Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири низомии Русия дар Ҳалаб кушта шуд


Хонаҳои харобшуда дар Ҳалаб, 29 ноябри соли 2016
Хонаҳои харобшуда дар Ҳалаб, 29 ноябри соли 2016

Як мушовири низомии Русия дар қисмати ғарбии шаҳри Ҳалаб ба ҳалокат расид. Биноба маълумоти Вазорати дифои Русия сарҳанг Руслан Галитский ҳангоми оташкушоии шӯришгарон ба маҳалли мардумнишин захмҳои марговар бардошт ва ҳалок шуд.

Ҳафтаи равон дар натиҷаи тирпарронӣ ба бемористони сайёр дар Ҳалаб ду хоҳари шафқат аз Русия кушта шуданд. Маскав дар ин ҳодиса шӯришгарон ва ҳамчунин Ийолоти Муттаҳида, Британия ва Фаронсаро муттаҳам кард, ки ба гуфтаи он аз шӯришгарон пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG