Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ бо 282 сомонӣ: Чою нон... Боз чӣ?


Мардуми оддӣ натиҷаи як пажӯҳиши Оҷонсии омори Тоҷикистонро, ки харҷи якмоҳаи як нафарро дар ин кишвар 282 сомонӣ баровард кардааст, зери суол мебаранд.

Субҳонае аз чою нону шакар ё шир ва наҳориву шом шӯрбо ё мастобаи аксаран бегӯшт - ин аст хӯроки маъмулии оилае бо ҳафт кӯдаки хурдсол дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон.

Падари ин хонавода соле як ё ду бор барои 3 моҳ ба Русия мардикорӣ меравад ва бо ягон 2000 доллар, муодили чизе бештар аз 10 ҳазор сомонӣ бармегардад. Модари ин 7 кӯдак дар Душанбе пизишки хонаводагист ва 400 сомонӣ маош мегирад.

Мастура мегӯяд, бо вуҷуди он ки баъзе аз сабзавотро дар полези худ мепарварад ва фарзандонаш имкони истеъмоли хӯроки хубу серғизоро надоранд, боз ҳам харҷаш моҳе беш аз 2 ҳазор сомонист: “Хӯроки серғизо намехӯрем, тавони ҳар рӯз гӯшт харидан надорем, картошкаву пиёз аз худамон аст, замин дорем, аммо барои равғану шакару орд ҳам моҳе аз 2 ҳазор сомонӣ зиёдтар сарф мешавад. Мушкил аст, албатта, барои оилаи серфарзанд хароҷот зиёд аст. Пули мактаб, обу барқ... Танҳо худи ман ҳар рӯз барои то кор рафтану омадан аз 12 то 15 сомонӣ сарф мекунам.”

Дар ҳоле ки танҳо роҳкирои Мастура дар як моҳ 366 сомонист, Оҷонсии омори Тоҷикистон харҷи якмоҳаи як нафар барои ғизо, либос ва роҳкироро дар ин кишвар 282 сомонӣ ҳисоб кардааст. Ин ниҳоди давлатӣ мегӯяд, 91 дарсади даромади мардум дар Тоҷикистон барои хароҷоти истеъмолӣ, аз ҷумла 55 дарсадаш барои хариди маводи озуқа ва 11 дарсад барои пардохти хизматрасониҳои мухталиф масраф мешудааст.

Абдувалӣ Қулов, як масъули Оҷонсии омори Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин омор дар заминаи пажӯҳиши буҷаи хонаводаҳо ва назарпурсӣ дар 3 ҳазор оила ба даст омадааст: “Миёни 3 қишри аҳолӣ - камбизоат, миёнаҳол ва сатҳи зиндагиашон баландтар - пурсиш гузаронида ишудааст. Аз хонаводаҳо, масалан, пурсида шудааст, ки давоми як моҳ чӣ хӯрданду чӣ хариданд ва барои дигар хизматрасониҳо чӣ қадар сарф кардаанд? Ин 282 сомонӣ ба ҳисоби миёна барои як узви хонавода аст. Агар хонавода 5 нафар бошад, аз рӯи хароҷот маълум мешавад, ки даромади ин хонавода 1400 сомонӣ мешавад. Ҳам маош ҳам аз ҳисоби сарчашмаҳои дигари даромад.”

Аммо натиҷаи ин пажӯҳиши Оҷонсии оморро, ки дар соли 2013 анҷом шудааст, бархе аз иқтисодшиносони тоҷик низ ғайривоқеӣ мехонанд. Ҳанӯз 10 сол пеш як созмони амрикоӣ бо анҷоми як назарпурсӣ дар Тоҷикистон ба ин хулоса расида буд, ки бо дарназардошти нарху навои бозорҳои Тоҷикистон хароҷоти як нафар ба беш аз 200 доллар баробар аст.

Бино бар пажӯҳиши дигаре, ки як гурӯҳ иқтисодшиносони тоҷик дар моҳи августи соли равон анҷом доданд, барои масрафоти ҳадди аққал ё ба истилоҳ зинда мондан ба як нафари аз 18 то 63-сола дар Тоҷикистон моҳе 1400 сомонӣ лозим аст. Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшиноси тоҷик, ки дар ин пажӯҳиш ширкат доштааст, мегӯяд: “Маълум аст, ки хароҷоти шаҳр аз деҳот фарқ мекунад. Мо ҳисоб кардем, дар шаҳр ба ҳисоби миёна барои як одам дар моҳ ҳадди аққал аз 1300 то 1500 сомонӣ зарур аст. Дар деҳот нисфи ҳамин маблағ, яъне 700- 800 сомонӣ лозим аст. 70 дар сади ин маблағ барои хурду хӯрок сарф мешавад. Мо нархи мол, меъёрҳои муаяншударо ба назар гирифтем ва пурсишҳо доштем миёни мардум. Аммо дар ратсиони хӯроки мардуми деҳот ва баъзе аз мардуми шаҳр талаботи меъёрӣ даҳҳо карат таъмин карда намешавад.

Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, зимни истеъмоли хӯрок талаботи меъёри муайяншуда асаран истифода намешавад ва мардуми рустонишину бархе аз сокинони пойтахт ҳам 4 маротиба аз меъёр зиёд орду равғану қанд истеъмол мекунанд ва имкони истифодаи 80 дар сад номгӯи маҳсулоти дигареро, ки барои ҷисми як инсон зарур аст, надоранд. Дар зимн ба таъкиди муттахассисон, истеъмоли 10 номгӯи маҳсулоти асосӣ аз ҷумла истеъмоли ҳатмии 6,3 кило маҳсулоти гуштӣ, 4 литр шир ва на камтар аз 6 кило тухму сабзавоту меваҷот барои ҳар нафар дар як моҳ зарур аст.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисодшиноси дигари тоҷик мегӯяд, тафовут байни даромади сокинони кишвар ва қимати бозор хеле зиёд аст ва ин нобаробарӣ, ба қавли ӯ, бояд танзим шавад, вагарна метавонад бӯҳрони иҷтимоиро дар пай дошта бошад: “Вақте байни истеъмолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ фарқи калон ба вуҷуд меояд, сабаби норозигии ҳарчи бештари мардум мегардад. Аз ин рӯ онҳое ки ба ҷамъоварии маълумот ва таҳлили иқтисодӣ машғуланд, бояд бо ҷалби мутахассисони касбӣ ба ин вазъ воқеъбинона баҳо диҳанд.”

Вале, бо вуҷуди имконоти начандон хуби молӣ, Хайринисо, як ҳамсӯҳбати мо, ки бо фурӯши дӯлона, ба ҳамсараш барои пешбурди зиндагии хонаводаи бузург кӯмак мекунад, бо табассум мегӯяд, бо ҳамон чизе ки рӯи дастурхон доранд, қаноат мекунанд ва ҳамеша фарзандони худро ҳам таъкид мекунанд, ки босабр бошанд ва ягон рӯз ҳатман зиндагии онҳо ҳам хубу дастурхонашон ҳам бой хоҳад шуд: “Ман ҳамсари дуюмам. Мо ду оила ҳар рӯз қариб 300 - 400 сомонӣ сарф мекунем. Кӯдакҳо бисёр, бештар равғану қанду орд мехарем. Гӯштро оилаҳои бобизоат мехаранд бештар. Кӯдакҳо, албатта, мехоҳанд зиндагии хубу хӯроки бомазза хӯранд, аммо мегӯем, ки қаноат кунанд. Рӯзе мешавад, ки падарашон кори хуб пайдо мекунаду ба по мехезад. Ҳоло шавҳарам дар сохтмонҳо кор мекунаду ба Русия меравад баъзан.”

Ин арқому адад – чӣ 282 сомоние ки мақомот ҳисоб кардаанду чӣ 1400 сомоние шумурдаи иқтисоддонҳо, боз ҳам як сатҳи “зистану намурдан”-ро мунъакис мекунанд, то меъёрҳои як зиндагии хубу комил ва ба гуфтаи мардум, чор ишкелаш бутунро. Ба ҳисоби иқтисодшиносон, барои як зиндагии хуб ва бароҳати як нафари баркамол дар Тоҷикистон моҳе аз 8 то 10 ҳазор сомонӣ лозим аст, ки ҳамаи хостҳову орзуҳояшро битавонад бароварда гардонад. Маблағе, ки шояд аксари мардуми тоҷик танҳо орзуяшро мекунанд ва танҳо барои гурӯҳе “баргузида” дастрас аст.

XS
SM
MD
LG