Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Нисо Муборакшоева: Ман зебоии духтарони тоҷикро тарғиб мекунам


Нисо Муборакшоева, як тоҷикдухтари муқими Маскав, миёни сад довталаби пирӯзӣ дар озмуни Russian Beauty 2013 феълан дар мақоми дувум қарор дорад.

Дар давраи аввали озмун, ки дар он тақрибан ҳазор нафар духтарон аз гӯшаву канори Русия ширкат карда буданд, ӯ аз ҳама бештар – тақрибан 3 ҳазор раъй - гирифта буд. Дар сӯҳбат бо Озодӣ Нисо Муборакшоева гуфт, ки ӯ дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст, аммо ҷанги шаҳрвандӣ хонаводаашонро маҷбур сохт, ки аввал ба Чкаловск ва баъдан ба Маскав кӯч бандад.




"Ман дар шаҳри Чкаловск бори аввал ба мактаб рафтам, аммо мактаби миёнаро дар Маскав хатм кардам,” - мегӯяд Нисо. Ӯ ҳоло дар Донишгоҳи иқтисодии ба номи Плеханов таҳсил мекунад, вале мегӯяд, ки таҳсил ва ширкат дар намоишҳои мӯд барояш сангин аст ва шояд таҳсилро аз ин ба баъд дар бахши шабона идома диҳад. Баъд аз хатми мактаб Нисо чанд муддат дар гурӯҳи маъруфи “Тодес”- и Алла Духова ҳам рақс кардааст.

Нисо мегӯяд, ки ӯ аз ин пеш ҳам дар озмунҳои зебоӣ ширкат доштааст: “Ман дар озмуни “Зебосанами Университет” ва “Зебосанами Асимол” ширкат доштам. Дар озмуни давидан бо пошнаи баланд аз ҳама беҳтар ҳунарнамоӣ кардам. Ман ҳамчунин дар филмҳои тарғиботӣ иштирок мекунам.”

Аз Нисо суол кардем, ки чӣ гуна ба озмуни Russian Beauty роҳ ёфт? Ӯ посух дод, ки барои ин фақат хоҳиши ширкат дар озмун кофӣ буд: “Кастинг ё интихоби номзадҳоро баргузор карданд ва онҳо мутаҳайир шуданд, ки духтаре аз Тоҷикистон бо чунин симои ғайримуқаррарӣ дар озмун ширкат мекунад. Ман ба озмун маҳз ба он хотир рафтам, ки чӣ гуна зебо будани духтарони тоҷикро намоиш диҳам, зеро бисёриҳо тоҷикдухтарҳоро “музофотӣ” мехонанд, вале ман мехоҳам собит кунам, ки онҳо духтарони замонавиянд ва метавонанд худро муаррифӣ кунанд. Онҳо маро билофосила дар кастинг интихоб карданд ва аз байни сад нафар аввалин шуда аз имтиҳонашон гузаштам. То ҳол ҳамагӣ 11 духтарро интихоб кардаанд. Чун тобистон аст ва мардум аз пайи дамгириянд, баргузории даври дуюми кастингро ба тирамоҳ вогузоштанд. Даври ниҳоии озмун дар чанд марҳала мегузарад ва ҳар марҳала аз аксгирӣ, навор ва реклама иборат хоҳад буд. Барои ширкат дар ҳар давра иштирочиён хол мегиранд ва касе пирӯз хоҳад, ки дар ҳама марҳалаҳо аз ҳама беҳтар буд. Муҳимтар аз ҳама, пуштибонии мухлисон ҳам зарур аст.”

Мухлисон метавонанд ба ширкаткунандагони Russian Beauty дар торнамои расмии озмун раъй диҳанд. То ҳол дар озмун духтаре бо номи Екатерина ва Нисо пешсафанд. Дар шарҳҳо дар ин сомона назарҳои гуногун нашр мешаванд ва Нисо мегӯяд, ҳатто нафаре навишта буд, ки бо ширкаташ дар ин озмун Тоҷикистону тоҷикдухтарҳоро шарманда мекунад. Ба гуфтаи зебосанами тоҷик, ӯ ин гуна назарҳоро нодида мегирад, зеро кори баде анҷом надодааст ва мехоҳад зебоии тоҷикҳоро тарғиб кунад.

Нисо мехоҳад Тоҷикистонро дар озмунҳои байнулмилалии зебоӣ, аз ҷумла, дар озмуни “Зебосанами Осиё” низ муаррифӣ кунад. “Бори ахир ман ду сол пеш дар Тоҷикистон будам, ватанамро беандоза дӯст медорам, дар он ҷо хешовандони зиёд дорем, аз ин рӯ агар дар Тоҷикистон озмуни зебосанам ташкил шавад, ширкат хоҳам кард," - мегӯяд Нисо.

Ӯ меафзояд, ки баъд аз хатми донишгоҳ мехоҳад ба ҳайси тарҷумони забонҳои англисиву испанӣ кор кунад. Вале аз ширкат озмунҳои зебоӣ ҳам даст бардоштанӣ нест.

XS
SM
MD
LG