нав виза даркор. Мо ба сафорати Тоҷикистон дар Украина муроҷиат кардем, он ҷо гуфтанд, ки шумо бояд ба сафорати Украина дар Росия ва ё Молдова рафта раводид гиред. Ман ҳоло аз пайи таҳсилам ҳастам ва намедонам чӣ кор кунам. Агар аз Украина берун шавам чанд вақт аз таҳсил дур мемонам ва боз ин харҷу вақтро талаб мекунад, - гуфт Комрон.

Комрон Бобоев

Комрон Бобоев

Ба қавли Комрон он донишҷӯёне ҳам, ки барои дарёфти раводид ва иҷозаи будубош ба пойтахти Русия ва кишварҳои дигар сафар кардаанд, то ба ҳол натавонистаанд дар ин кор муваффақ шаванд. Хушнуд, донишҷӯи донишгоҳи ба номи Владимир Даря, ҳам ки дар соли аввали ихтисоси дорусозӣ таҳсил дорад, маҳз бо ин ҳадаф ба Маскав рафта буд, вале баъди бештар аз як ҳафтаи такудаву саргардониҳо ва сарфи 500 доллар бераводид дубора ба Украина баргашт. Вай мегӯяд:

  • Рафтем, мӯҳри раводидро дар шиносномаҳоям нагузоштанд. Гуфтанд мо бояд аввал ба Украина дархост фиристему муайян кунем, ки шумо воқеан донишҷӯед. Як моҳ пас партофтанд ин корро. Хулоса харҷи зиёд кардем ва болои ин милисаҳо қапиданду, барои будубоши муваққатӣ дар Маскав ба мушкил дучор шудем. Ду рӯз шуд ба Украина омадем, аз донишгоҳ як ҳафта ҷавоб гирифта будем, вале корамон аз як ҳафта ҳам зиёдтар давом кард.

Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, онҳо аз ин вазъ огоҳанд. Чанде аз волидон бо ин мушкили фарзандони худ ба онҳо муроҷиат кардаанд. Аммо ба гуфтаи Татяна Юсупова, як масъули бахши равобити хориҷии вазорати маориф, онҳо ин масъаларо бо ҳамтоёни украинии худ баррасӣ карданд ва донишҷӯён дар ин маврид “ягон мушкиле надоранд”.

  • Ман дар ин маврид бо масъулини вазорати маорифи Украина чанд маротиба сӯҳбат доштам. Онҳо гуфтанд, ки ин муқаррароти нав аст ва бояд иҷро шавад. Вале айни замон гуфтанд, ки кӯшиш мекунанд, ки ем ин масъаларо тавре ҳал кунем, ки донишҷӯёнро ташвиш надиҳем. Гуфтанд, донишҷӯён ҳоло бемушкил таҳсил доранд ва мо ба онҳо коре надорем. Имкон дорад ҳама ҳуҷҷатҳоро ҷамъ мекунем ва бо ирсоли як намоянда аз ҳар шаҳри Украина ба берун аз ин кишвар донишҷӯёнро соҳиби раводид ва иҷозаи будубош мекунем.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати маорифи Тоҷикистон, бо роҳхати ин ниҳод танҳо имсол аз Тоҷикистон 20 донишҷӯ барои таҳсил ба Украина сафар карданд, аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки бо роҳҳои хусусӣ ва ғайрирасмӣ шомили донишгоҳҳои ин кишвар шудаанд.

Донишҷӯёне, ки дар соли аввали донишгоҳи Украина таҳсили илм доранд мегӯянд, ҳоло ягона дархости онҳо ин аст, ки ин масъала дар сатҳи байникишварҳо, ё ниҳодҳои зирабт, яъне бидуни дахолати донишҷӯён, ки ҳоло бояд машғули тадрис бошанд, роҳҳали худро пайдо кунад.

Аммо Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, ин муқарарроти Украина барои танҳо Тоҷикистон не, балки кишварҳои дигар ҳам ҳаст ва донишҷӯёни тоҷик қабл аз он ки ба Украина сафар кунанд, аз ин вазъ огоҳ шуда буданд. “Онҳо бояд то сафар ин масъаларо ҳал мекарданд”, - гуфт ӯ.

  • Тоҷикистон бо Украина раводид надорад, вале барои донишҷӯёне, ки барои таҳсил ва бо мӯҳлати зиёд ба ин кишвар сафар мекунанд, раводиди донишҷӯӣ амал мекунад. Ва ба ин ҷавонҳое ҳам қабл аз сафар дар вазорати корҳои хориҷа гуфта буданд, ки рафта аз сафорати Украина дар Тошканд раводид гиранд. Онҳо нарафтанд ва ин корро накарданд ва шояд акнун ин мушкил пеш омадааст, - гуфт сухангӯи вазорати хориҷа.

Давлат Назрӣ гуфт, аз сафорати Тоҷикистон дар Украина дархост шудааст, ки ин масъаларо пайгирӣ кунад. Аммо Донишҷӯён ва волидони онҳо мегӯянд, онҳо то сафар ба Украина аз ин вазъ огоҳ набуданд.Танҳо баъди ворид шудан ба Украина ин мушкил пеш омадааст.

Бояд гуфт сар аз оғози таҳсил ин саввум ҳолатест, ки донишҷӯёни тоҷик зимни сафар ва таҳсил дар кишварҳои хориҷ ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд. 2 моҳи пеш шикояту норозигии муҳассилини тоҷики донишгоҳҳои Қазоқистон, ки ихтисосҳояшон тағйир дода шуд, тамоми расонаҳоро пахш кард. Чанд ҳафта пеш, донишҷӯёни тоҷик барои сафар ва таҳсил ба Эрон ба мушкил дучор шуданд ва акнун донишҷӯёни тоҷикро дар Украина муқарарроти нав барои ба даст овардани иҷозаи буду бош нигарон кардааст.

Тибқи иттилои радиои Озодӣ, дар мактабҳои олии Украина на камтар аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунад. Соли ҷорӣ нахустин ҳамоиши донишҷӯёни тоҷики мактабҳои Украина барпо шуд, ки муҳассилони беш аз 30 донишгоҳ, яъне университетҳои Харков, Одесса, Днепропетровск, Киев, Тернопол, Кировоград, Донетск, Виннитск, Луганск, Полтава ва Черкасскро ба ҳам овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG