Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таблиғи некӣ тавассути як донишҷӯи тоҷик дар Индонезия


Ҳусейн Насимов мегӯяд, ҳарчанд бо навори таблиғи кумак ба дармондагон наметавонад муносибати одамону дунёро тағйир диҳад, аммо ҳадди ақалл метавонад дунёи як инсонро дигар кунад.

Ҳусейн Насимови бистсола, донишҷӯи тоҷики Telесom University-и Индонезия, бо сабти як навор одамонро ба некӣ ва махсусан дасти ёрӣ дароз кардан ба дармондагону афроди маъюб ва бесарпараст даъват кардааст. Ӯ се сол пеш барои таҳсил ба Индонезия рафтааст ва навори таблиғи кумаки ӯ бо забони индонезӣ сабт шуда ва тарҷумааш бо забони англисӣ рӯи навор навишта шудааст.

Тақдими гул ва ғизо ба оворагардону талбандаҳо дар хиёбонҳои Индонезия тарҳи махсуси "Making people Happy" аст, ки аз сӯи Ҳусейн Насимов ва ҳамсабақонаш роҳандозӣ шудааст. Ӯ рӯзи 17 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "вақте одамони талбандаву нодор ва дармондаро дар хиёбонҳо мебинам, хеле нороҳат мешавам. Вақте ба чунин афрод як ширинӣ ё гул медиҳӣ, аз чашмонашон ашк мерезад ва баъд мефаҳмӣ, ки ӯ худро лаҳзае ҳам бошад инсони хушбахт эҳсос мекунад."

Ҳусейн зодаи шаҳри Душанбе ва фориғуттаҳсили яке аз мактабҳои туркӣ дар Турсунзода аст. Ӯ дар хонаводаи афроди таҳсилдида ҳамроҳ бо як ҳохар ва бародар бузург шудааст. Ӯ мегӯяд, ки кумак кардан ва дасти бечораҳоро бо қадри тавон гирифтан як рисолати инсонии ӯст. Зеро, ба қавли худаш, волидон ӯро дар чунин муҳит бузург кардаанд.

Таблиғи некӣ тавассути як донишҷӯи тоҷик дар Индонезия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Ин донишҷӯи тоҷик мегӯяд, агар имкону тавоноии зиёдтар медошт, ҳатман барои таблиғи некӣ садҳо тарҳи дигарро низ пиёда мекард ва барои дар канор намондани чунин афроди нодору талбанда ҷойҳои корӣ фароҳам месохт. Вай ҳадаф аз ин иқдомашро танҳо кори савоб намедонад ва таъкид мекунад, ки таблиғи некӣ миёни мардум метавонад чашми пӯшидаи садҳо сарватманди бепарворо нисбат ба нафарони талбандаву бечора боз кунад.

“Гоҳе аз ғурури одамони пулдор, ки ҳатто на кумак, балки бечораеро аз роҳ намегузаронанд, хушам намеояд. Ҳамеша орзу мекунам, ки ин нобаробариҳо рӯзе аз миёни инсонҳо бардошта шавад ва касе худро дар ҷомеа бо баҳонаи доро будан аз дигарҳо канор нагирад," – афзуд ӯ.

Ҳусейн Насимов дар посух ба ин суол, ки чаро аз миёни садҳо донишҷӯи хориҷӣ маҳз ин иқдомро роҳандозӣ кардаст, гуфт: "Гоҳедили инсон орзуҳое мекунад ва барои амалӣ карданаш чунон мешитобад, ки барои худат ноаён мемонад. Чун агар воқеан мехоҳӣ хушҳолии як нафари афтода дар чорсӯи зиндагӣ ё табассуми занеро, ки солҳо боз касе ба ӯ гуле туҳфа накардаанд, бубинӣ, бояд якбор ба онҳо некӣ кунӣ. Баъд мефаҳмед, ки ин кор чӣ лаззату эҳсос дорад.”

Худи Ҳусейн ба ин бовар аст, ки агарчӣ бо ин амали худ наметавонад, муносибати одамон ва дунёро тағйир диҳад, аммо ҳадди ақалл метавонад дунёи як инсонро дигар кунад.

Баъди нашри навори таблиғи некии Ҳусейн ва дӯстонаш дар шаҳри Бандунги Индонезия иқдоми онҳо ҷонибдорони зиёд пайдо кардааст. Ҳамчунин таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ ҳам ба ин ҷавони тоҷик ва кишвари ӯ бештар шудааст. Ӯ мегӯяд, “дар маҷмӯъ ин ташаббус ба хотири боло бурдани имиҷи Тоҷикистон дар назди ҷаҳониён низ ҳаст. Чаро ки дар ин авохир Тоҷикистонро бештар бо муҳоҷирони корияш мешиносанд.”

Дар зимн ин навор таваҷҷуҳи корбарони зиёди интернет дар Тоҷикистонро ҳам ба худ кашидааст. Аксарият аз иқдоми Ҳусейн истиқбол карда, барои тақдими табассум ва лаҳзаи хушбахтӣ ба афроди нодор барояш изҳори сипос кардаанд. Ин наворро, ки ду ҳафта қабл ба шабакаи Ютуб роҳ ёфтааст, то кунун садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Одноклассники низ бознашр кардаанд.

Худи Ҳусейн мегӯяд, ин аввалин ва охирин тарҳи ӯ дар роҳи таблиғи некӣ ва муносибати инсондӯстона ба ҳама қишр набудааст. Ӯ ният дорад, ки баъди бозгашт ба Тоҷикистон ин иқдомашро дар кишвари ва миёни ҳамватанони худ низ идома бидиҳад.

XS
SM
MD
LG