Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пушти шишаи сиёҳи мошинҳо чӣ гапҳову корҳост?


Кӯчаҳои Тоҷикистон солҳои ахир намоишгоҳи мошинҳои хориҷиро мемонад.

Мошинҳои сохти Русия, ки як вақтҳо барои ҳар ронанда ҳадди ниҳоии орзу буд, акнун мисли моли антиқӣ кампайдо шудаанд. Ҷои онҳоро мошинҳои олмонӣ, амрикоӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ ва итолиёвӣ гирифтаанд. Хулоса, анвое, ки чашмро мебарад.

Мардум ҳам ба дидани мошинҳои шик одат кардаанд ва ба онҳо чандон аҳамият намедиҳанд, магар ба мошинҳое, ки шишаҳои сиёҳ доранд. Ин шишаҳо мардумро ба ёди солҳои ҷанг ва ҷангсолорони бебандубор мебаранд, ки дар шаҳрҳо посгоҳҳои ғайриқонунӣ мегузоштанд ва дар қатлу кушторҳо даст доштанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:12 0:00
Линки мустақим


Бино бар қонунҳои Тоҷиқистон, мақомоти аввали кишвар, кормандони пулису амният ва раҳбарони идораҳои муҳим метавонанд, аз шишаҳои тира истифода кунанд. Аммо, ду сол пеш ба хоҳишмандони дигар, ки мехоҳанд паси панҷараи тираи мошинҳо нонамоён бимонанд, иҷозат шуд, ки бо пардохти 500 доллар дар сол ингуна имкониятро дарёфт намоянд. Акнун ҳар нафар, ки пул дорад, метавонад шишаи мошини худро сиёҳ кунад.

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, ҳоло беш аз 15 ҳазор ронанда шишаҳои мошини худро тира кардаанд ва фурӯши муҷаввиз барои оинаҳои тира ба буҷаи кишвар миллионҳо сомонӣ ворид кардааст.

Ҳанифа, корманди яке аз муассисаҳои давлатӣ, мегӯяд, ҳарчанд медонад, ки чунин мошинҳо дигар хатарнок нестанд, боз ҳам бо дидани онҳо воҳимааш мегирад: "Солҳои навадум дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекардам. Медонед, чӣ қадар даҳшат буд. Моро аз мошинҳои сиёҳшиша метарсондад, ки дар бандашон наафтем, духтаронро аз кӯчаҳо ва хонаҳояшон рабуда, дигар наоварданд, беному нишон шуданд. Мардҳоро савор карда, бурда паронданд."

Аслан чизе, ки бештари ҷавонҳои пулдорро ба истифодаи шишаҳои тира ангезиш медиҳад, ҳавобаландӣ ва фарқ кардан аз дигарон аст. Гурӯҳи дигар мардуми пулдору издивоҷкарда ҳастанд, ки мехоҳанд равобити маҳрамонаи онҳо бо зани дигар дар паси шишаи торик бимонад.

Наргис, як духтари ҷавон робитаи худро бо як марди сарватманд пинҳон намедорад ва мегӯяд, шишаҳои тира ин равобитро ба хубӣ ҳифз мекунанд ва то ҳол ҳатто дугонаҳои наздикаш намедонанд, ки ошиқи сарватманди ӯ чӣ шакл дорад: "Хайр, мешинӣ дар бараш, аҷоиб роҳат аст, дигар хавотир намешавӣ, ки дар роҳ ин ё оне маро мебинад."

Баъзе мансабдорони давлатӣ дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки шишаҳои тираи мошини онҳо ба хатарҳои амниятӣ марбут нест, чун кишвар орому осуда аст. Вале чизе, ки онҳоро ба пинҳон шудан маҷбур мекунад, фирор аз корафтодаҳо ва афроди нозурур аст, ки бо манъ кардани мошин ва суҳбатҳои беҳуда вақти онҳоро зоеъ мекунанд.

Ҷамолиддин, фарзанди яке аз мансабдорони давлатист, ки бо дарёфти муҷаввиз шишаҳои мошини худро тира кардааст. Ӯ ҳадафи худро ин гуна шарҳ медиҳад: "Росташро гӯям, ин ба хотири он аст, ки нагӯянд писари фалони мошини қимат дорад. Ҳарчанд дӯстон ва шиносҳо медонанд, аммо чандон таассуб надоранд. Вале мардуми оддӣ мебинанд, медонед, чӣ мегӯянд. Шишаҳои мошинат сиёҳ бошанд, БДА низ ғам намедиҳад. Ман ҳамин хел мефаҳмам. Дигаронро намедонам. Дар тобистон аз гармӣ ва теғи офтоб нигоҳ медорад, хуб аст."

Шишаи тираи мошинҳо ба ҷуз пинҳон кардани ҳувияти соҳибаш аз назари ғайр, ҳамчунин ба қишри пулдор мансуб будани ӯро таъкид мекунад. Ин гуна мошинҳоро аз ҳама бештар ходимони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) хуш надоранд. Чун аз ҳама бештар қонуни роҳро маҳз ҳаминҳо вайрон ва ба ходимони пулиси роҳ нописандӣ мекунанд. Назирмад Акрамов, корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ мегӯяд: "Ба қарибӣ як рейд гузарондем, чанд худрави сиёҳшишае ёфт шуд, ки мӯҳлаташон гузаштаанд, аммо аз сари нав аз қайд нагузаштаанд. Аксари онҳо ҷавононанд, қоидаи ронандагиро намедонанд."

Зайнаб, ҳамсӯҳбати дигари мо, аз канораҳои пойтахт, аз зумраи нафаронест, ки аз дидани мошини сиёҳшиша ба баданаш рашъа медамад. Ӯ мегӯяд: "Як саҳар дарс мерафтам дар истгоҳ дар интизори троллейбус будам. Дар роҳ худрави сиёҳшиша пайдо шуд ва истоду аз дохилаш, силоҳбадастон намудор шуда гуфтанд, ки "ай духта наметарсӣ ҷанг сар шудааст, куҷо мерай. Рав, тез дар хонаатон даро." Ба ҳаво тир паррондан гирифтанд. Гӯшяҳомро зер кардаму гуфтам, тамом, ҳозир бор карда мебаранд. Хушбахтона, рафтанд ва ман қафо гашта, давида ба хона даромадам ва то чанд рӯз ба худ наомадам."

Зайнаб ҳоло аз дидани мошинҳои сиёҳшиша наметарсад, зеро медонад, ки пушти оинаҳои сиёҳ шояд нафарест, ки барои худ ба истилоҳ “имиҷ” сохтанист.

XS
SM
MD
LG