Пайвандҳои дастрасӣ

А.Ҳотамов: "Шогирдони мо бо ҷавонони донишманди дунё рақобат мекунанд"


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

4 нафар шогирдони гимназия-парваришгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия бо номи “Ҳотам ва ПВ”, аз Олимпиадаи риёзидонҳои наврас дар Балкан бо медал ба Тоҷикистон баргаштанд.

Олимпиада риёзидонҳои наврас аз 24 то 29 июн дар шаҳри Белгради Сербистон баргузор шуд ва дар он намояндагони 19 кишвар ширкат ҷустанд. Шогирдони гимназия-парваришгоҳи муштараки Тоҷикистон Русия -- Абубакр Усмонов медали нуқра, Меҳрон Бобохонов, Сунатулло Раҳматов ва Азизҷон Исматов медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ Абдулфаттоҳ Ҳотамов, мудири гимназия дар бораи ин олимпиада гуфт:

Ҳотамов: Барои иштирок дар олимпиадаи Балкан дар даври интихобӣ дар дохили худи Тоҷикистон шаш нафар баранда шуданд. 4 нафари онҳо аз мактаби мо ва ду нафари дигар аз мактаби Ҳоҷӣ-Камол. Вале онҳо бо сабабҳои номаълум дар ин Олимпиада иштирок накарданд. Шогирдони мо ширкат карданд ва хурсандиовар аст, ки ҳамаи ин 4 нафар сазовори медал гардиданд. Абубакр медали нуқра ва се нафари дигар, яъне Сунатулло, Меҳрон ва Азизҷон медали биринҷӣ гирифтанд.

Ҳамаи инҳо наврас мебошанд ва синну солашон имкон медиҳад, ки боз ду бори дигар дар оилмпиадаҳои ҷаҳонӣ ширкат ҷӯянд. Ҳамаашон ҳоло шогирдони синфи 8 мактаби мо мебошанд. Дар мактаби мо барои омӯзиши масъалаҳо вақти ниҳоят кам ҷудо шудааст, лекин онҳо худашон мустақилона зиёд мехонанд ва аз адибиёти дигар истифода мебаранд. Бинобар ин онҳо дар олимпиада аз ӯҳдаи иҷрои ҳамаи масъалаҳои риёзӣ ба хубӣ баромаданд. Яке аз инҳо Меҳрон 3 июл ба як олимпиадаи дигари ҷаҳонӣ меравад.

Озодӣ: Баъд аз ин комёбиҳо боз ҳам имкон фароҳам мекунед, ки шогирдони шумо бештар дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ширкат кунанд?

Ҳотамов: Албатта ҳадафи мо ин аст, ки шавқу рағбати шогирдон зиёд шавад. Барои ҳамин ба хароҷоти зиёд нигоҳ накарда, мо дар оянда ин барномаҳоро бештар хоҳем кард. Барои кӯдакони чунин синну сол як ҷойро рафта дидан ба рӯҳияи онҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Як кишвари дигар ва шароити дигарро мебинанд, бо ҷавонони донишманд шинос мешаванд. Дар дохили кишвар чунин ҷавонон ҳастанд, вале онҳо барои шогирдони мактаби мо рақиби ҷиддӣ буда наметавонанд. Шогирдони мо бо ҷавонони донишманди ҷаҳон ба рақобат мепардозанд ва талош мекунанд, ки ба пешсафони ҷаҳонӣ баробар шаванд ва ҳатто бар онҳо ғалаба кунанд. Мо кӯшиш мекунем, ки бо истифода аз имконият, ширкати ҳар чӣ бештари шогирдони худ дар олимпиадаҳои ҷаҳониро таъмин намоем.

Озодӣ: Барои рушди чунин шогирдони болаёқат дар гимназия барномаҳои алоҳида ҳаст ё чӣ тавр?

Ҳотамов: Барои рушди шогирдон мо ҳар қадр, ки метавонем шароити беҳтар фароҳам меорем. Онҳоро бо адабиёти зарурӣ таъмин мекунем. Гузашта аз ин, тавассути интернет дар олимпиадаҳои бози Русия иштирок мекунанд. Ширкати онҳо дар ҳар олимпиада барояшон таъсири хуб дорад. Онҳо дӯстони зиёд ҳам пайдо мекунанд ва ин кор дар ҳаёташон ба як ҷаҳиш монанд аст.

Озодӣ: Оё гимназияи шумо бо интернети шабонарӯзӣ пайваст аст ва шогирдон метавонанд ба таври доимӣ аз он истифода баранд?

Ҳотамов: Албатта, интернети шабонарӯзӣ ҳаст ва онҳо ҳар қадр, ки бихоҳанд метавонанд истифода баранд.

Озодӣ: Дар гимназияи шумо аз синфи чанд қабул мекунанд ва то кадом синф таълим идома меёбад?

Ҳотамов: Дар дигар ҷойҳо аз синфи як то синфи ёздаҳ таҳсил мекунанд, вале мо шогирдонро баъд аз синфи чор, яъне аз синфи панҷ қабул мекунем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG