Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, дар 5500 километр дурӣ аз Тоҷикистон маҳаллае ҳаст хеле сарсабз, ки онро метавон маҷозан “Осиёи Марказии хурд” ҳам номид.

Ин маҳалла 6 кӯчаи хурд-хурде дорад, ки 5 кӯчааш ба шарафи кишварҳои Осиёи Марказӣ – Kirgizská(Қирғизистон), Kazašská(Қазоқистон), Tádžická (Тоҷикистон), Turkmenská (Туркманистон), Uzbecká(Узбакистон) – номгузорӣ шуда, кӯчаи шашумаш ба шарафи Тошканд – пойтахти Узбакистон - Taškentská ном гирифтааст.

Ин 6 кӯча хеле хурданд ва ҳар кадом иборат аз танҳо як биност, ки ҳар кадомаш 8 даромадгоҳӣ доранд. Аммо ин маҳалла дар маҷмӯъ хеле пур аз долу дарахт ва сарсабз аст. Бахусус дар ин фасли сол, ки дар Аврупо ҳанӯз авҷи баҳор аст ва ин қора тоза пой ба тобистон мегузорад.

Аммо сарсабзтарин кӯча дар ин маҳаллаи сарсабз боз ҳам кӯчаи Тоҷикистон ба назар мерасад, ки танҳо бинои рангаш гулобии ин кӯчаро дар як баҳри сабз гӯё ғарқ кардааст. Ба ҳадде ки ба фарқ аз кӯчаҳои дигари ин маҳалла ҳатто лавҳе ки дар он исми кӯча, яъне Tádžická, навишта шудааст, дар пушти дарахтон “махфӣ” шудааст.

Ҳамин тавр, ба фарқ аз кӯчаҳои дигари маҳаллаи “Осиёи Марказии хурд”-и Прага, дар саҳни кӯчаи Tádžická муҷассамаи хурде ҳам ҳаст бо тасвири як кӯдаке ки дар даст модели ҳавопайморо дорад. Мисли як рамзи орзуи парвозҳои баланд ба Тоҷикистон ки ҳокимони вақти Прага як замон ҳамчун нишонаи аҳду бародарӣ ба ин кӯча исми он кишварро додаанд.




Маҳалллаи “Осиёи Марказии хурд”-и Прага дар ҳамагӣ 4 километр дурӣ аз хиёбони марказии Прага воқеъ аст. Ин маҳалла аз як тараф бо “Koh - I – Noor” (“Кӯҳи нур”), бузургтарин корхонаи тавлиди қаламу ашёи мактабии Ҷумҳурии Чех ва аз тарафи дигар бо маркази тиҷоратии Eden ва фурӯшоҳи бузурги Tesco ва варзишгоҳи тими футболи “Славия” ҳамсоя аст. Исми ин корхонаи қалами Чехия аз номи алмос ва бриллианти маъруфи таърихие бармеояд, ки бо 105 қироташ яке аз бузургтарин бриллиантҳои дунё ба шумор меравад. “Кӯҳи нур” дар қуруни вусто ба султонҳои Ҳинд тааллуқ дошт ва ҳоло тоҷи маликаи Бритониёро зиннат медиҳад.

Либа, як сокини кӯҳансоли кӯчаи Tádžická гуфт, биноҳои ин маҳалларо соли 1972, вақте Прага ҳанӯз пойтахти Ҷумҳурии сотсиалистии ЧехоСловакия ва Тоҷикистон ҳам яке аз 15 кишвари дӯсту бародар дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, барои низомиҳое сохтаанд, ки дар нирӯҳои мусаллаҳи Чехословакия кор мекарданд.

Ба шавҳари фақиди ӯ, ки афсари артиш будааст, ду манзил яке дар ҳамин кӯчаи Tádžická ва яке дар кӯчаи Uzbecká пешниҳод кардаанд, вале шавҳари ӯ кӯчаи Тоҷикистонро интихоб мекунад ва Либа мегӯяд, ҳарчанд огоҳии зиёде аз ин кишвар надоштанд, инак 41 сол боз дар ҳамин “Тоҷикистони хурд” ба сар мебарад. ”Тоҷикистон”-е дар фосилаи 5500 километр дурӣ аз Тоҷикистони асл ва воқеъ дар Прага, ки мардуми чех қалби Аврупо ҳам номаш мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG