Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оворагарде дар орзуи саҳнаи бузург (ВИДЕО)


Аббос роҳсозони чиниро ҳам намегузорад, зуд хаста шаванд.
Аббос роҳсозони чиниро ҳам намегузорад, зуд хаста шаванд.

Аббоси Ревадиро сабтҳои шогирдонаи корбарони Интернет маъруф кардааст. Ин овозхони оворагард, ки хондаву навишта наметавонад, орзуи таҳсил дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро дорад.

Аббоси Ревадӣ, ҳунарманди бедиплом ва беунвон, аммо маҳбубу писандида дар байни ронандагону мусофирон аст. Ӯро ҳаводоронаш ситораи интернетӣ ҳам ном мебаранд, чун сурудхонии ӯро мардум ба телефонҳояшон сабт кардаву ба олами маҷозӣ паҳн намудаанд. Аббос дар ноҳияи Айнӣ дар як деҳаи дурдасти шимоли Тоҷикистон дар хонаводаи серфарзанде ба воя расидааст. Вай аз байни 10 бародари соҳибтахассусаш натавонистааст, мактаби миёнаро хатм кунад ва соҳибмаълумот шавад. Вале ҳоло дастгири модари пираш аст.

“Ман аёлманд будам ва бачамро дар мактаб хононда натонистам. Дигар фарзандонам оиладор шудаву бо хонаву дари худашон банд шуданд ва танҳо ҳамин фарзандам дастгири ман буд.” –мегӯяд, Амина Сангинова, модари Аббос.

Аббос дар овони кудакӣ овозхониро шурӯъ кардааст. Навиштаву хонда наметавонад, сурудҳоро бо гӯш кардан аз диску наворҳо дар ёд мегирад. Аббоси Ревадӣ узви ягон гурӯҳи ҳунарӣ нест ва пайи дарёфти ризқу рӯзӣ бо рубоб ба роҳҳои мошингузар мебарояд ва ҳар нафаре, ки пешорӯяш омад, барои ӯ суруд мехонад.

Оворагарде дар орзуи саҳнаҳои бузург
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Яке аз истгоҳҳои шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ки садҳо нақлиёти мусофиркаш аз онҷо мегузаранд, ҷойи кори доимии ӯст. Новобаста аз вазъи ҳаво, Аббос рубоб дар даст интизори ронандагону мусофирон меистад. Роҳсозони чинӣ низ аз сурудҳои вай ҳаловат мебаранд ва зери садои ӯ роҳ таъмир мекунанд. Аббоси Ревадӣ дар ин роҳ ҳар рӯз то 50 сомонӣ кор мекунад ва аз он меболад, ки мухлисони зиёд ҳам дорад.

“Мардуми Айнӣ, мардуми Панҷакент, мардуми Душанбе ва Хуҷанд маро хуб мешиносанд. Ҳатто дар телефонҳояшон маро сабт мекунанд ва дар интернет низ мепартоянд. Иззат мекунанд. –мегӯяд Аббос.

Аббос, ки зану фарзанд ҳам дорад, мехоҳад, ба Донишгоҳи ҳунарҳои зебо шомил шавад ва овозхони касбӣ шавад. Ва бо ҳамин орзу дар роҳҳои мошингузари пурчангу ғубор ҳунарнамоӣ мекунад, то ин роҳҳо ӯро ба саҳнаҳои дигар бирасонанд.

XS
SM
MD
LG