Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи занон: Мардҳо ҳам аз танфурӯшон парҳез кунанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи занон аз мардони тоҷик даъват кардааст, аз хидмати танфурӯшон истифода набаранд. Вазорати умури дохила мегӯяд, роҳҳои муҷозоти мардон барои истифода аз хидмати занони фоҳишаро ҷустуҷӯ дорад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон аз мардоне, ки аз хидмати фоҳишаҳо истифода мекунанд, даъват кардааст, то аз ин кор худдорӣ кунанд. Гуфта мешавад, вазорати корҳои дохилӣ низ дар пайи таҳияи заминаоҳи ҳуқуқии таъйин кардани ҷазо барои мардоне будааст, ки аз хидмати занони танфурӯш истифода мекунанд.

Маҳбуба Азимова, як масъули кумитаи кор бо занони Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “мутаасссифона, солҳои ахир теъдоди фоҳишаҳо миёни занону духтарон ва ҳатто ноболиғон афзудааст ва ин амр мояи нигаронии тамоми ҷомеа, ба хусус кумитаи кор бо занон шудааст.”

Кумитаи занон чанд моҳ боз бо эъзоим ҳайъатҳояш ба навоҳӣ машғули таблиғу даъватҳо алайҳи ҷиноятҳои ахлоқӣ ва пой ба роҳи пурхатари танфурӯшӣ гузоштани занони тоҷик мебошад. Ин даъватҳо дар пайи маъракаи густардаи зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ, ки мақомоти тоҷик моҳи июн оғоз карданд, бештар шудааст.

Ба гуфтаи хонум Азимова, “даъват аз мардон барои худдорӣ аз истифодаи хидмати танфурӯшон зимни мулоқоту сӯҳбатҳои раҳбарият ва масъулони кумитаи кор бо занон бо қишрҳои ҷомеа дар манотиқи мухталифи кишвар сурат гирифта ва таҳлилҳо низ нишон медиҳанд, ки дар фоҳишагии иддае аз занону духтарон бархе аз мардон даст доранд ва онҳо бояд мардонавор аз ин амали номатлуб ва нангин даст бикашанд.”

Маҳбуба Азимова афзуд, ки “дуруст аст, ки иддае аз занон ба сабаби мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва танқисӣ дар зиндагӣ роҳгум мезананад ва ба танфурӯшӣ мераванд, аммо мардоне низ ҳастанд, ки зиндагиашонро аз ин тариқ месозанд, ки албатта, барои ҷавонмарди тоҷик ин арзанда нест.” Ҳатто ба таъкиди ин масъули кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон “мушоҳидаҳо ҳокист, ки иддае аз мардҳо фоҳишахонаҳо мекушоянд ва аз хизмати занону духтарони танфурӯш истифода мекунанд.”

Бо ин ҳол, тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, теъдоди фоҳишаҳо ба ҳудуди 2, 5 ҳазор расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба солҳои пеш ду баробар бештар аст. Бар пояи ин гузориш аз ин шумора 30 нафарро ноболиғон, 1300 нафарро - занони синнашон аз 18 то 30-сола ва беш аз 1170 тани дигарро занони аз 30-сола боло ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, вазорати дохила дар талоши таҳияи заминаҳои ҳуқуқии таъйин кардани ҷазо барои мардонест, ки аз хидмати фоҳишаҳо истифода мекунанд. Ин мавзӯъ дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи манобеи Озодӣ, дар дасти омӯзиши ин вазорат қарор дорад.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар моҳи июни соли равон дар пайи як даъвати вазираш Рамазон Раҳимзода ҷиҳати пурзӯр кардани мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ маъракаи густардаеро алайҳи танфурӯшон оғоз кард ва алакай баъди як ҳафтааш хабар дод, ки танҳо дар Душанбе 506 нафарро бо гумони танфурӯшӣ, даллагӣ ва ташкили фоҳишахона дастгир кардаанд. Танфурӯшӣ дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад ва занони танфурӯш маъмулан танҳо бо пардохти ҷарима раҳо мешаванд. Вале барои даллагӣ ва ташкили фоҳишахона қонунҳои Тоҷикистон ҷазоҳои шадидтар, ҳатто то ҳукми зиндонро пешбинӣ кардаанд.

То ҳол тақрибан ҳар рӯз дар сомонаи расмии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи боздошти ин ё он нафар бо гумони танфурӯшӣ, даллагӣ ё ташкили фоҳишахона гузоришҳо нашр мешаванд. Вале ба сурати умум, тавре ба назар мерасад, шиддати маъракаи мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ баъди ҳафтаҳои аввалаш, ки занони танфурӯшро маҷбур карда буд, то аз баромадан ба кӯча истиҳола кунанд, батадриҷ фурӯ нишастааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG