Пайвандҳои дастрасӣ

Бо пешниҳоди 2000 квотаи таҳсил дар донишгоҳҳо, Русия дар садри кишварҳое қарор гирифт, ки ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба донишгоҳҳо мехонанд.

Умеди таҳсил дар хориҷи кишвар Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро серодам кардааст. Довталабон барои дарёфти квотаи таҳсил санад пур мекунанд, шарҳи ҳол менависанд ва орзӯ мекунанд, ки номашон аз рӯйхат берун намонад. Ҳафтод дарсади довталабон чашм ба сӯи донишгоҳҳои Русия дӯхтаанд ва барои ширкат дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия омодагӣ мебинанд.

Рухмина, ҷавондухтари 18-сола талош дорад, ки дар Маскав таҳсил кунад. "Русия барои ман мувофиқ аст. Бародарам дар он ҷо таҳсил мекунад. Холаам онҷо зиндагӣ мекунад. Ҳар мушкиле. ки барои ман пеш омад, онҳо ба ман дасти кӯмак дароз мекунанд"- мегӯяд Рухмина.

Довталабоне, ки имкони ба марказ омадан надоранд, роҳхати таҳсилро дар музофотҳо дастрас мекунанд. Нигина Муродова, довталабе аз шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз ҳазор нафар бо ҳавои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ ба комиссияи қабул муроҷиат кардаанд, аммо бархе ҳам то ҳол бартариҳои мушаххас надоранд.

"Аксари довталабон бе мақсад меомаданд. Нақшаву мароми ҷиддие надоштанд. Онҳоро волидонашон кашола карда меоварданд. Баъзеҳо ҳатто бо забони русӣ ҳарф зада наметавонистанд"- мегӯяд Нигина.

Дар миёни кишварҳои хориҷие, ки ба ҷавонони тоҷик роҳхати таҳсил медиҳанд, Русия дар ҷои аввал аст. Ин кишвар дар соли 2014 ба Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор квотаи таҳсил дар донишгоҳҳоро пешкаш кардааст, ки 74 дар сади квотаи умуми таҳсил дар хориҷаро ташкил медод. Дар маҷмӯъ дар ҷалби ҷавонони тоҷик ба таҳсил тариқи квота ва бо роҳҳои шартномавӣ ҳеҷ кишвар то кунун натавонистааст, ҷойгузини Русия бошад.

Руҷӯъи ҷавонони тоҷик танҳо ба сӯи Русия шояд аз ин хотир бошад, ки онҳо забони ин кишварро медонанд ва каму беш бо менталитети мардуми он ошно ҳастанд. Аммо ин далел, ки Маскав дар бисёр маврид аз таваҷуҳи шаҳрвандони Шӯравии собиқ ба Русия гузинаҳои сиёсӣ месозад, бархе аз коршиносонро ба беғараз будани квотаҳои бебаркаши Русия машкук кардааст. Коршиноси тоҷик Саймиддин Дӯстов мегӯяд, "он тарҳҳое, ки Русия дар ин бахш дар қаламрави ИДМ амалӣ месозад, дар доираи тарҳи бузургтари ҳукумати Владимир Путин бо номи "Русский мир" роҳандозӣ мешавад."

Аммо гурӯҳи дигари коршиносон мегӯянд, ки Маскав бештар аз пайи аҳдофи иқтисодӣ аст. "Дар Русия, ки мактабҳо бештар дар шакли шартномавӣ ва пулакӣ фаъолият мекунанд, мақсади дигар низ дорад, ки ба ин роҳ довталабонро дар кишварҳои пасошӯравӣ, ки забони русиро дар қиёс бо чиниву англисӣ хубтар медонанд, ҷалб намояд" - гуфт Мусо Асозода, коршиноси тоҷик дар умури сиёсӣ.

Вале аксари коршинсон дар як нукта ҳамфикранд, ки новобаста аз ин эҳтимолҳо, таҳсил фоидаҳои худро дорад ва муҳим нест, ки донишҷӯ дар кадом кишвар илм меомӯзад. Гузашта аз ин, ҳуқуқи интихоби донишҷӯ бояд эҳтиром шавад. "Набояд ин масъаларо масъалаи амнияти миллӣ номид. Зеро нафаре, ки дар Русия ё Туркияву Амрико ҷаҳонбинии илмӣ аз худ мекунад, ин ҳуқуқро дорад"- мегӯяд Саймиддин Дӯстов.

Аммо ҷавонон ба мисли Рухминаро ин тасвир, ки онҳо метавонанд дар синфхонаҳои замонавии Русия таҳсил кунанд ва бо дунёи дигар ошно шаванд, ҳаяҷонӣ мекунад. Онҳо мехоҳанд ҳарчӣ зудтар қабул шаванд ва ҷомадонҳои худро ба сафар омода кунанд. Ҳоло дар баробари Рухмина, беш аз 700 ҷавон талоши дарёфти роҳхат ба донишгоҳҳои Русияро доранд ва масъулин мегӯянд, чун ҳамасола ин шумори марзи 3 ҳазорро убур хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG