Пайвандҳои дастрасӣ

Бебарқии 3700 нафар дар Латвия ва миллионҳо - дар Тоҷикистон


Хабари "Ҷаҳоннамо" дар бораи бебарқ мондани 3700 нафар дар Латвия

Хабари "Ҷаҳоннамо" дар бораи бебарқ мондани 3700 нафар дар Латвия

Як сатр хабари телевизиони "Ҷаҳоннамо" дар бораи бебарқ мондани 3700 нафар дар Латвия ва "надидан"-и бебарқии миллионҳо дар худи Тоҷикистон баҳси гармеро миёни корбарони тоҷик дар Фейсбук ба бор овардааст.

Як пости кӯтоҳи Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯи ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо як акс дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук баҳси гармеро байни корбарони тоҷики ин шабака ба вуҷуд овардааст. Маҳмудҷони Файзраҳмон аз титрҳои шабакаи давлатии телевизионии “Ҷаҳоннамо” сатри равонеро канда, акс гирифтааст, ки мегӯяд, “Дар Латвия 3,7 хазор нафар бе нерӯи барқ монд." Муаллифи пост бидуни пардохти зиёду ягон ишора аз бақия пурсидааст, ки “Шарҳи Шумо, дӯстон, чист?”

Аммо ҳамаи ширкаткунандагони баҳс ба ин нукта таъкид мекунанд, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон дар ҳоле аз “бе нерӯи барқ мондан”-и 3700 нафар дар кишвари аврупоии Латвия хабар медиҳад, ки дар ҳамин рӯзҳо бебарқ будани миллионҳо нафар дар худи Тоҷикистонро ё чашмаш намебинад ваё “фаромӯш” кардааст.

Рустам Тоҳирӣ, ки баҳси ин мавзхӯъро оғоз кардааст, як каме бо танз менависад, “Ҷаҳоннамо” дуруст мегӯяд. Онҳо набояд мардумро бе барқ монанд, зеро обҳои онҳо дар тирамоҳ, баҳор ва зимистон кам намешавад.” Абдулваҳҳоб Ҷӯраев навиштааст, “Латвиягиҳо ҳам як қадри барқба расанд.”

Аммо Абдураҳмон Абдураҳим аз ин изҳори норозигӣ кардааст ки: “Дар Тоҷикистон 7 милион нафар бе барқ аст. Дар бораи инаш намегӯянд??” Абдусалом Азаматов посух дода ки «ин хабари «Ҷаҳоннамо» масали мардумии буз гӯсфандро хандидааст"-ро мемонад.Маҳмудҷони Файзраҳмон иловатан мақоли дигари мардумӣ - "Беизор почакандаро хандидааст"-ро дар ин майдони баҳс коштааст. Мирзо Карим ҳадс зада ки “аз афташ айнан чунин хабарро дар TVLatvia дар бораи Тоҷикистон шунидаанд.”

Муҳаммадҷони Абдуллоҳ менависад, ки раҳбарони телевизион бояд шарм кунанд: “Пеш аз пахши ин барнома, каме фикр мекард, ки ҳукумати Тоҷикистон муддати чанд сол шуд бе барқ аст? Чаро боре дар ойнаи нилгун нагуфт?”

Хофиз Юлдошев Дар дунё дигар хабаре мухимтар нест, чун бебаркии 3 хазор латвияги. Дунё ором аст, ором хоб кунед

Ҷонибеки Қурбонзода ҳасрат кардааст, ки «Дунё ба Моҳ расиду тоҷик ба барқ не...” Акрамхон Зиёдуллоев аммо бо танз навиштааст, “хеле хабари нороҳаткунанда аст! Ман хеле муттаассир шудам... Фикрашро бикунед, 3,7 ҳазор нафар бидуни барқ мондаанд.”

Исфандиёр Халилов низ нисбат ба мардуми бебарқмонда дар Латвия дилсӯзӣ кардааст, ки ба фарқ аз тоҷикҳо шояд тарзи зиндагӣ дар торикистонро надонанд: “Дар Тоҷикистон 6 моҳ ва ҳар рoз сокинон аз барқ маҳруманд, аммо ҳеҷ гап не. Охир ин як амри маъмулӣ шудааст барои мо ва одат кардаем, аммо дар Латвия ин як даҳшат аст, чун мардум бо мушкили мо дасту панҷа нарм накадаанд. Мисли мо ба мушкил мутобиқ бояд шуд.”

Ин баҳсҳо дар атрофи хабари телевизиони давлатии Тоҷикистон дар бораи бебарқ мондани 3700 сокини Латвия дар ҳолест, ки дар худи Тоҷикистон як моҳи боз лимити барқ ҷорӣ шудааст ва аксари манотиқи ин кишвар, бахусус дар рустоҳо дар шабонарӯз аз 5 то 7 соат барқ мегиранд. Лимити барқ дар Тоҷикистон ҳар фасли сармо аз аввали октябр тақрибан то поёни моҳи апрелу аввали моҳи май давом мекунад.

Бунёди нирӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 шиддати лимитиро як каме пойин овард, вале камбуди барқ дар фасли зимистонро пурра аз байн набурд. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, танҳо баъди сохта шудани нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар ин кишвар ба афсона табдил хоҳад ёфт. Аммо Душанбе бо вуҷуди инак 22 соли талошҳо то ҳол натавонистааст барои идомаи сохтмони Роғун сармоя пайдо кунад.

Тайи 4 соли охир Бонки ҷаҳонӣ машғули таҳияи арзёбии асноди фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои иҷтимоиву экологии тарҳи нирӯгоҳи Роғун буд. Ин ниҳод дар моҳи сентябр хулосаҳояшро нашр кард ва гуфт, тарҳи нирӯгоҳи Роғун дар сурати дуруст сохта шуданаш хатари ҷиддие надорад.

Аммо акнун Душанбе ба ҳамон мушкили 4 сол пешаш дар масъалаи Роғун, яъне пайдо кардани сармоягузор бармегардад. Ва он ҳам дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистон ба боз як зимистони дигари бебарқу бегаз омода мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG