Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷик тобистон ба муҳоҷирони корӣ мепайванданд


Донишҷӯёни тоҷик дар яке аз донишгоҳи хориҷи кишвар. Акс аз бойгонӣ.
Донишҷӯёни тоҷик дар яке аз донишгоҳи хориҷи кишвар. Акс аз бойгонӣ.

Дар ин рӯзҳо, ки таътили тобистонаи донишҷӯён идома дорад, шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия аз бозгашт ба Тоҷикистон худдорӣ кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар шаҳрҳои бузург Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия як ҷо бо нируҳои интизомӣ зуд-зуд амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонуниро анҷом ва дар бораи бозошти муҳоҷирон хабар медиҳанд. Сафорати Тоҷикистон истисно намедонад, ки гаҳ-гоҳе дар чунин амалиёт донишҷӯён низ ба сабаби бо худ нагирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ муваққатан боздошт мешаванд ва то маълум кардани ҳуввияташон онҳоро нигоҳ медоранд.

Вале суоле пеш меояд, ки чаро баъзе аз донишҷӯён дар таътили тобистона ба Ватан барнамегарданд? Дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ Ҳакимзода Аҳмадшоҳи Раҳмон - донишҷӯи соли дуввуми донишгоҳи кишоварзии шаҳри Кемерово, гуфт, ки намехоҳад харҷи рафту омад ба волидайнаш гаронӣ кунад ва вай ҳоло чун боркунанда ё грузчик дар мағозае машғули кор аст ва ба корҳои дигари мағоза низ ёрӣ мерасонад. Вай 5 июл корро оғоз кардааст ва мехоҳад то охири моҳи август корашро идома диҳад. Аз вай мепурсам, чаро намехоҳад, ки волидайнаш барои бозгашти вай ба Ватан пул фиристанд?

“Барои он, ки имсол додарам дар Душанбе донишҷӯи донишгоҳ мешавад. Масалан, агар ман ба хона баргардам, барои ман пул зарур аст, барои билет харидан, барои рафту омадам. Ман намеравам ва ин пулро барои дохил кардани додарам истифода мекунанд,” - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Сияршоҳ Абдуҷабборов - раиси “Иттиҳодияи тоҷикони Русия” дар Новосибирск мегӯяд, бо оғози таътили тобистона муроҷиати донишҷӯёни тоҷик барои кӯмак ба онҳо афзоиш ёфтааст. Донишҷӯён барои пайдо кардани кори муносиб аз ҷамъияти тоҷикон кумак мехоҳанд: “Мо дар якҷоягӣ бо намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Новосибирск донишҷӯёнеро, ки тобистон дар ин ҷо мемонанд, дар давоми ду-се моҳи таътилашон бо ҷойҳои кории муваққатӣ таъмин мекунем. Онҳо дар cехҳои яхмосбарорӣ, дар корхонаву мағозаҳое, ки соҳибкорони тоҷик дар Новосибирск кушодаанд, аз ҷумла дар мағозаҳои Раҳимҷон Бобоҷонов ва Асомиддин Шоев кор мекунанд”.

Бар асоси маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар минтақаи Сибир танҳо дар шаҳри Новосибирск тақрибан 250 ва дар шаҳри Кемерово ҳудуди 120 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Муҳаммадӣ Давлатов - намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Новосибирск дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ гуфт, онҳо омодаанд дар ин шаҳр клуб ё бошгоҳи донишҷӯёни тоҷикро таъсис диҳанд ва дар вақтҳои зарурӣ ба онҳо кӯмаки худро расонанд:

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Давлатов: Дар шаҳри Нововсибирск донишҷӯёни тоҷик ё аз ҳисоби квотаи президент ва ё аз ҳисоби худ омада таҳсил мекунанд. Модоме, ки дар ин шаҳр аз 220 то 250 нафар ҷавонони мо таҳсил мекунанд, мо наметавонем, онҳоро аз назари худ дур кунем. Донишгоҳе ҳаст, ки дар он 50 нафар мехонад ё дар донишгоҳҳои дигар 10-20 нафарӣ мехонад. Онҳо якдигарро намешиносанд. Мо мехоҳем клуб (бошгоҳ) ташкил кунем, бо ҳамдигар шинос шаванд, рафту омад кунанд. Дар маъракаҳои сиёсӣ ва фарҳангие, ки мо мегузаронем, иштироки ҳамин донишҷӯён фаъолтар мешавад. Онҳо, ки аз хона аз назди падару модар дур ҳастанд, онҳо худашон мехоҳанд, ки сарпарасте дошта бошанд. Масалан, одаме ёбанд, ки бо вай ҳамсӯҳбат шаванд. Бо проблемае, ки рӯ ба рӯ мешаванд, саъй кунанд, ки бо ёрии мо ҳал кунанд. Баъзен донишҷӯёни мо дар давраи таътил ба хона баргашта намераванд, мехоҳанд, ки дар ин ҷо кор кунанд. Онҳо мегӯянд, ки рафту омад барояшон мушкил аст, каме кор мекунанд ва моҳи охир агар имкон шавад рафта падару модар ва хешу таборро хабар гирифта баргашта меоянд. Барои ҳамин онҳо дар мағозаҳои хӯрокворӣ ё мағозаҳое мисли “Обувь-Планета” кор мекунанд. Ҳоло мағозаҳои калоне ҳастанд, ки фарзандони миллати тоҷик онҳоро боз кардаанд. Мо ба ҳамин гуна мағозадорон муроҷиат мекунем, ки донишҷӯёнро ду-се моҳ кор гиранд. Донишҷӯён машваратчии фурӯшанда ё посбони мағоза кор мекунанд. Аз ҷиҳати маънавӣ сатҳи фаҳмиши донишҷӯёни мо баланд аст. Баъди ду-се сол хеле муваффақ ҳам мешаванд. Мо ин суханонро дар ҳаққи донишҷӯёни тоҷик аз забони вазири маорифи вилояти Новосибирск ҳам шунидаем.

Озодӣ: Ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки мехоҳад дар кишвари дигар кор кунад, бояд иҷозаи корӣ дошта бошад. Ин донишҷӯёне, ки дар давраи таътил кор мекунанд бояд иҷозаи корӣ бигиранд ё на?

Давлатов: Донишҷӯёни мо бештарашон сабти номи муваққатӣ доранд. Онҳо ба муддати се сол ҳақи иқомат мегиранд. Дар чунин ҳолат ба онҳо иҷозатномаи корӣ лозим нест.

ДАР РУСИЯ 5 ҲАЗОР ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Тибқи маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ҳоло дар Русия бештар аз 5 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Русия ва Тоҷикистон дар бораи таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои Русия қарордоди ҳамкорӣ имзо кардаанд ва дар оянда шумораи донишҷӯёни тоҷик дар Русия афзоиш хоҳад ёфт. Дар давраи таътили тобистона донишҷӯёне дар Русия мемонанд, ки шаҳрро хуб медонанд ва имкони пул ба даст овардан доранд.

Муҳаммади Эгамзод, сӯхангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Муҳаммади Эгамзод, сӯхангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Муҳаммади Эгамзод - сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дар муқоиса бо Амрико, Русия ба донишҷӯён иҷозаи корӣ содир намекунад, ба ин далел донишҷӯён ё мисли таҷрибаомӯз дар корхонаву муассисаҳо кор мекунанд ва ё корҳоеро анҷом медиҳанд, ки ба онҳо фармоиш медиҳанд. Ҳатто баъзе донишҷӯён бо истифода аз таътили тобистона дар чаҳорчӯбаи барномаи амрикоии “Working and travel” барои забономӯзӣ ба Амрико мераванд. Вале шуморе дигар дар рӯзҳои таътил дар худи Русия ба коромӯзӣ мебароянд ва як миқдор пул ҳам кор мекунанд.

Оқои Эгамзод дар ин бора мегӯяд: “Аксари донишҷӯёни тоҷик, ки дар Маскав таҳсил мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки мӯҳлати таҷрибаомӯзии худро дар давраи таътили тобистона бигиранд ва ба ташкилоту муассисаҳое муроҷиат кунанд, ки дар он ҷо коромӯз ё табрибаомӯз бошанд. Ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз номи донишгоҳҳо ва худи донишҷӯён дархостҳо мерасад, то мо ба ташкилоту корхонаҳои бузурги Русия, ба хусус дар бахшҳои электроэнергетика ва телекоммуникатсия тамос бигирем ва барои донишҷӯён иҷозаи таҷрибаомӯзӣ бигирем”.

Донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ давраи таътили тобистонаи худро дар бемористонҳои Русия сипарӣ мекунанд ва кор меомӯзанд.
XS
SM
MD
LG