Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури беш аз 200 кӯдаки тоҷик дар ҷангҳои Ироқу Сурия


Тамрини ҷангии кӯдакони ҷангҷӯёни қазоқ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Тамрини ҷангии кӯдакони ҷангҷӯёни қазоқ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон дар як гузориш ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милал эътироф кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир 206 кӯдаки тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ қарор доранд. Мақомот гуфтаанд, аз ин ҳисоб 91 нафар духтар ва 115 тани дигар писаранд. Теъдоди шаҳрвандони аз чордаҳ то сисолаи Тоҷикистон дар Афғонистону Покистон 17 нафар шумурда шудааст. Ин гузориш аз тарафи гурӯҳи корӣ, бо шумули кормандони вазорату идораҳои давлати Тоҷикистон таҳия шуда, моҳи сентябр дар Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милал баррасӣ хоҳад гардид. Ҳарчанд дар гузашта аз ҳузури кӯдакони тоҷик ҳамроҳи волидонашон дар қаламравҳои зери назорати гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" гузориш мешуд, вале бори аввал аст, ки мақомот рақами мушаххасеро дар ин замина ироа мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳисоб то моҳи октябри соли 2016-ро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG