Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҷавоне, ки ба Мафтуна 45 бор корд задааст


Мафтуна Мурзаева дар бемористон. Аксҳои хабарнигорони Озодӣ
Мафтуна Мурзаева дар бемористон. Аксҳои хабарнигорони Озодӣ

Вазорати корҳои дохилӣ як сокини ҷавони шаҳри Турсунзодаро таҳти пайгард қарор додааст, ки барои захмӣ кардани Мафтуна Мурзаева, донишомӯзи ординатураи Донишгоҳи тиббӣ муттаҳам мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон С. ном ҷавони зодаи шаҳри Турсунзодаро, ки барои захмӣ кардани Мафтуна Мурзаева – донишомӯзи бахши ординатураи Донишгоҳи тиббӣ муттаҳам мешавад, таҳти пайгард қарор додааст. Як манбаъ аз вазорат 23 ноябр ба Озодӣ гуфт, ки ҳоло алайҳи С. бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 110 (Қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 116 (Латту кӯб ё содир намудани ҳаракати дигари зӯроварӣ) парванда боз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Мафтуна Мурзаеваро шоми 22 ноябр бо тақрибан 45 захми корд ба корпуси панҷуми беморхонаи Қарияи боло оварданд. Табибон ба наздиконаш гуфтаанд, ки вазъи саломатии Мафтуна чандон хуб нест.

Наздикони Мафтуна Мурзаева дар ҳамла ба ӯ як ҷавони шиносашон бо номи С.-ро айбдор мекунанд. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз нафари гумонбар боздошт нашудааст.

Санҷар Мурзаев, бародари Мафтуна, рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми дирӯз тахминан соатҳои баъди 6 С. ба хонаи онҳо омада, баъд аз як муноқиша ба сари хоҳараш корд бардоштааст.

Мафтунаро рафиқаш 45 корд задааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Санҷар мегӯяд, “дирӯз С. ба апаам тариқи Вайбер навишт, ки ман ба хонаи вай равам ва баъзе китобҳоро бояд ба ман диҳад. Ҳамроҳи апам ба берун баромадам, ки С. ба назди бинои хонаамон омад, гуфт ба апаат гап дорам. Мо шиноси наздик будем. Манро нагузошт, ки аз пасаш ба хона дароям. Вақте баргаштам, аз берун садои апаамро шунидам, ки ёрӣ мехост. Омадам ва хостам дарро кушоям, вале дар баста буд. Бо ёрии ҳамсоя дарро кушодем, ки С. аз дохили хона дастонаш хунолуд берун баромад. Гуфт, “апаат худашро чӣ коре кард” ва гурехт.”

​Мафтуна Мурзаева соли гузашта Донишгоҳи тиббиро хатм карда, дар бахши ординатура мехонад ва ҳамзамон коромӯзи таваллудхонаи 3-и шаҳри Душанбест. Мафтуна ва бародараш дар шаҳри Душанбе дар манзили иҷора менишинанд.

Мафтуна ва Санҷар Мурзаевҳо сокинони шаҳри Турсунзодаанд. Ҷавоне, ки ба ҳамла ба Мафтуна айбдор мешавад, 20 сол дошта, низ зодаи шаҳри Турсунзода будааст.

Ба гуфтаи Санҷар, С. донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи тиббӣ буда, соли гузашта хориҷ шуда буд ва баъдан дубора барқарор шудааст. Ӯ сабаби моҷарои С. бо Мафтунаро низ дар ҳамин мебинад: "С. баъди барқарор шудан ду моҳи ахир ба дарс нарафтааст. Мафтуна ба падару модари С. ин хабарро мерасонад, то ки имсол ҳам вайро аз донишгоҳ хориҷ накунанд. Аммо С. баъди аз волидонаш танбеҳ шунидан бо ҳамин роҳ аз Мафтуна қасос гирифтааст, ки чаро хабар кашидӣ?"

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, ки то анҷоми тафтишот дар ин бора иттилоъ дода наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, Сӯҳроб Муродов -- бародари С. ба Озодӣ гуфт, ки хонаводааш аз шунидани ин хабар дар ҳолати “шок” афтодаанд. “Оилаи мо, аз ҷумла бародарам бо Мафтуна Мурзаева ду сол боз дӯстӣ ва равуо доштем. Бародарам бачаи боодоб аст. То ин вақт ягон кори бадашро нашунида будем. Далели чунин рафторашро ҳам намедонем. Худи ҳодиса ҳанӯз барои мо норавшан аст,” -- афзуд ӯ.

Дар 9 моҳи аввали сол дар Тоҷикистон ҳудуди 16 700 ҷиноят, аз ҷумла 4126 ҷинояти сангин сабт шудааст. Омори расмӣ афзоиши ҷиноятҳое, ба мисли куштору қасди куштор ва қасдан расондани осеби ҷисмонӣ дар соли ҷориро нишон медиҳад. Инҳо ҷиноятҳоест, ки як бахши аъзамаш, чун ҳамла ба Мафтуна Мурзаева, бо кордкашиву кордзанӣ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG